ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – ДАСТОВАРДИ БУЗУРГИ ТАЪРИХИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК

Ваҳдати миллӣ дар таърихи навини давлатдории миллати тоҷик дастоварди арзишмандтарин мебошад, зеро барои амалӣ гардидани ормонҳои халқамон, ки бо қалби пур аз умед интизори сулҳу оромӣ ва дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ буд, заминаи воқеӣ гузошт.

 

Имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти ҷомеа оғози гардиши куллӣ дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва маънавии халқи тоҷик гардид. Ин сулҳ боварии даҳҳо ҳазор ҳамватанони бегуноҳ, занону кӯдакон, пиронсолону ҷавононро, ки маҷбуран тарки Ватан карда буданд, ба зиндагӣ эҳё намуд. Сулҳи бадастомада натиҷаи заҳматҳои зиёди сулҳофаринии миллати тоҷик ва иродаи неки ҳарду ҷониб буд. Хидмати Пешвои миллатро махсусан бояд зикр кард, ки агар ӯ ҷасорат нишон дода, аз хатар наҳаросида, ба Афғонистон ҷиҳати мулоқот бо сарварони ИНОТ сафар намекард, ин сулҳ метавонист хеле дер ба даст ояд ва ё амалӣ нагардад. Ё худ дар ҳолати ниҳоят вазнини сиёсию низомӣ барои вохӯрӣ бо дастаҳои силоҳбадаст ба ВМКБ рафта, на танҳо аз хатари террор натарсид, балки силоҳбадастонро бовар кунонд, ки ба ғайр аз сулҳ ва таъмини амният чораи дигар ва вазифаи ватанпарастонаи олитар вуҷуд надорад.

 

Санади сулҳу созиш умедҳои барбодрафтаро ба рӯзгори тинҷу осудаю Тоҷикистони озоду мустақил дигарбора эҳё намуд ва кишвару миллатро аз вартаи нобудӣ раҳоӣ бахшид. Ҷанги тӯлоние, ки дар идомаи он ҳазорон нафар одамони бегуноҳ куштаю захмӣ гардида, ҳазорони дигар корхонаю иншоот, манзилҳои мардум сӯзонидаю валангор шуда буданд, хотима ёфт. Барои раҳоӣ аз гуруснагию қаҳтие, ки бар асари нооромиҳо дар баъзе манотиқи кишвар ба миён омада буд, умеди наҷот пайдо гардид. Рукуди маҷбурии иқтисодӣ, бекористии чандинсолаи корхонаю муассисаҳо, заминҳои кишоварзиро низ охир омад.

 

Кишварҳои дӯст ва кафили сулҳ, созмонҳои байналмилалии бонуфуз, бахусус СММ ва САҲА барои истиқрори сулҳ кори хеле муҳимро анҷом доданд. Шахсиятҳои шинохта ва ватандӯсти кишвар низ, ки дар раванди гуфтушуниди ҷонибҳо иштирок карда, мавқеъҳоро ба ҳам наздик карданд, хидмати арзишманд намуданд.

 

Баъд аз имзои Созишномаи умумии сулҳ мақоми татбиқкунандаи он – Комиссияи оштии миллӣ (КОМ) вазифаи пурмасъулият ва таърихиро иҷро кард.

 

