ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – ОМИЛИ РУШДИ ҶОМЕА

280357388_2401302723366935_1665643376281251363_n

Ваҳдати миллӣ муҳимтарин дастоварди бузург ва муқаддаси миллати мо дар даврони соҳибистиқлолии кишвар ба ҳисоб рафта, нақши бузургеро дар сарҷамъии миллат ва пойдории давлат гузоштааст. Дар ҳақиқат, Ваҳдати миллӣ аст, ки сулҳу субот, оромиву осоиштагӣ, пешрафту тараққиёт, ободии давлату миллат ва зиндагии шоистаи мардум таъмин карда мешавад. Ваҳдат оғози ҳамаи созандагиву ободкориҳо, ибтидои суботи сиёсиву иҷтимоӣ, некӯаҳволии рӯзгори ободу осудаи мардум ва эҳёи худшиносию худогоҳӣ ва роҳ сӯйи фардои дурахшон аст.

 

Таърих гувоҳ аст, ки 25 сол қабл, 27 июни соли 1997 фарзандони фарзонаи миллати тоҷик, бо ҳисси баланди меҳанпарастӣ, бо меҳри ватандӯстию сулҳхоҳӣ, баъд аз нофаҳмиҳо ва даргириҳои таҳмилӣ дар натиҷаи музокироти сулҳ ба ин кашмакашҳо хотима гузошта, “Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ”-ро имзо намуданд. Ин санад ифодакунандаи қатъи ҷанги дохилӣ буда, ба оғози ҳаёти осоишта қадам ниҳодани мамлакатро инъикос менамояд.

 

Маҳз бо кӯшишҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати парешон сарҷамъ гардида, мамлакат обод шуд, пеш рафт ва барои бунёди рӯзгори ободу осудаи ҷомеа заминаи воқеӣ гузошт. Сулҳу ваҳдати тоҷикон на танҳо давлату миллатро наҷот дод, балки дар дили насли ҷавони тоҷик умедро ба ояндаи нек, хушбахтӣ, саодат, некномӣ ва ваҳдати ногусастанӣ зинда намуд. Бояд мо ҷавонон ҳеҷ гоҳ фаромӯш насозем, ки ҷанги таҳмилие, ки қабл аз имзои созишномаи сулҳ ҷараён дошт, ҳазорон шаҳрвандро қурбон, модаронро гирён, фарзандонро бепадар ва қисми дигарро бесарпаноҳ кард.

 

Маҳз сиёсати хирадмандонаи фарзанди фарзонаи миллат Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боис шуд, то кишвари мо аз вартаи ҷудоӣ раҳо гардида, сӯйи ояндаи дурахшон раҳнамун ва Ваҳдату ҳамдили пойдор гардад. Ваҳдати миллӣ асоси оромиву осудагии халқ, кафолати инкишофи давлат ва муҳимтарин омили рушди ҷомеа мебошад. Зеро танҳо сулҳу оромии ҷомеа ва ваҳдати миллӣ имкон медиҳад, ки ҳар давлату миллате ҷойгоҳи худро дар арсаи ҷаҳонӣ барқарор намояд ва иқтисодиёти кишвари худро таъмин намуда, ба иқдомҳои муҳими хеш мушарраф бигардад.

 

Мо, ҷавонон чун пайравони асили Пешвои миллат барои ҳифзу нигаҳдошти сулҳу субот ва Ваҳдати миллӣ бояд пайваста талош намоем. Дар баробари арзишҳои муқаддас, сулҳ ва Ваҳдати миллиро, ки пойдевор ва меъмори он Пешвои миллат мебошад, доимо ҳифзу нигаҳдорӣ намоем ва барои пешрафти кишвар сарҷамъона дасти ҳам бигирему пайи ободии он бештар бикӯшем. Аз таҳаввулоту нооромиҳои охири кишварҳои ҷаҳон арзиши аслии сулҳу субот ва оромиву осудагиро бифаҳмем. Пайваста талош намоем, ки пойдории сулҳу субот, оромиву осудагӣ дар қалбу шуури ҳар як фарди худогоҳу худшинос ва ватандӯсту ватанпараст ҳамчун арзиши нодири милливу дастоварди бебаҳои замони истиқлол таҳкиму тақвияти ёбад.

 

Ҷовид АЛИЕВ,

магистранти Академия

Похожие записи