БАРРАСИИ МАСЪАЛАИ ТАТБИҚИ ҲУКУМАТИ ЭЛЕКТРОНӢ ДАР СЕМИНАРИ ИЛМӢ — НАЗАРИЯВӢ

4

Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси кафедраи технологияи иттилоотӣ ва амнияти иттилоотии факултети дипломатия ва сиёсат дар мавзӯи “Татбиқи ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” семенари илмӣ-назариявӣ доир гардид.

 

Дар семинар устодон ва магистрантони Академия иштирок ва суханронӣ намуданд.

 

Зимни баргузории семинар мудири кафедраи технологияи иттилоотӣ ва амнияти иттилоотӣ н.и.п.дотсент Мавлоназаров С.С., ассистентони кафедра Одинаев Р.С., Умарализода М. ва магистрантон доир ба мавзӯи мавриди назар суханронӣ намуда, андешаҳои судманд баён карданд.

 

Аз ҷумла, зикр гардид, ки татбиқи ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити муосири ҷаҳонишавӣ ногузир буда, ҷиҳати ҳаллу фасли аксар муаммоҳо мусоидат менамояд.

 

Ҳукумати электронӣ ин шакли нави ташкили фаъолияти мақомотҳои ҳокимияти давлатӣ ба ҳисоб меравад, ки аз ҳисоби истифодаи васеи технологияҳои иттилоотӣ – телекоммуникатсионии сифатан баланди амалкунӣ ва шароитҳои мусоиди бадастории хизматрасониҳои давлатӣ, иттилоот оид ба фаъолияти мақомотҳои давлатиро аз тарафи ташкилотҳо ва аҳолӣ таъмин менамояд. Дар ҷаҳони муосир бештари муколама ба шабакаҳои иҷтимоӣ ё интернет вогузор шудааст. Аз ин ҷост, ки ҷорӣ намудани ҳукумати электронӣ риояи қонунҳо ва тартиботи мавҷударо аз тарафи шаҳрвандон таъмин менамояд. Ба воситаи ҳукумати электронӣ ҳукумати кишвар нишон медиҳад, ки ба тақдири касоне, аз истифодабарии хизматрасониҳои давлатии ба онҳо пешбинишуда маҳруманд, бетараф нест.

 

— Ҳукумати электронӣ бояд муколамаи бевосита ва кушоди шаҳрвандонро бо ҳукумат, хадамотҳои гуногуни иҷтимоӣ, кумитаҳо, идораҳо ва дар охир бо ҳар роҳбари мушаххаси мартабаҳои гуногун таъмин намояд, ки “ҳукумати электронӣ” — ро на танҳо дастрас, балки интерактивӣ мегардонад. Моҳиятан, ҷорӣ намудани ҳукумати электронӣ ин тарзи наздик намудани соҳибмансаб ба шаҳрванд буда, кам намудани таъсири омили субъективӣ мебошад. Дар раванди муносибати рӯ ба рӯ набудаи мансабдор ва шаҳрванд, ки дар ин ҳолат назорат мавҷуд аст, шаҳрванд метавонад ҷараёни ҳалли муаммоҳояшро худ пайгирӣ намояд. Мақсади ниҳоии сохтани ҳукумати электронӣ низ дар ҳамин арзёбӣ мегардад. Дар ин ҳолат сатҳи коррупсия ва рух додани ҳодисаҳои номатлуб ба маротиб кам мегардад. – иброз дошт Силмон Мавлоназаров дар ҷараёни баромади худ.

 

Дар фарҷоми семинари илмӣ-назариявӣ баҳсу мунозираҳои илмӣ  ва суолу ҷавоб сурат гирифт.

 

 

Аксҳо

Похожие записи