Президент

|
Сардори шуъбаи автоматикунонии
низоми таълим ва тестӣ
Тел: (+992) 988-67-73-73
E-mail: mirsarvarzoda01@mail.ru
Маълумоти умумӣ дар бораи шуъба:
Шуъбаи автоматикунонии низоми таълим ва тестии раёсати таълими Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2020 дар асоси сохтори нави Академия таъсис дода шудааст.
Шуъбаи автоматикунонии низоми таълим ва тестӣ ҳамчун воҳиди сохтори муҳиму зарурӣ тамоми шаклҳои фаъолияти таълимии донишҷӯёнро дар давраи таҳсил сабт менамояд.
Шуъба фаъолияти худро дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қонунгузории соҳаи маориф, фармоишҳои ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ойинномаи Академия, супоришҳои раёсати таълим, низомномаи шуъба, дастурамалҳои вазифавӣ ва нақша-чорабиниҳои солонаи шуъба амалӣ менамояд.
Фаъолияти ҳайати кормандони шуъба:
Дар шуъба мутахассисони зерин кору фаъолият менамоянд:
Шуъба дар низоми кредитии таҳсилот яке аз воҳидҳои асосии сохтори Академия ба шумор рафта, фаъолияти таълимии донишҷӯён ва омӯзгорон дар давраи таҳсил ба он алоқаманд аст.
Имрӯз фаъолияти мутахассисони шуъба пурра автоматӣ кунонида шудааст.
Вазифаҳои асосии шуъба:
Мутахассисони шуъба асосан вазифаҳои зеринро иҷро менамоянд:
Ҳадафи шуъба:
Яке аз ҳадафҳои асосии шуъба – пурра автоматикунонии низоми таълим ба ҳисоб рафта дар сатҳи баланди ташкилӣ, шаффофу воқеъбинона гузаронидани сессияҳои имтиҳонӣ маҳсуб меёбад. Дар ин раванд, тибқи ҷадвали раванди таълим имтиҳонҳои ниҳоии сессияҳои шуъбаи рӯзона, шуъбаи магистратура, фосилавӣ ва маълумоти дуюм тариқи – тестӣ ва шифоҳӣ гузаронида мешаванд.