АИДНПҶТ. МАРОСИМИ ХАТМИ МАГИСТРАНТОНИ ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӢ БАРГУЗОР ГАРДИД
- Автор pscompany0107
- Категория - Хабарҳои академия
Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими супоридани дипломҳо ба хатмкунандагони зинаи магистратураи хизматчиёни давлатӣ баргузор гардид.
Дар он намояндагон аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Роҳбари Бунёди Ҳаннс Зайдели Олмон дар Осиёи Марказӣ тариқи онлайн, устодону кормандон ва хатмкунандагон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Ректори Академия нахуст хатмкунандагон ва магистрантоне, ки ҳамакнун ба таҳсил дар Академия фаро гирифта шудаанд, таҳният гуфта, иброз дошт, ки ҷалби ҷавонон ба илмомӯзӣ аз рўзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ дар меҳвари таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати кишвар қарор дошт. Имрӯз қисми зиёди хизматчиёни давлатиро ҷавонон ташкил медиҳанд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки Пешвои миллат ба садоқати насли ҷавон ва қудрату тавоноии ин қишри ҷомеа боварӣ ва эътимоди қавӣ доранд: — Боиси хушнудӣ ва сарфарозист, ки дар асоси сиёсати дурбинона ва маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як муддати кӯтоҳ Донишкада ба Академия табдил дода шуд, ки Шумо аввалин хатмкунандагони зинаи магистратураи хизматчиёни давлатии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошед, ки дар муосиртарин шароит таҳсил намуда, оянда барои халқу Ватани худ хизмати содиқонаву софдилона хоҳед кард, — иброз дошт ректори Академия.
Зикр гашт, ки имрӯз дар кишвар зиёда аз 40 муассисаи таҳсилоти олӣ ба омода кардани мутахассисони соҳаҳои гуногун машғуланд. Миёни онҳо Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ягона муассисаи олист, ки ба омода кардани кадрҳои соҳаи хизмати давлатӣ машғул аст.
Хатмкунандагони магистратураи хизматчиёни давлатӣ аз таваҷҷӯҳу ғамхориҳои пайвастаи Пешвои миллат ва Ҳукумати мамлакат нисбат ба насли ҷавон изҳори миннатдорӣ намуда, қайд намуданд: «Мо, ҷавонон бояд аз ҳама қишрҳои ҷомеа бештар фаъол бошем, ташаббусҳои созанда нишон диҳем, рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои истиқлолиятро ҳифз намоем, ҳамзамон дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистон бо дасту дили гарм ва неруи бунёдгарона ширкат варзида, амнияти давлат ва шарафу номуси ватандориро ҳимоя кунем ва ҳамчун пайравони асили Пешвои миллат ба халқу Ватан хизмат намоем».
Мавриди зикр аст, ки магистратураи хизматчиёни давлатӣ соли 2009 дар доираи Созишномаи дуҷонибаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бунёди Ҳаннс Зайдели Олмон аз рӯи ихтисоси идоракунии давлатӣ барои дастгирии хизматчиёни давлатӣ таъсис дода шудааст, ки дар он маҳз хизматчиёни давлатӣ аз тамоми вазорату идораҳои давлатӣ ва мақомотҳои маҳаллӣ ҷалб карда мешаванд.
Дар давоми 10 соли фаъолият 800 нафар хизматчиёни давлатӣ дар зинаи магистратура таҳсил намуда, соҳиби дипломи магистрӣ гардиданд, ки аз инҳо 220 нафарашонро занон ташкил медиҳанд. Дар соли таҳсили 2020 77 нафар зинаи магистратураи хизматчиёни давлатиро хатм намуданд, ки аз ин 8 нафар соҳиби дипломи аъло гардид.
Дар фарҷоми чорабинӣ аз ҷониби роҳбарияти Академия ва меҳмонон дар вазъияти тантанавӣ ба хатмкунандагон дипломҳо супорида шуд.