Сардори шуъба
Тел: +992
E-mail:
Шуъбаи тестии раёсати таълими Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз аввали моҳи майи соли 2020 дар заминаи маркази тестии раёсати таълим ташкил карда шудааст.
Фаъолияти шуъбаи тестӣ дар ҷамъоварӣ, коркард ва мутобиӣ сохтани саволномаҳои тестӣ бо барномаи электронии компютерӣ (Web-test.tj), ворид намудани ҷавобҳои дурусти саволномаҳои тестӣ ба барнома ва чопи натиҷаи имтиҳон ба шакли тестӣ бо истифода аз технологияи иттилоотӣ дар давраи қабули сессияи имтиҳонӣ донишҷўёни бахши бакалаврият, магистратура, фосилавӣ ва таҳсилоти дуюм мебошад.
Самтҳои асосии фаъолияти шуъбаи тестӣ аз инҳо иборат аст:
– татбиқи амалии низоми кредитии таҳсилот;
– ташкил ва назорати сессияи имтиҳонии ниҳоӣ;
– ворид намудани саволномаҳои тестӣ;
– нақшаҳои корӣ ва дастуру супоришҳои роҳбарияти Академия ва ноиби якум, ноиби ректор оид ба таълим, сардори раёсати таълим.
Мақсадҳои шуъбаи тестии назди раёсати таълими Академия:
- Назорати баҳогузории объективӣ;
- Санчиши дараҷаи ҳақиқии донишомўзии донишҷўён;
- Аз байн бурдани унсурҳои коррупсионӣ, дахолати таъсири фардӣ;
- Нигоҳдории маълумот барои тафтиши минбаъдаи бозмондаи донишљўён;
Вазифаҳои шуъбаи тестии назди раёсати таълими Академия:
- Таъмини техникии ҷараёни тестгузаронӣ;
- Банақшагирӣ, ташкил ва гузаронидани имтиҳонҳои ниҳоӣ;
- Таҳияи ва ҷорї намудани низомҳои муосири ташкили механизмҳои нави имтиҳонҳо;
- Таъмини манбаи тестҳо, маълумот ва маводҳои санҷишӣ;
- Таҳияи талабот ба мавод ва маросими тестгузаронӣ;
- Таъмини манбаи маводи назоратӣ барои имтиҳонҳои ниҳоӣ ва назорати дониши бозмондаи донишҷуён;
- Таъмин намудани ташхиси сифати маводи имтиҳонӣ;
- Барҳам додани ҳолатҳои коррупсионӣ ва таъмини шаффофият имтиҳонҳо дар Академия;
- Махфӣ нигоҳ доштани маводи имтиҳонӣ;
- Баҳисобгирии натиҷаи тестгузаронӣ.