АНҶОМИ КУРСИ ТАКМИЛИ ИХТИСОС АЗ РӮИ БАРНОМАИ “ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ ДАР ЗАМОНИ МУОСИР”
- Автор apatj
- Категория - Хабарҳои академия
Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон курси такмили ихтисос, ки 28 апрели соли ҷорӣ барои раисони вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо, масъули самти маҳал ва роҳбарияти мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ аз рӯи барномаи “Идоракунии давлатӣ дар замони муосир” оғоз гардида буд, ба итмом расид.
Тибқи барномаи таълимӣ барои шунавандагони курс вобаста ба нақш ва мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раванди давлатсозии навини тоҷикон, муқаррароти Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, хизматрасонии электронӣ дар иқтисоди рақамӣ, мушкилот ва пешниҳодҳо вобаста ба таҳия ва рафти иҷрои барномаҳои рушди иқтисодию иқтимоии шаҳру ноҳияҳо, техникаи таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: масъалаҳои назариявӣ ва амалӣ, сиёсати давлатӣ оид ба саноатикунонии босуръати Ҷумҳурии Тоҷикистон, сарварӣ дар низоми идоракунии давлатӣ, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ”, нақши хизматчии давлатӣ дар пешгирии гаравиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ ва пешгирии стресс дар раванди идоракунӣ омӯзонида шуданд.
Қабл аз анҷоми курси мазкур бо иштироки Ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, д.и.ҳ., профессор Ғафурзода А.Д., директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатов Ҷ.М., раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода А.Қ., муовини аввали раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғаффорзода Н., директори Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии хизматчиёни давлатӣ, н.и.п., дотсент Ғанизода И.Ғ. дар мавзӯи “Идоракунии давлатӣ дар замони муосир: ҳолат ва дурнамо” баргузории мизи мудаввар баргузор гардид.
Зимни баргузории мизи мудаввар Ғафурзода Абдухалил Давлаталӣ иброз дошт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони соҳибистиқлолӣ таҳти роҳбарии оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми соҳаҳои ҳаёти хоҷагии халқи мамлакат, аз ҷумла соҳаи хизмати давлатӣ ба дастовардҳои назаррас мушарраф гардид. Пешвои муаззами миллат соҳаи хизмати давлатиро самти афзалиятнок эълон карда, онро барҳақ омили муҳимтарини таҳкими идоракунии самараноки давлат номидаанд. Курси такмили ихтисоси мазкур дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ифтитоҳи бинои Академия роҳандозӣ гардидааст.
Дар суханронии директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатов Ҷ.М. қайд гардид, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мунтазам ба рушду инкишофи бемайлони соҳаи хизмати давлатӣ ва идоракунии давлатӣ, сатҳу сифати дониш ва кордонии хизматчиёни давлатӣ дар ҳама зинаи мақомоти давлатӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд.
Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода дар навбати хуб иброз дошт, ки маҳз натиҷаи дастгирию ғамхориҳои Президенти маҳбуби кишвар ба соҳаи хизмати давлатӣ буд, ки имрӯзҳо сатҳи дониш ва таҷриба миёни хизматчиёни давлатӣ боло рафта, шумораи хизматчиёни давлатӣ рӯз то меафзояд. Пешвои миллат дар паёмашон ба Маҷлиси Олӣ зикр намуданд: «Ҳалли муваффақонаи масъалаҳои рушди минбаъдаи кишвар, пеш аз ҳама, бо самаранокии низоми идоракунӣ, баланд бардоштани масъулияти хизматчиёни давлатӣ, бартараф намудани монеаҳои сунъӣ ва таъмини шаффофияти фаъолияти мақомоти давлатӣ алоқаманд мебошад». Ин ҳарфҳо аз ҳар як хизматчии давлатӣ масъулияти бештар дар иҷрои вазифаву уҳдадориҳои худ талаб намуда, онҳоро ба хидмати содиқонаву поквиҷдонона раҳнамун месозанд.”.
Муовини аввали раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғаффорзода Н. дар ҷараёни баромадаш иброз дошт, ки имрӯз дар Тоҷикистони соҳибистиқлоламон барои ба ҳаёти ҷамъиятӣ пайвастани занон тамоми шароитҳо ва заминаҳои ҳуқуқӣ фароҳам мебошанд. Боиси хушнудист, ки имрӯз мо дар соҳаи идоракунии давлатӣ шумораи зиёди бонувони равшанфикр, бомаърифат, соҳибилм ва ҳамқадами замон дорем, ки боиси ифтихору сарфарозианд. Ба вазифаҳои масъулу роҳбарикунанда пешбарӣ ва таъин намудани занони бомаърифату бошарафи тоҷик дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ низ тақозои замон аст.
Дар рафти мизи мудаввар вобаста ба масъалаҳои муҳимми идоракунии давлатӣ дар замони муосир мулоҳизаронӣ ва суолу ҷавоб сурат гирифт.
Дар фарҷом дар вазъияти тантанавӣ ба шунавандагони курс гувоҳномаҳо супорида шуд.