Раҳмонзода Диловар Раҳмон
Сардори раёсат
Тел: +992 (37) 2289071
E-mail: rmddyam@mail.ru
Раёсати молия ва баҳисобгирии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботи муҳосибавӣ ва назорати истифодаи мақсадноки захираҳои моддӣ ва молиявии Академияро амалӣ месозад. Дар фаъолияти худ Раёсат санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ва маводи усули марбут ба масоили ҳисоботи муҳосибавӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дастури кори худ қарор медиҳад. Раёсати молия ва баҳисобгирии Академия яке аз воҳидҳои сохтории асосии он ба шумор рафта, таҳияи ягонаи харољоти солона, иљрои сифатноки қисми даромади он, самаранок ва мақсаднок истифода намудани бандҳои харољоти сметавӣ, инвентаризатсияи молу амвол, таљҳизот, воситаҳои асосию гардон ва нигоҳдорию дуруст истифода намудани он аз вазифаҳои муҳими Раёсат ба ҳисоб меравад. Дар Раёсати молия ва баҳисобгирӣ се зерсохтор вуҷуд дорад:
1) шуъбаи музди меҳнат ва баҳисобгирӣ;
2) шуъбаи молу амвол;
3) шуъбаи стипендия ва кор бо донишҷӯёни шартномавӣ.
Вазифаҳои асосии Раёсати молия ва баҳисобгирӣ инҳо мебошанд:
- гирифтани иттилооти дақиқ оид ба фаъолияти хоҷагидорӣ, натиҷаҳои фаъолият ва идоракунии молиявӣ;
- таъмини назорат оид ба мавҷудият ва гардиши пули накд, воситаҳои молиявӣ, меҳнатӣ ва воситаҳои дигар мувофиқи меъёр, ченакҳо ва харҷномаҳо;
- огоҳонидани саривақтӣ аз зуҳуроти номатлуб дар фаъолияти молиявию хоҷагӣ ва сафарбар намудани захираҳои дохилии Академия;
- Тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағҳои буҷет ва махсусро дар суратҳисоби хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон нигоҳ медорад;
- Баҳисобгирии муҳосибии худро мутобиқи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ мемонад;
- Пешбурди ҳисоботи муҳосибавӣ, назорати мақсадноки захираҳои моддӣ ва молиявии Академия;
- Омодасозӣ ва ба роҳбарият пешниҳод намудани маводҳои иттилоотӣ-таҳлилӣ дар бораи ҳолат ва дурнамои рушди ҳисоботи муҳосибавӣ дар Академия.
Мақсади асосии Раёсат ташкили ҳисоботи муҳосибавӣ ва ҳисоботдиҳӣ дар асоси истифодаи василаҳои муосири техникӣ ва технологияҳои иттилоотӣ, шакл ва усулҳои пешрафтаи баҳисобгирӣ ва назорат, ташкил ва пешниҳоди саривақтии иттилооти пурра ва саҳеҳи муҳосибавӣ дар бораи фаъолияти Академия, вазъи молиявии он, даромадҳо ва хароҷот, коркард ва амалисозии чорабиниҳо ва мустаҳкамсозии интизоми молиявӣ аст.