ИФТИТОҲИ КУРСИ ОМӮЗИШӢ АЗ РӮЙИ БАРНОМАИ “СИЁСАТИ ГЕНДЕРӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН”

1

Дар Маркази омӯзишӣ ва дастгирии занони роҳбарикунанда ва болаёқати Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 декабри соли 2022 дар партави дастуру ҳидоятҳои Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ аз 23 декабри соли равон бо мақсади омода намудани теъдоди бештари кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби бонувон курси омӯзишии серӯзаро аз рӯйи барномаи “Сиёсати гендерӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” барои занону духтарони болаёқати Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллии Тоҷикистон”  оғоз намуд.

 

Курси мазкур дар ҳамкорӣ бо Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон дар доираи татбиқи Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030 ва Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2017-2022  ташкил карда шуда, рӯзҳои 26-28 декабри соли 2022 идома менамояд.

Дар маросими ифтитоҳи курси мазкур ректори Академия, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Ғафурзода Абдухалил Давлаталӣ, раиси Шӯрои собиқадорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, собиқадори соҳаи хизмати давлатӣ Қурбонова Руқия Атоевна, муовини якуми директори Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллии Тоҷикистон” Раҷабзода Салима, муовини якуми раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғаффорзода Нигорахон, инчунин намояндагони занони фаъол, собиқадорони соҳаи хизмати давлатӣ аз ВМКБ ва Суғд (тариқи маҷозӣ) суханронӣ намуданд.

Мувофиқи Барнома барои бонувон машғулиятҳо оид ба татбиқи сиёсати гендерӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳияи буҷет бо дарназардошти ҷанбаҳои гендерӣ, татбиқи сиёсати гендерӣ дар идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ, имиҷи зан роҳбар, ҳуқуқу имтиёзҳои занон дар муносибатҳои меҳнатӣ, пешгирии зӯроварӣ дар оила, усулҳои муосири мудирият ва ғ. гузаронида шуда, дар ҷамъбаст баъди санҷиши донишҳои омӯхташуда ба шунавандагон гувоҳномаи хатми курси такмили ихтисос дода мешавад.

Қобили тазаккур аст, ки Маркази омӯзишӣ ва дастгирии занони роҳбарикунанда ва болаёқат дар Академияи идоракунии давлатӣ соли 2022 дар доираи татбиқи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030 ва Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2017-2022 бо мақсади таҳким бахшидани фаъолият дар самти таъмини баробарии гендерӣ, фароҳам овардани имкониятҳои бештар барои тақвият додани донишҳои хизматчиёни давлатӣ оид ба масоили баробарии гендерӣ, таҳлилу таҳқиқи масъалаҳои соҳа, мусоидат дар тайёр кардани теъдоди бештари кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занон, дастгирии бонувони лаёқатманд дар хизмати давлатӣ ва идоракунии давлатӣ дар мувофиқа бо Президенти мамлакат дар чорчӯбаи Ёддошти тафоҳум байни намояндагии Созмони Милали Муттаҳид оид ба масоили баробарии гендерӣ ва тавсиаи ҳуқуқу имкониятҳои занон ва Академияи идоракунии давлатӣ аз 25 январи соли 2022 бо дастгирии сохтори СММ-занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст.

Дар марҳилаи нахустини фаъолият дар Марказ модули таълимӣ барои 24 соат модули таълимӣ таҳти унвони “Банақшагирии буҷет бо дарназардошти ҷанбаҳои гендерӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз рӯйи барномаи “Банақшагирии буҷет бо дарназардошти ҷанбаҳои гендерӣ:ҳадафҳо, вазифаҳо ва дурнамо” таҳия карда шуда,  18 нафар тренерони миллӣ омода карда шуданд ва наздики 100 нафар  хизматчиёни давлатии мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ аз рӯйи ин барнома аз такмили ихтисос гузаштанд.

 

Аксҳо

Похожие записи