Барои иҷрои протоколҳои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ монеаҳои айнӣ ва зеҳнӣ батадриҷ рафъ карда мешуданд. Монеаи айнӣ қабл аз ҳама вазъи иқтисодӣ маҳсуб мешуд. Махсусан, ҳалли масъалаи манзили ба Ватан баргаштагон, ки хонаҳояшон сӯхта буданд ва ё ғайриқонунӣ ғасб шуда буданд, хеле душвор буд. Ҳалли проблемаҳои низомӣ низ бағоят душвор буд. Ҳамчунин таъмини мардум бо озуқаворӣ дар он шароит кори осон набуд. Бо вуҷуди ин, ҳукумат бо дастгирии созмонҳои байналмилалӣ барои обод кардани хонаҳои вайроншуда, бо маводи хӯрока таъмин кардани шаҳрвандони бозгашта тамоми чораҳоро медид, то ки ҳарчӣ зудтар ин мушкил бартараф гардад. Ҳамчунин баррасӣ ва ҳаллу фасли масъалаҳои сиёсӣ ва ҳуқуқӣ аз масъалаҳои дараҷаи аввали кори КОМ ба ҳисоб мерафт. Ворид намудани тағйирот дар Конститутсия ва қонунҳо, ба вазифаҳои давлатӣ таъин кардани намояндагони ИНОТ, иҷозат ба фаъолияти ҳизбҳо ва ҳаракатҳои манъшуда, татбиқи қонуни авф ва ғайра кори дар воқеъ мураккаб буданд, ки хушбахтона бомуваффақият иҷро шуданд.

 

Ҳизбҳои сиёсие, ки дар ҷараёни даргириҳо барои амалҳои ғайриқонунӣ мамнӯъ шуда буданд, фаъолиятҳояшонро аз нав, дар шароити озоду демократӣ ва дар чаҳорчӯбаи қонун шурӯъ намуданд. Интихоботе, ки соли 1999 ба хотири ворид сохтани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд, ҳамин дигаргуниҳоро таҷассум намуда, нақши муҳимеро дар густариши руҳияи таҳаммулпазирӣ, бахшиши гуноҳҳо, таҳкими озодиҳои демократӣ ба ҷо овард. Ногуфта намонад, ки дар ҷараёни иҷрои шартҳои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ амалияи авф сурат гирифта, бо фармони Президенти мамлакат бисёр намояндагони ИНОТ аз адои ҷазо озод гардиданд.

 

Ҳамин тавр, барқарор гардидани сулҳу субот имкон дод, ки Тоҷикистони тозаистиқлоли мо захмҳои давоми ҷанг гирифтаи хешро даво бахшида, айни замон ба бунёди аркони давлатдории навинаш қадам бигузорад. Мардуми кишвар бошанд, ба ҳаёти осоишта ва ободию созандагиҳо рӯ биоваранд.

 

Вале чуноне ки медонем, расидан ба сулҳу амнияти сартосарӣ, ба ин рӯзи мурод ва саодату хушбахтӣ кори саҳлу осоне набуд. Ин сулҳ, воқеан ҳам, чуноне Лоиқ Шералии зиндаёд он шабу рӯзҳо гуфта буд, “сулҳи деринтизор” гардид, ки барои ҳосил шуданаш заҳмату талошҳои чандинсола ба кор рафтаанд, басо шабҳое аз пайи гуфтушунидҳо саҳар шудаанд ва басо лаҳзаҳои қаноатмандӣ ва ноумедию дилмондагӣ дар ҷараёни онҳо сипарӣ гардидаанд, ки самарааш ҳамин номаи наҷоти миллат гардидааст.

 

Раҳми Парвардигори мо омад,

Нури Ҳақ бар диёри мо омад.

Ҷанги бунёдсӯзи мо бигзашт,

Сулҳи бунёдкори мо омад.

 

Ҳанӯз аз давраи интихоби якдилонаашон ба мақоми Раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон, ки дар иҷлосияи таърихии 16 Шӯрои Олӣ дар шаҳри Хуҷанд, моҳи ноябри соли 1992 воқеъ шуда буд, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни нахустин суханронӣ ба сифати сарвари давлат муҳимтарин ва муқаддамтарин вазифаи хеш ва роҳбарияти кишварро ба барқарор намудани сулҳ ва бозгардонидани гурезагон эълон карда буд. Заҳмату талошҳои пайгиронаи Пешвои муаззами миллатамон барои барқарории сулҳу субот дар кишвар аз ҳамон давра шурӯъ мешавад, ки дар ин роҳ Ҷаноби Олӣ қатъият ва ҷасорати бемисол нишон дода, ҳамаи монеаҳои пайдошударо оқилонаву хирадмандона, бо маҳорати воло бовар кунондану эътимод бахшидан, бо матонату фидокорӣ рафъ сохта, дар ниҳояти кор ваъдаи рӯ ба рӯи миллионҳо нафар мардум додаашро ба ҷо овард.

