БАРГУЗОРИИ ТРЕНИНГҲО БАРОИ ТАЪЛИМ ВА ТАКМИЛИ ИХТИСОСИ МУТАХАССИСОН ДАР АКАДЕМИЯ

IMG_2405

Институти ҳамкории байналмилалии Ассотсиатсияи донишгоҳҳои халқии Олмон (DVV International) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади амалӣ намудани барномаи омӯзишии таълими калонсолон “Curricullum globALE” баргузории як қатор семинару тренингҳоро ба нақша гирифтааст.

 

Айни ҳол чунин тренингҳо дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби тренерҳои байналмилалӣ гузаронида шуда истодааст.

 

Тренингҳои мазкур барои таълим ва такмили ихтисоси мутахассисон ва омӯзгорони Донишкадаи такмили ихтисос ва омӯзгорони Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии хизматчиёни давлатии Академия дар соҳаи таълими калонсолон пешбинӣ шудааст.

Похожие записи

Оставьте нам комментарий