ПЕШВОИ МИЛЛАТ. НАҚШИ ШАХСИЯТ ДАР РУШДИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ ВА ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ

Соли ҷорӣ, 9 сентябр, Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 – солагии Истиқлолияти давлатии худро ҷашн хоҳад гирифт. Дар ибтидои истиқлолияти худ Тоҷикистон давраи мураккаберо паси сар кардааст ва маҳз хирадмандии Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки ин марҳилаи мушкил бартараф гардид ва Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ рушд намояд.  

 

Ин аст, ки имрӯзҳо олимон ва дигар коршиносон аз нигоҳи таърихӣ нақши ин шахсияти барои миллат муҳимтаринро таҳлил намуда, маводи ҷолиб нашр ва дастраси ҷомеа гардонидаанд.

 

Боиси зикр аст, ки дар муқаддимаи китоби худ бо номи «Эмомалӣ Раҳмон – Пешвои миллат» сиёсатшинос Абдуллоҳи Раҳнамо навиштааст: “Мардуми Тоҷикистон шахсияти Эмомалӣ Раҳмонро батадриҷ ҳамчун роҳбари тавоною пуртаҷриба ва ҳамчун Пешвои воқеии худ пазируфта, ин мафҳум ва ин мақом дар зеҳни ҷомеа пухта расида буд. Аз ин рӯ, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат» бештар нақши мақоми ҳуқуқӣ бахшидан ба ин воқеияти таърихиро дошт».

 

Ҷумҳурии ҷавони мо, қабл аз ҳама, ниёз ба муттаҳидӣ, ба сулҳу субот, ба барқарорсозӣ дошт ва маҳз хирадмандии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки кишвари мо бо дастовардҳои назаррас имрӯзҳо дар остонаи 30 – солагии хеш қарор дорад.

 

Дар китоби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Уфуқҳои Истиқлол» омадааст: “…вақте сухан аз Истиқлолияти давлатӣ меравад, он на санаи бори аввал соҳибдавлат шудани тоҷикон, балки санаи эҳёи Истиқлолияти давлати Тоҷикистон мебошад, яъне миллати куҳанбунёду соҳибдавлати тоҷик бори дигар соҳиби давлатдории миллии мустақили худ гардид. Ин аст, ки зимни андешаронӣ аз сарнавишти дирӯзу имрӯзи миллату давлати худ мо маҳз ибораи пурмазмуни “миллати куҳан ва давлати ҷавон”-ро ба кор мебарем, зеро достони ҳастии мо, ҳақиқати сарнавишти мо ва вазъияти имрӯзи мо ҳамин аст”.

 

“Дар ҳақиқат, – зикр шудааст дар мақолаи “Худшиносии миллӣ” – и олимон И. Бандаев, М. Ёдгорова, – ҳар як инсони боимону оқил бояд ифтихор намояд, ки дар тӯли солҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Пешвои миллат чӣ қадар дигаргуниҳои куллӣ дар бобати ба эътидол овардани вазъи сиёсию иқтисодии мамлакат, дарёфт намудани роҳи рушди босуботи иқтисодию иҷтимоии кишвар ва дар ин асос баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ба амал омадааст. Ҳарчанд ки роҳи тайнамудаи Тоҷикистон дар ҷодаи ваҳдату якпорчагӣ ҳамвору яксон набуд, мардуми шарафманди мо ба хотири таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, ҳифзи марзу буми аҷдодӣ, сарҷамъии миллат, густариши фазои сулҳу оромӣ ва тақвияти худшиносии миллӣ саъю талошҳои бесобиқа анҷом доданд ва итминони комил дорем, ки наслҳои оянда аз онҳо ҳамчун намунаи ватандориву ватандӯстӣ ёд хоҳанд кард. Ҳар фарди бонангу номус ва худогоҳи ҷомеа бояд ҳамеша дар хотир дошта бошад, ки танҳо истиқлолияту озодӣ омили муҳимтарини пойдории давлат ва бақои миллат мебошад ва вазифаи ҳамаи мост, ки ба хотири ҳифзу тақвияти ин муқаддасоти миллӣ пайгирона кӯшиш намоем”.

 

Нақши Пешвои миллат дар рушди хизмати давлатӣ муҳим арзёбӣ мегардад. Дар ин самт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор қонунҳоро ба имзо расондаанд ва фармонҳо содир намудаанд, ки боиси рушди хизмати давлатӣ ва таҳким бахшидани он гаштаанд. Аз ҷумла, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хизмати давлатӣ”, фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тасдиқи низомномаи тартиби ҳисоб кардани собиқаи хизмати давлатӣ”, “Дар бораи тасдиқи Қоидаҳои гузарондани санҷиши фаъолияти мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба риояи қонунгузории хизмати давлатӣ”, “Дар бораи тасдиқи Консепсияи сиёсати давлатии кадрҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ намудани “Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”.

 

Хизмати содиқонаи давлатӣ дар амалисозии ташаббусҳо ва иқдомҳои Ҳукумати кишвар бениҳоят муҳим мебошад, аз ин рӯ, таваҷҷуҳи роҳбарияти олии кишвар ба таъмини касбият ва рушди хизмати давлатӣ назаррас мебошад.

 

Дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии кишвар дар соли 2015 таъкид карда буданд: “Ҳифзи содиқонаи манфиатҳои милливу давлатӣ, аз тамоми манфиатҳои дигар афзал донистани манофеи давлату миллат, саъю талоши пайваста ба хотири мустаҳкам намудани пояҳои давлати миллӣ, ҳифзи соҳибистиқлолии Ватан, суботи иҷтимоӣ, амнияти давлат ва ҷомеа, ваҳдати миллӣ ва иқтидори иқтисодии давлат вазифаи шаҳрвандӣ ва масъулияти фарзандии ҳар яки мову шумо – аъзои Ҳукумат, вакилони мардумӣ, роҳбарону масъулони идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо, хизматчиёни давлатӣ ва, умуман, тамоми халқи Тоҷикистон мебошад.”

 

Дар бораи нақши Пешвои миллат олимон, таърихшиносон ва ходимони давлатӣ асарҳои зиёде нашр кардаанд ва дар онҳо муфассал оид ба сарсупурдагии Роҳбари давлат ба миллату Ватан ва хизмати давлатӣ мисолҳои мушаххасро таъкид кардаанд.

 

Ходими шинохтаи давлатӣ Абдулмаҷид Достиев дар китоби худ “Ситораи ғолиб” аз ташаббусу иқдомҳои Роҳбари давлат  нақл  кардаанд.  Дар ин китоб роҷеъ ба заҳматҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраҳои ҳассос ва муҳими таърихии кишварамон нақлҳои ҷолиб оварда шудаанд.

 

Рушди давлатдории миллӣ ва хизмати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тайи солҳои охир бо ғамхории Пешвои миллат таъмин шуда истодааст ва барои идомаи ин раванд садоқатмандӣ, сарсупурдагии мардуми шарифи кишвар, бахусус кормандони хизмати давлатӣ зарур аст. Тавре ки ҳамеша Пешвои муаззами миллат таъкид менамоянд, бо дили пок бояд ба халқ хизмат кард.

 

Э. А. ДОСТИЕВ, 

сарходими илмии Пажӯҳишгоҳи 

идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатии Академияи 

идоракунии давлатии назди 

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои иқтисодӣ

(Бознашр аз Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Ҷумҳурият”, Санаи нашр: 16.02.2021    №: 34)

ПЕШВОИ МИЛЛАТ. НАҚШИ ШАХСИЯТ ДАР РУШДИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ ВА ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ

 

Аксҳо

Похожие записи