Қодирова Гулмо Толибовна
Мудири кафедра
Тел.: +992 918-22-29-01
E-mail: sattorov-87-87 @mail.ru
Кафедраи менеҷменти Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2019 дар асоси сохтори нави Академия таъсис дода шуд. Кафедраи мазкур яке аз марказҳои муҳими илмию таълимӣ дар сохтори Академия буда, кулли фаъолияти он тибқи бунёди илми менеҷмент сурат мегирад ва ҳалли мушкилоти зиёдеро ба зимма дорад.
Фаъолияти асосии кафедра тарбияи кадрҳои баланд ихтисоси соҳаи идоракунии давлатӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ, гузаронидани таҳқиқоти илмӣ аз рўи мавзўҳои бунёдии «Илми менеҷмент, менеҷменти молиявӣ, маркетинг, менеҷменти андоз» мақолаю дастурҳо ва барномаҳои таълимӣ таҳия ва таълиф мегардад. Вобаста ба равияи кафедра ва масъалаҳои муҳими ҷомеаи демократӣ мизи мудаввар ва семинару конфронсҳои илмӣ сурат мегирад. Кафедра нафақат бо фаъолияти илмӣ инчунин бо таълимӣ низ машѓул мебошанд.
Ҳоло кафедраи менеҷмент нақшаҳои зиёд дорад ва дар ин самт фаъолияти густурда анҷом медиҳад.
Фаъолияти ҳайати устодони кафедра оид ба дониш, маҳорат ва малакаҳои касбӣ дар доираи фаъолияти идоракунии давлатӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ амалӣ мегардад.
Ҳадафи кафедра таҳияи технологияҳои махсуси таълим, сохтори муайяни таъминоти методии тамоми раванди таълим буда, барои тайёр кардани мутахассисоне ҷаҳд мекунад, ки бо донишу малакаҳои зарурии соҳаи идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ мусаллаҳ буда, технологияҳои муосири идоракуниро хуб донанд. Инчунин дорои сатҳи баланди фарҳангӣ, малакаи коркард ва қабули қарорҳое, ки фаъолияти самараноки мақомотро таъмин месозад, мусоидат намудан ба рушди кадрии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъмини раванди таълим бо барномаҳои касбӣ мансуб дониста мешавад.
Вазифаҳои асосии кафедра:
- Дар донишҷўён ташаккул додани маҳоратҳои касбӣ, масъулятнокӣ, ҷаҳонбинӣ, мантиқӣ, математикӣ, ҳуввияти миллӣ, ташаккули фарҳанги муосир ва омода намудани мутахассисони касбии соҳаи идоракунии давлатӣ, иқтисодиёт ва хизмати давлатӣ дар ҳама зинаҳои идоракунӣ.
- Коркарди барномаҳои таълимии мувофиқ ба самтҳои идоракунии давлатӣ, таъмини усулҳои инноватсионӣ, сифати баланд дар ҷараёни таълим бо назардошти дастовардҳои муосири илмӣ ва амалӣ.
- Таҳлили мониторинги системаи идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ барои ошкор намудани проблемаҳои соҳаи илмҳои менеҷмент, маркетинг ва идоракунии давлатӣ дар ҷумҳурӣ ва ташаккули дурнамои таҳқиқоти илмӣ-амалии он.
- Фаъолияти таълимӣ, илмӣ – методӣ ва илмӣ бо мақсади тайёркунии касбӣ, масъалаҳои рушди илмҳои менеҷмент молия, маркетинг дар шароити ҷомеаи муосири тоҷикистон мебошад.
Фанҳои таълимии кафедра:
- Асосҳои назариявии менеҷменти молиявӣ.
- Менеҷменти сармоягузорӣ
- Менечменти молиявӣ дар ташкилотҳои суғуртакунӣ.
- Менеҷменти молиявӣ дар бонкхои тиҷоратӣ.
- Менеҷменти молиявӣ дар бозори фондӣ.
- Менеҷменти андоз.
- Менеҷмент.
- Асосҳои менеҷмент.
- Маркетинг.
- Менеҷменти инноватсионӣ.
- Менеҷменти стратегӣ.
- Менеҷменти молиявӣ.
- Менеҷмент ва маркетинг.
- Менеҷменти кадрӣ.
- Асосҳои маркетинг.
Кафедра вазифаи худро аз он иборат медонад, ки мутахассисони ҷавонро то ба дараҷаи инсони бомаърифати қодир ба ҷаҳонфаҳмию ҷаҳондарккунии мустақилона дар шароити ҷаҳонишавии замони муосир бирасонад. Аз ҳамин нигоҳ, кафедра барои мунтаззам васеъ гардонидани доираи ҷаҳонбинии ҷавонон, рушд додани тафаккури мантиқӣ – назариявӣ ва баланд бардоштани сатҳи мантиқии онҳо мекўшад.