БАРГУЗОРИИ ҲАМОИШИ ҶАВОНОНИ СОҲАИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ ВА ДАСТПАРВАРОНИ АКАДЕМИЯ

1

Бахшида ба 30 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 14 сентябри соли 2021 дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши ҷавонони соҳаи хизмати давлатӣ ва дастпарварони Академия таҳти унвони “Нақши ҷавонон дар 30 соли соҳибистиқлолӣ: дастовард ва дурнамо” баргузор гардид.

 

Дар ҳамоиши мазкур ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор  Ғафурзода Абдухалил Давлаталӣ, директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатов Ҷумъа Маҳмадалиевич, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ, Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Маликшо Неъматзода, ҷавонони фаъол, магистрантон ва донишҷӯён иштирок намуданд.

 

Қабл аз шурӯи ҳамоиш иштирокдорон аз дастовардҳои ҷавонон, толори “Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон”, толори “Маркази ҳамкории СҲШ” ва толори “ТИК” дар Академия дидан намуданд.

 

Чорабиниро директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатов Ҷумъа Маҳмадалиевич ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ноил шудан ба дастовардҳои муҳим дар ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ, сиёсиву фарҳангии ҷавонон нақши босазо гузошта, ба ташаккули сиёсати давлатии ҷавонон ва тадриҷан фароҳам овардани имкониятҳои васеи рушду такомули ҷавонон дар шароити мураккаби тағйирёбии сохториву ҷамъиятӣ мусоидат намуд, ки саҳми ҷавонон дар ин раванд хеле самарабахш арзёбӣ мегардад.

 

Ҳамчунин дар қисмати ифтитоҳӣ ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор  Ғафурзода Абдухалил Давлаталӣ суханронӣ намуда, қайд намуд, ки: “Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари ба даст овардани истиқлоли хеш зарурати ногузирии ташаккул ва амалӣ намудани сиёсати давлатии ҷавононро пазируфт, зеро такя бар неруи ҷавонон дар ҳама давру замон яке аз рукнҳои аслии пешрафти ҷомеаҳо будаасту хоҳад монд. Ба ҳамин тартиб, дар кору пайкори қишри аз ҳама нерумандтарини ҷомеа, яъне ҷавонон тағйироти куллие ба вуҷуд омад ва ин дигаргунӣ, хушбахтона, тавонист, ки дар пешрафт ва рушди ҷомеа заминаҳои хуби ташкилӣ, ҳуқуқӣ ва амалиро ба бор оварад. Яке аз дастовардҳои бузурги даврони соҳибистиқлолӣ ташаккул ёфтани сиёсати давлатии ҷавонон ва тадриҷан фароҳам овардани имкониятҳои васеи рушду такомули ҷавонон дар шароити мураккаби тағйирёбии сохториву ҷамъиятӣ арзёбӣ мегардад. Шароитҳои фароҳамовардашуда бошад, баҳри рушду инкишофи имкониятҳои зеҳнӣ, ҳамчун як шахси комил бо донишҳои замонавӣ мусаллаҳ гардидани насли наврасу ҷавони кишвар мусоидат намуд, ки ин дар навбати худ дар замири онҳо қобилиятҳои нави инсониро кашф ва боварию эътимодашонро ҷиҳати анҷоми корҳои созандагӣ ба маротиб боло бурд. Бояд тазаккур дод, ки муҳимтарин рукни таҳкими истиқлолият ва сулҳу осоиштагӣ маҳз ҷавонон ҳастанд, зеро бо неруи созандаву иқтидорманд, қувваю тавон, диду нигоҳи тоза, зиракӣ ва ақидаҳои солими хеш дар рушди ҷомеа ва ободии Ватан саҳми босазо мегузоранд. Ҷавонон ба унвони неруи созанда ва ҳалқаи мустаҳками пайванди наслҳои башар нақши муҳим ва рисолати бузурге дар ҷомеа бар дӯш доранд. Пешрафти миллат бидуни саҳми ҷавонон тасаввурнопазир буда, шукуфоӣ, зебоӣ ва созандагиву беҳбудии зиндагӣ аз ҷавонон ғайрату матонати зиёдеро тақозо мекунад. Қишри серҳаракати ҷомеа, қувваи пуриқтидори меҳнатӣ – ҷавонон барои давлат дар татбиқи ҳама гуна вазифаҳои мақсаднок, аз ҷумла идоракунии устувор ҳамчун васила, неру ва захираи тавоно ва афзалиятноки инсонӣ ба ҳисоб мераванд.”

