Аксия: Худ ва дигаронро аз сирояти короновирус ҳифз намоед!

20200504_151952

Дар доираи тадбирҳои беҳдоштӣ ва ҳимояи солимии аҳолӣ ва пешгирӣ аз бемории сироятии короновирус COVID-19, бо ташаббуси Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби кормандони ҷавон ҳамарӯза миёни сокинони пойтахт корҳои фаҳмондадиҳӣ  ба роҳ монда мешавад. Дар таърихи 4 . 05. 2020 чунин тадбир бо усули хона ба хона дар кӯчаҳои Нодира, Самад Ғанӣ ва Ҳабиб Аҳрории шаҳри Душанбе вобаста ба пешгирии бемории сироятии коронавирус вохӯрӣ бо сокинони кӯчаҳои зикршуда баргузор гашт. Аҳмадзода Зулфия – муовини Ректор оид ба корҳои тарбия доир ба риояи ҳолатҳои санитарию эпидемиологӣ, пешгирии бемориҳои сироятӣ, тозагию ободонӣ, итифодаи ниқобҳои муҳофизатӣ, маҳлулҳои антисептикӣ ва ташаккули тарзи ҳаёти солим зимни баргузории аксия ба сокинони ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт маълумотҳои муфид пешниҳод кард.

 Дар рафти аксия ба сокинон 500 адад ниқоб ва 700 адад варақаи тарғиботӣ тақсим карда шуда, дар онҳо оид ба тарзи истифодаи ниқоб, шустани дастон, истифодабарии маҳлулҳои антисептикӣ маълумот дода шуда буд.

Зимни вохӯри аз сокинон даъват ба амал оварда шуд, ки бе зарурият аз хонаҳояшон набароянд ва тавсияҳои табибонро ҳатман риоя намоянд.

Қобили тазаккур аст, ки ниқоб ва маводҳои маълумотӣ дар парки технологии Академияи идоракунии давлатӣ бо теъдоди лозимӣ омода гардида, давра ба давра дар мулоқоту вохӯриҳо ва аксияҳо ба сокинони пойтахт тақсим карда мешаванд.

Мариди зикр аст, ки то ба имрӯз аз ҷониби Академияи идоракунии давлатӣ вобаста ба пешгирии бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла короновирус COVID-19 миёни сокинону донишҷӯён бештар аз 20 маротиба аксияву вохӯриҳо баргузор гардидаанд, ки дар рафти он 2000 ниқоб ва 3500 варақаҳои тарғиботи ройгон тақсим карда шуд.

Аксҳо

Похожие записи