БУНЁДИ ИНШООТИ АСР – МОЯИ ИФТИХОРУ ШАРАФМАНДӢ

IMG_0781

Ҳар миллату давлат дар тамоми давраи мавҷудияти худ бо баъзе шоҳкориҳои меъморӣ ва ҳайратангези худ барои тамоми ҷаҳониён намунаи беҳамтои бунёдкориеро мерос мегузорад. Чиниҳо бо “Девори бузург”, фаронсавиҳо бо “Манораи Эйфел”, англисҳо бо “Соати бузург”, итолиёвиҳо бо “Колизей”, мисриҳо бо “аҳромҳо”, амрикоиҳо бо “Ҳайкали озодӣ” имрӯз ифтихор доранд, бевосита аз ҳисоби ҳамин ёдгориҳои меъморӣ яке аз самтҳои асосии иқтисодиашон, яъне саноати сайёҳиро таъмин менамоянд.

 

Ҳарчанд тоҷикон давоми қарнҳо ҳазорон ҳазор қалъаву манораҳо ва дигар ёдгориҳову шоҳасарҳоро бунёд кардаву ба оламиён тақдим намудаанд, аммо мутаассифона гардиши айём қисмати зиёди онҳоро хароб намудаву қисмати дигарашон мавҷудияти худро пурра қатъ намудаанд. Шаҳркадаи “Саразм”, “Карон”, “Ҳулбук”, қасрҳои волиёни Суғд дар Истаравшану Хуҷанд ва ҳазорон дигар ёдгориҳои таърихии миллати мо, ки арзишашон аз девори Чину Эйфели Фаронса кам набуд, аз сабаби офату харобкориҳои дигар ё пурра аз байн рафтанд ё танҳо шикастадеворҳояшон боқӣ монду халос. Аммо мардуми тоҷик новобаста ба ҳамаи ин арзишу фарҳанг ва матонати худро аз даст надода, пас аз ба даст овардани Истиқлоли давлатии худ аз пайи бунёдкориву ободии мамлакати азизамон гаштанд.

Асри муосир ва ҷаҳони савдову тиҷорат давлатҳову ҳукуматҳоро маҷбур менамояд, ки дигар дар баробари ҳамаи соҳаҳои ҳаёту зиндагӣ ҷиҳати беҳтар намудани вазъи иқтисодиёти мамлакат талош намоянд. Тавре таҳқиқоту кашфиётҳои ҷуғрофӣ нишон медиҳанд, бузургтарин иқтидори иқтисодии Тоҷикистонро маҳз соҳаи гидроэнергетика ташкил менамояд. Тоҷикистон, ки зиёда аз 60 дарсади захираҳои обии Осиёи Марказӣ аз ҳудуди он сарчашма мегиранд, имконияти бой ва шароити мусоиди ҷуғрофиро барои бунёди як қатор неругоҳҳои барқӣ доро мебошад. Ин имконияту шароитро ҳанӯз дар ибтидои солҳои 50-уми қарни гузашта намояндагони Ҳукумати Шӯравӣ дарк намудаву дар кишвари мо бузургтарин нерӯгоҳи асри XX яъне НБО “Норак”-ро бо сарбанди нотакрораш бунёд намуда буданд.

Маҳз дар давраи Ҳукумати собиқи Шӯравӣ бунёди дуюмин ва боз ҳам бузургтарин неругоҳ дар Тоҷикистон ба нақша гирифта шуд, аммо бунёди он бо сабабҳои гуногуни объектививу субъективӣ анҷом наёфт. Танҳо дар оғози асри нав корҳои сохтмонӣ бо шаҳомату азамат ва матонати сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эҳё гардида, аллакай дар муддати кӯтоҳ ду агрегати ин неругоҳ ба истифода дода шуд.

Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд месозанд,  ки “Роғун” бо он иқтидор ва бузургие, ки дорад, иншооте мегардад, ки дар таърихи миллати тоҷик гардиши бузургеро ба бор меорад. Маҳз ҳаминро ба инобат гирифта, Роғунро “иншооти аср” меноманд ва бунёди онро бо бунёди ёдгориҳои меъмории бузургтарин мамлакатҳои мағрибу машриқ, ки дар боло зикрашон рафта буд, баробар месозанд. Маҳз “Роғун” солҳои минбаъд барои Тоҷикистону тоҷикистониён Саразми навин, Карони муосир ва Ҳулбуки нотакрор мегардаду шуҳрату шони миллати тоҷдори тоҷикро боз ҳам болотар мебарад.

Дар баробари ҳамаи ин гуфтаҳо ҳаминро қайд кардан мумкин аст, ки кор дар корзори “Роғун” имрӯз мояи мардонагиву шараф ва ифтихори миллӣ гардидааст. Имрӯз шарт нест, ки мисли даҳ аср пеш бо шамшеру найза худро марди комил номид. Зеро имрӯз корзори “Роғун” аз майдони набардҳои бузурги Чингизу Искандар дида, бошукуҳтар аст ва ҳар шахсе кӯчактарин саҳми худро дар бунёди ин иншооти азим мегузорад, ояндаи худ ва фарзандону насли ин Ватанро чароғон месозад.

Пас аз он ки соли 2016 шахсан сарвари давлат бо неруву қувва ва азми тоза ба сари чанбараки техникаи пуриқтидор нишаставу дар муддати зиёда аз яку ним соат маҷрои дарёи Вахшро бастанд, ҳар ҷавон дар худ хоҳиши саҳм гузоштан дар бунёди “Роғун”-ро мекунад. Вақте хабарнигорону рӯзноманигорон бо бунёдкорони ин иншооти азими стратегӣ ҳамсуҳбат мешаванд ва доир ба кору фаъолияташон дар “Роғун” пурсон мешаванд, чун анъана ҷавобҳои қотеъона ва ватандӯстонаро мегиранд ва бори дигар аз тоҷику ҳамватани чунин абармардон будан, ифтихор менамоянд.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ тайи сафари охиринашон аз 10 августи соли равон ба “Роғун” ин садоқату муҳаббати шермардони корзори “Роғун”-ро дида болидахотир гардиданд ва бо изҳори қаноатмандӣ аз меҳнати шабонарӯзии эшон қайд намуданд: “Шумо – бунёдкорони “Роғун” дар ин майдони набард ва арсаи нангу номуси миллӣ бо ҷасорату матонат ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ заҳмат кашида истодаед”.

Пас аз ин таҳсину офаринҳои Сарвари мамлакат ба бунёдагарони “Роғун” танҳо офарин хондаву барояшон неруӯи рустамона ва азми тоҷикона орзу намудан ва бо ифтихор аз тоҷик будани худ ҳаминро қайд кардан мумкин аст:

Зиҳӣ бунёдкори “Роғун”!

Файзалӣ ХОРКАШЕВ

магистранти шуъбаи тайёркунии касбии хизматчиёни давлатии Академия

Похожие записи