 

Нахустин даври гуфтушунид бо ҳайати ИНОТ моҳи апрели соли 1994 баргузор шуда буд. Аз он вақт сар карда, то 27 июни соли 1997 чандин даври дигари вохӯрию гуфтушунидҳои тӯлонӣ миёни намояндагони роҳбарияти олии кишвар ва ҳайатҳои ИНОТ сипарӣ гардиданду заминаҳои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллиро фароҳам оварданд. Ҳамин тариқа, хираду таҳаммулпазирии зотӣ, ки дар ниҳоди мардуми тоҷик аз қаъри тамаддуни бостонии чандҳазорсолааш сарчашма мегирад, ба пирӯзии ниҳоии худ расид ва ин кохи бегазанд, бо вуҷуде, ки баъди он барояш чандин имтиҳону санҷишҳое низ пеш омаданд, чун кӯҳ ҳамеша устувору пойбарҷо боқӣ монд. Акнун таҷрибаи сулҳи тоҷикон аз ҷониби маҳофили байналмилалӣ чун намунаи нодири рафъи оқилонаи низоъҳои дохилӣ шинохта шуда, мавриди омӯзишу пайравӣ қарор дорад, ки ин таҷриба, барҳақ маҳсули ҳунар ва заковати Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шумор меравад. Муҳимтарин сабақе, ки аз таҷрибаи сулҳи мо бармеояд, таъмини ваҳдати миллист. Барои ҳамин бесабаб нест, ки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ваҳдати миллиро баробари истиқлолият барои давлатдории навини тоҷикон азизу муқаддас мешуморад.

 

Таъмину таҳкими ваҳдати миллӣ имрӯз яке аз самтҳои меҳварии сиёсати пешгирифтаи давлату ҳукумати Тоҷикистонро ташкил медиҳад. Зеро, чуноне Президенти мамлакатамон ҳамеша таъкид мекунанд, ваҳдати миллӣ аз ниёзмандиҳои доимии ҳама гуна давлатдориҳои миллист. Тоҷикон баъд аз ҳазор соли фосилаи таърих нахустин бор соҳиби давлатдории миллии хеш гардиданд. Мо имрӯз дар соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоиямон нақшаву барномаҳои азимро амалӣ карда истодаем, ки онҳо ба боло рафтани сатҳи зиндагии аҳолӣ мусоидатҳои зиёде кардаанд. Орзуву ниятҳои азиме барои оянда ҳам дорем. Мақсад як кишвари пешрафтаи саноатию аграрӣ гардонидани Тоҷикистон, ташаккули нерӯи инсонии шоистаи ин давру замон ва ин гуна давлат, бо донишу маърифати мукаммал, бо ихтисосҳои ҷавобгӯи талаботи рӯз. Барои он, ки давлат пеш равад ва мо вазифаҳои бар дӯшамон гирифтаро муваффақона ба ҷо оварем, бояд ваҳдати миллӣ дар ҷомеа пойдор бошад. Ваҳдату сарҷамъӣ омили бақои миллату давлат, сулҳу субот ва пешрафту бунёдкориҳост.

 

Имрӯз мо дар замоне зиндагӣ дорем, ки таъсири равандҳои беруна ба ҷомеаи мо ба маротиб афзудааст. Ҷаҳонишавӣ, интернет барои чунин таъсиррасонӣ имкониятҳои зиёд фароҳам овардаанд. Даставу гурӯҳҳои мухталифи террористию ифротгаро дар минтақаи Шарқи Наздик доираи нуфузашонро ба дигар гӯшаҳои олам, аз ҷумла Тоҷикистон густариш медиҳанд. Дар чунин шароит ваҳдати миллӣ сипари боэътимоде буда метавонад, ки истиқлолияти давлатии мо, амну суботи кишварамон ва муттаҳидиву якпорчагии ҷомеаамонро аз ҳар гуна дахолат ҳифз мекунад.

