ЭЪЛОН

АКАДЕМИЯИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОЗМУНИ ҚАБУЛ БА ЗИНАИ ДОКТОРАНТУРА АЗ РӮЙИ ИХТИСОСРО БАРОИ ДАРЁФТИ ДАРАҶАИ ИЛМ, ДОКТОРИ ФАЛСАФА  (PhD), ДОКТОР АЗ РӮЙИ ИХТИСОС БАРОИ СОЛИ ТАҲСИЛИ 2022-2023  ЭЪЛОН МЕНАМОЯД

 

т/р Рамзи ихтисос  Номгӯи ихтисосҳо Кафедраҳо
1. 6D 051001 Идоракунии давлатӣ ва маҳаллӣ Идоракунии молияи давлатӣ
2. 6D 020200 Муносибатҳои байналмилалӣ Дипломатия ва муносибатҳои байналмилалӣ
3. 6D 100201 Методҳо ва системаҳои ҳифзи иттилоот ва амнияти иттилоотӣ Технологияи иттилоотӣ ва амнияти иттилоотӣ
4. 6D030100 Ҳуқуқшиносӣ Ҳкқуқи маъмурӣ ва хизмати давлатӣ

 

5. 6D030104 Ҳуқуқи молиявӣ; ҳуқуқи андоз; ҳуқуқи буҷетӣ
6. 6D 030109 Ҳуқуқи маъмурӣ; мурофиаи маъмурӣ
7. 6D030102 Ҳуқуқи конститутсионӣ; мурофиаи судии конститутсионӣ Ҳуқуқи давлатӣ ва ҳуқуқи иқтисодӣ
8. 6D030201 Ҳуқуқи байналхалқӣ; ҳуқуқи аврупоӣ Ҳуқуқи байналмилалӣ
9. 6D011500 Асосҳои ҳуқуқ ва иқтисодиёт Идоракунии давлатӣ ва иқтисоди миллӣ
10. 6D 050204 Проблемаҳои сиёсии муносибатҳои байналмилалӣ, инкишофи глобалӣ ва минтақавӣ Сиёсатшиносӣ ва робита бо ҷомеа
11. 6D050200 Сиёсатшиносӣ
12. 6D 050600 Иқтисодиёт Идоракунии давлатӣ ва иқтисоди миллӣ
13. 6D051100 Маркетинг Менеҷмент
14. 6D 052000 Бизнес – маъмуриятчигӣ
15. 6D070203 Идоракунӣ дар системаҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ

Қоидаҳои қабул ба зинаи докторантура – доктори фалсафа
PhD, доктор аз рӯйи ихтисос:

Таҳсил дар докторантура – доктори фалсафа PhD, доктор аз рӯйи ихтисос барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳрвандони хориҷӣ дар шакли рӯзона сурат мегирад.

Ба докторантура – доктори фалсафа PhD, доктор аз рӯйи ихтисос дар шакли таҳсили рӯзона довталабоне қабул карда мешаванд:

– дараҷаи академии магистр доранд;

– яке аз забонҳои хориҷӣ (англисӣ, немисӣ, фаронсавӣ ва ғайра)-ро медонанд. Бо ин мақсад довталабони докторантура дар баробари имтиҳонҳои дохилшавӣ аз ихтисос, ҳамчунин аз як забони хориҷӣ имтиҳони дохилшавӣ месупоранд.

Шаҳрвандони хориҷие, ки ба зинаи докторантура – доктори фалсафа PhD, доктор аз рӯйи ихтисос дохил мешаванд, иловатан аз фанни забони тоҷикӣ имтиҳони дохилшавӣ месупоранд.

Имтиҳони дохилшавӣ аз рӯйи як забони хориҷӣ дар ҳаҷми барномае, ки барои хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (дараҷаи магистратура) муайян карда шудааст, гузаронида мешавад.

Имтиҳон аз рӯйи фанҳои махсус дар ҳаҷми барномаи таҳсилоти олии касбӣ (дараҷаи магистратура) дар шакли хаттӣ, шифоҳӣ ва ё тестӣ гузаронида мешавад.

Шаҳрвандони хориҷӣ ба зинаи докторантура – доктори фалсафа PhD, доктор аз рӯйи ихтисос дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тариқи пулакӣ қабул карда мешаванд.

Тартиби қабул ба докторантура – доктори фалсафа PhD, доктор аз рӯйи ихтисос барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон тариқи ройгон ва пулакӣ муайян карда мешавад.

Шахсоне, ки таҳсилоти олии касбии «мутахассис» (ба ғайр аз ихтисосҳои тиббии клиникӣ) доранд, танҳо баъди хатми магистратура ба докторантура – доктори фалсафа PhD, доктор аз рӯйи ихтисос қабул карда мешаванд.

Муддати таҳсил дар докторантура – доктори фалсафа PhD, доктор аз рӯйи ихтисос 3 сол мебошад.

Номгӯи ҳуҷҷатҳое, ки барои дохилшавӣ ба докторантура аз рӯйи ихтисос пешниҳод мешаванд:

– ариза ба номи Ректори Академия, бо розигии мудири кафедра ва декани факултет (ихтисос нишон дода шавад);

-анкетаи дохилшаванда ба докторантура;

-нусхаи нотариалии тасдиқкардашудаи дипломҳои таҳсилоти олӣ ва баъдидипломӣ ва замимаҳои онҳо (дипломи бакалавр ва магистр);

-варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо;

-нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ, ки аз тарафи шуъбаи кадрҳо тасдиқ карда шудааст (ҳангоми доштани собиқаи корӣ);

-сертификати супурдани имтиҳонҳои иловагӣ аз забони хориҷӣ, дар сурати мавҷуд будан (TOEFL ва ғайра);

-мактуби тавсиявӣ (бо тасдиқи муҳри ташкилот);

-рӯйхати чопи мақолаҳои илмӣ ва корҳои таълимӣ-методӣ (дар ҳолати надоштан пешниҳод намудани реферат аз рӯйи ихтисос бо тақризи на камтар аз ду мутахассиси соҳа);

-асосномаи таҳқиқоти диссертатсионии банақшагирифташуда дар мувофиқа бо мушовири илмии ватанӣ ё хориҷӣ (тибқи дархости муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмӣ);

-нусхаи шиноснома;

-маълумотномаи тиббӣ (шакли 038);

-6 дона расми андозаи 3х4;

-ҷузвдон (папка-файл).

Ҳуҷҷатҳо барои дохилшавӣ ба докторантура – доктори фалсафа PhD, доктор аз рӯйи ихтисос аз 20.12.2022 то 10.01.2023 қабул карда мешаванд.

Маълумоти иловагиро оид ба қабули докторантура – доктори фалсафа PhD, доктор аз рӯйи ихтисос аз раёсати илм ва инноватсия ва шуъбаи омодакунии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогии Академия дарёфт кардан мумкин аст.

Суроға: ш. Душанбе, н. И. Сомонӣ, кӯчаи Саид Носир 33.

Телефон барои маълумот: +992 985520999; +992 933761899

Сомонаи Академия: www.apa.tj

Похожие записи