ВАҲДАТИ МИЛЛИРО БОЯД ГИРОМӢ ДОШТ
- Автор apatj
- Категория - Хабарҳои академия
Дар бобати амалҳои хайрхоҳонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мустаҳкам кардани пояҳои Истиқлоли давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ метавон асарҳо офарид, зеро хизматҳои Сарвари давлат баҳри миллати тоҷик ҳадду канор надоранд. Бо заҳматҳои Сарвари давлат ҷумҳурии мо аз ҳама ҷиҳат: чи аз ҷиҳати сиёсию иқтисодӣ ва чи иҷтимою маданӣ мустақил аст. Дар таърихи давлатдории мо дастоварди бузурге ба амал омад: 9 сентябри соли 1991 ва парламенти ҳамонвақта дар ин сана расман Истиқлоли давлатиро эълон кард. Хушбахтона, имрӯз ба бахти халқи мо дар кишвари азизамон амну амонӣ ҳукмфармост ва мо дар фазои ором зиндагӣ дорем. Имрӯз вақти он расидааст, ки ҳамаи мо, тоҷикон, ҳисси хештаншиносию ватандорӣ ва худогоҳии миллӣ дошта бошем ва ба қадри ин хоки аҷдодию ин марзи муқаддас — Тоҷикистони азиз, ки як гӯшае аз боғи фирдавсро Худованд ба мо ҳадя кардааст, бирасему шукронаи ин бахту толеи худовандиро намоем.
Покдоманию асолати волои миллати фарҳангдӯсту тамаддунофари тоҷикро Холиқи оламиён ба назар гирифта, 9 сентябри соли 1991 давлат ва мардуми сарбаланду шарифи тоҷикро бо соҳиб шудан ба истиқлолияти комили миллӣ дар арсаи ҷаҳону башарият муяссар намуд. Аз замони ҳастӣ ва эҳёи давлат халқиятҳои гуногун ва тамоми давлатҳои дунё орзуи ҳақиқияшон, ки бо баҳои ҷон ҳам мехоҳанд онро ба даст биёранд, ин Истиқлолияти мутлақи сиёсию иҷтимоист. Дуюмин шуда дар байни Давлатҳои Мустақил Конститутсияи мамлакати соҳибистиқлолро қабул кард ва се маротиба ба он тағйироту иловаҳо дароварда шуд, солҳои 1999, 2003, 2016. Ҳамаи мову шумо хуб медонем, ки барои ба даст овардани ин сулҳу субот ва тинҷию оромии миллат чи қадар мушкилотҳои сангин ва фаромӯшнашавандаро аз сар гузаронидем.
Мутаассифона, баъди расман эълон кардани Истиқлолияти давлатӣ дар кишвари мо нооромиҳо ба вуҷуд омада, ҷанги шаҳрвандӣ оғоз шуд. Яъне Истиқлолият ва Ваҳдати миллиро миллати мо бо заҳмату талошҳои Сарвари давлат ва мардони далеру шуҷои ин марзи муқаддас ба даст овардаанд, ки мо имрӯзҳо дар фазои сулҳу оромӣ умр ба сар мебарему посдори арзишҳои миллӣ ҳастем.
Аз ин рӯ, эҳтироми мардуми мо ба ин санаи тақдирсози миллату давлат пайваста меафзояд ва онро азизу муътабар мешуморанд. Мо ҳеҷ гоҳ ранҷу заҳматҳои фарзандони бовиқору далеру шуҷои Ватанро, ки дар роҳи бунёди сохтори конститутсионӣ ҷони худро дареғ надошта, хизматҳои шоиста карданд ва он нафаронеро, ки дар ин роҳ қурбон гаштаанд, фаромӯш нахоҳем кард. Мо бояд амиқан дарк намоем, ки Конститутсия ва дар маҷмуъ ҳама қонунҳо кафили сулҳу субот, воситаи муҳими таъмини озодӣ, адолати иҷтимоӣ ва баробарҳуқуқии инсоният мебошанд. Аммо муҳимаш он аст, ки имрӯз мо шукронаи Ваҳдату Истиқлолро намуда, ба қадри ободию озодии Ватан бирасем ва дар роҳи фардои дурахшони он содиқонаю софдилона хизмат намоем.
Некрӯз НАЗИРМАДОВ,
магистранти Академия