 

Ана ҳамин омилҳоянд, ки масъалаи таъмини ваҳдати миллӣ аз нахустин солҳои истиқлолият ва баъди истиқрори сулҳ дар кишвар яке аз вазифаҳои калидии давлати тозаистиқлоли Тоҷикистон ва ҷомеаи кишвар қарор гирифту дар ин замина давоми солҳои сипаришуда корҳои бузурге ба анҷом расонда шуданд ва он минбаъд ҳам яке аз самтҳои муҳими фаъолияти мо боқӣ хоҳад монд.

 

Яке аз дастовардҳои муҳим ва пояи қавии ваҳдати миллии мо таъсиси Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар соли 1997, бо пешниҳоди Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Он дар сафҳои хеш ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, корхонаю муассисаҳою хоҷагиҳо, одамони алоҳида, намояндагони касбу кор ва шуғлҳои гуногун ва қишрҳои мухталифи ҷомеаро муттаҳид кардааст. Мақсаду мароми ин ҷунбиши умумимиллӣ дар барномаи он чунин ифода гардидааст: “Созишномаи умумӣ оид ба истиқрори сулҳ ва оштии миллӣ, ки 27 июни соли 1997 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбари Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини тоҷик ба имзо расид, ифодагари умед ва манфиати тамоми мардуми Тоҷикистон буда, ба марҳалаи нави ҳаёти ҷамъиятии кишвар ибтидо гузошт.

 

Дар чунин вазъият мамлакат ба ҳаракате ниёзманд аст, ки тамоми оммаҳои мардумро дар атрофи ғояҳои олии умумимиллӣ муттаҳид намояд, нерӯҳои бунёдкоронаи иқтисодӣ, илмию фарҳангӣ ва умуман эҳёи Тоҷикистонро таъмин созад. Аз ин хотир, мо ҳаммаслакон, ки намояндагони аҳзоби сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, бунёду созмонҳои гуногун ва сохторҳои давлатӣ мебошем, мақсаду маром ва рисолати ҷамъиятии хешро тавассути ин барнома ба ҳамватанони худ ва ҷонибдоронамон дар миқёси олам эълон медорем”.

 

Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон давоми 25 соли фаъолият рисолати бузурги ба зиммааш гузошташударо сарбаландона ба ҷо оварда, ҷиҳати дар атрофи ормонҳои умумимиллӣ муттаҳид сохтани ҷомеа саҳми боризе гузоштааст.

 

Ҳамин тавр, аҳамияти Созишномаи истиқрори сулҳ барои миллати тоҷик он қадар бузург аст, ки бо гузашти солҳо қадру қимматаш ба маротиб меафзояд. Ва имрӯз бо сарфарозиву ифтихори беандоза ва ҳамзамон бо итминони комил қайд кардан мумкин аст, ки ин воқеаи фараҳбахш 20 сол муқаддам танҳо ба туфайли роҳбарии оқилонаи меъмори сулҳу ваҳдат, фарзанди фарзонаи миллат, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ва хиради азалии мардуми воқеан сулҳпарвару созандаи тоҷик рӯи кор омад ва имрӯз чун таҷрибаи нодиртарину нотакрори таърихи инсоният, барои расидан ба худогоҳиву ҳалли мушкилоти ҳаётии ҷаҳони мутағаййири муосир хизмат намуда истодааст.

 

Баъди гузашти солҳо насли оянда барои ин дастоварди бузург ба маърифати волои миллати тоҷик сари таъзим фуруд меоранд. Рӯ овардан ба гузашта ин мунаввар кардани роҳи оянда аст.

 

Субҳиддин ШАРИПОВ

магистранти курси 2

Похожие записи