 

Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ зимни суханронии хеш аз дастоварди ҷавонон дар солҳои соҳибистиқлолӣ ёдовар шуда, иброз намуд, ки Боиси ифтихор аст, ки бо баргузории мулоқотҳои мунтазами Пешвои муаззами миллат бо ҷавонон (санаҳои 2 феврали соли 1993, 17 марти соли 1994, 23 майи соли 1997, 16 майи соли 1998, 21 майи соли 2005, 23 майи соли 2013 ва 23 майи соли 2017) дар ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии сиёсии ҷавонон як қатор дастовардҳои беназир, иқдомҳои нек ва созанда рӯи кор омад, ки дар идомаи татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон ва дар устуворгардонии ин соҳаи афзалиятноки Ҳукумати кишвар нақши муассир гузоштанд. Аз ҷумла, 23 майи соли 1997 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи баъзе чораҳои беҳтар намудани кор бо ҷавонон” имзо гардида, тибқи ин фармон дар сохтори Ҳукумати Ҷумҳурӣ Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кор шурӯъ намуд. Илова бар ин, қабул гардидани санадҳои муҳими давлатӣ, махсусан Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон”, Барномаи миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 1999 – 2000 ва 2001 – 2003”, “Барномаи давлатии тарбияи ватанпарастии ҷавонони Тоҷикистон”, “Барномаи рушди саломатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Консепсияи миллии сиёсати давлатии ҷавонон”, Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон то соли 2020”, давра ба давра қабул гардидани “Барномаи миллии рушди иҷтимоиии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013 – 2015, 2016 – 2018” ва 2019 – 2021, Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳуввияти миллии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018 – 2022, қабул гардиданд, ки барои татбиқи самараноки сиёсати давлатии ҷавонон заминаи мусоид фароҳам оварда, мавқеи ҷавононро дар ҷамъият боз ҳам устувор гардониданд.

 

Ҳамзамон, Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Маликшо Неъматзода ба сухан баромада, аз дастгириҳои давлатии ҷавонон, имконияту шароитҳо ва тадбирандешиҳои давлату Ҳукумати кишвар дар самти дастгирии қишри ҷавони ҷомеа ҳарф зад.

 

Собиқадори соҳаи хизмати давлатӣ Рафиқа Мусоева ба ҷавонон аз муҳимияти садоқату масъулиятшиносӣ дар соҳаи хизмати давлатӣ сухан ронда, тазаккур дод, ки сол аз сол ба хизмати давлатӣ мутахассисони ҷавон бештар ҷалб карда мешаванд, ки аз эътимоди роҳбарияти давлат, хосса Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳодат медиҳад. Хизмати давлатӣ ифтихору шараф аст ва аз хизматчиёни давлатӣ донишу малака ва масъулиятшиносиро тақозо менамояд.

 

Ҳамчунин дар рафти чорабинӣ иштирокчиён вобаста ба мавзӯи ҳамоиш маърузаҳои пурмуҳтаво ироа намуданд.

 

Дар фарҷоми ҳамоиш ба як қатор устодону кормандони фаъол Сипосномаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим гардид.

 

Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ кормандони шуъбаи фарҳанг ва рушди истеъдодҳои Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо суруду таронаҳои ватандӯстона хотири иштирокдорони ҳамоишро болида гардониданд.

Похожие записи