АЗ ТАЪРИХИ ТАШАККУЛИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ

oblozhka_zaboni_millat_-_hastii_millat

Забон унсури асосӣ ва нишондиҳандаи фарҳангу тамаддуни миллат буда, дар рушди давлатдории миллӣ нақши асосӣ мебозад. Таърихи башарият, махсусан таърихи давлатдории ориёиҳо нишон медиҳад, ки давлатҳои бостонии мо ҳамеша кӯшиш мекарданд, ки барои пойдор сохтани пояҳои давлатдорӣ ва ба вуҷуд овардану мустаҳкам намудани давлатдори миллӣ ва ягонагӣ аз унсури забонӣ истифода бурда, барои густариши забони модарии марзу буми хеш тадбирҳои мушаххас андешанд.

Дар сарчашмаҳои таърихӣ омадааст, ки шоҳаншоҳи бузурги Ҳахоманишиён, ки дар арсаи таърих бо фарҳанг ва тамаддуни худ беназиранд, пеш аз ҳама бар пояи фарҳанги асили ориёӣ бунёд шуда, забони модарии хешро дар баробари забонҳои пурқудрату маълуми он замон-иломӣ ва ошурӣ ба ҳайси забони расмӣ ва давлатӣ истифода мекарданд. Онҳо номи хат ва забони худро ориёӣ хондаанд. Инчунин дудмони Кӯшониёни Кабир ҳам тадриҷан аз истифодаи забони юнонӣ даст кашида забони ориёии хешро забони ягонаи давлатӣ ва расмии давлатӣ паҳновари худ қарор доданд. Дар катибаи Дориюши Бузург дар катибаи кӯҳи Бесутун, ки бо супориши Дориюши Кабир омода шуда буд, вожаи «ориёӣ» ба маънои забон дида мешавад. Навиштаҳои Дориюши Бузург, ки имрӯз номи онро шартан забони форсии бостон гузоштаанд, ба забон ва хаттӣ ориёӣ навишта шудааст ва забони форсии бостон ва ориёӣ як забон буда, дар замони салтанати Ҳахоманишиён забони расмӣ ва меъёрии натанҳо қабилаҳои форс, балки тамоми эронитаборони ҳамон замон будааст. Ин забон дар давраи аввали подшоҳии Ашкониён ҳамроҳ бо забони юнонӣ ва баъдан аз давраи Меҳрдоди I танҳо забони расмӣ ва давлатии Ашкониёни порт мегардад. Баъзе аз муҳаққиқон изҳор доштаанд, ки шояд аз ибтидои садаи III то мелод забони портӣ забони расмии давлатдории Порт қарор гирифта буд.

Дар давраи Сосониён ҳам забони форсии миёна дар баробари забони портӣ ё паҳлавӣ забони давлатӣ ва расмиву динӣ шоҳаншоҳии бузурги Эрон буд ва аз он осори зиёди таърихиву динӣ ва илмиву фарҳангӣ боқӣ мондааст. Баъди истило шудани давлати Сосониён аз тарафи арабҳо дар асрҳои VII – IX дар таркиби луғавии забони форсӣ калимаҳои арабӣ хеле васеъ роҳ ёфтанд. Ҳиссаи лексикаи аз забони арабӣ иқтибосшуда ба баъзе матнҳои порсии классикӣ то 80 фоизро ташкил медод. Забони форсии классикӣ дар давоми қарнҳои IX-XVII адабиёти бойи оламшумул эҷод карда шуд. Дар сарзаминҳои Эрон, Афғонистон инчунин дар Озарбойҷону Покистон ва Ҳиндустон, дар давраҳои гуногуни таърих забони давлатиашон форсӣ буд.

Бояд зикр намуд, ки эҳёи воқеии забони адабии мо дар замони Сомониён оғоз гардид. Сомониён бар хилофи Тоҳириёну Сафориён дарк карда буданд, ки бидуни эҳёи анъанаҳои қадимӣ ва ривоҷу равнақи забони адабии миллӣ истиқлолият пойдор ва давомдор шуда наметавонад. Аз ин рӯ амирони дурандешу сиёсатмадорони ин хонадон бо камоли ҳушмандӣ муносибати худро бо хилофат тавре оростанд, ки дарбори Бағдод натавонад фитна ва рақобате бар зидди онҳо барангезад. Илова бар ин, Сомониён аз забони форсии дарӣ ҳамчун силоҳи сиёсӣ барои расидан ба истиқлолияти комил истифода мекарданд. Аз ин рӯ забони форсии дариро, ки забони мардумони Мовароуннаҳру Хуросон буд, забони расмии давлати паҳновари худ эълон дошт, ба адибону олимон ба назари эҳтиром нагириста, онҳоро ташвиқ мекарданд, ки асарҳои худро ба форсии дарӣ нависанд ва ё осори арабии худ ва дигаронро ба ин забон баргардонанд. Бо ин забон шоирону нависандагони бузург чун Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, Ҷомӣ, Хайём, Ҳофизу Дониш, Айниву Лоҳутӣ ва дигарон асарҳо эҷод кардаанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати милли- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми телвезионӣ ба муносибати Рӯзи забон дар бораи бузургии забон чунин таъкид намуданд: “Тавре таъкид карда будам, забон хишти аввалини кохи миллат аст. Таърих гувоҳ аст, ки агар забони миллӣ аз байн равад, миллат ҳам дер ё зуд тафаккури миллии худро аз даст дода оқибат завол меёбад”.

Таърихи забони мо чандин навъи хатту алифбо таълифи осори бесобиқаю беҳамто дорад. Ин моро водор месозад, ки дар замони Истиқлоли давлатӣ арзишҳои миллиро ба наслҳои имрӯзу фардои миллатамон муаррифӣ намоем. Зеро забони тоҷикӣ бо гузашти асрҳо ҳамчун омили ваҳдат ва ифтихори миллӣ дар давлатдории навини мо дар мақоми забони давлатӣ қарор гирифтаст. Ҳар як фарди соҳибзабон бояд забони модарӣ ва ба воситви он ҳувияти миллӣ ва фарҳангӣ миллии худро ҳифз кунад ва гироми дорад. Фаромӯш набояд кард, ки забони модарӣ яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ ва сарчашмаест, ки инсонро ба асолати милли пайванд медиҳад.

Саидбилол АБДУЛЛОЕВ,

магистранти Академия

Похожие записи