Вохӯрии кормандони соҳаи тандурустӣ дар Академияи идоракунии давлатӣ

IMG_9263

Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии кормандони соҳаи тандурустӣ бо устодон, кормандон, донишҷӯён, ҳамзамон сардорони сарраёсатҳои хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилоятҳои Суғду Хатлон, раёсатҳои хадамот дар ВМКБ ва минтақаи Кӯлоб, инчунин, шуъбаву бахшҳои хадамоти давлатии ташхиси тиббию иҷтимоӣ дар ВМКБ, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо роҷеъ ба пешгирии бемории коронавирус COVID-2019 баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ Аҳмадзода Зулфия — муовини Ректор оид ба корҳои тарбиявӣ, Ғанизода Ибодат — директори донишкадаи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ, Табаров Маҳмадалӣ — сармутахассиси Сарраёсати назорати санитарию эпедемиологии хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Зокиров С.Ш. — директори маркази назорати давлатии санитарию эпедемиологии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, Қурбонов С.Б. — мутахассиси маркази назорати давлатии санитарию эпедемиологии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе иштирок ва суханронӣ намуданд.

Нахуст, сухани ифтитоҳиро Аҳмадзода Зулфия оғоз намуда, иброз дошт, ки ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба пешгирии бемории коронавирус дар Академия таҳти роҳбарии Ректор ситоди махсус таъсис дода шудааст, ки ҳамарӯза бо иштироки мутахассисони бунгоҳи тиббӣ миёни кормандону донишҷӯён корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида мешавад.

Табаров Маҳмадалӣ вобаста ба паҳншавии хатари бесобиқаи коронавирус ва дигаргун кардани вазъи ҳассоси ҷаҳонӣ ҳушдор намуда, қайд карданд, ки саломатӣ гавҳари ноёб аст, бояд имрӯз ҳар як фард аз роҳҳои пешгирии коронавирус бархурдор бошад ва чораҳои пешгирикунандаро, ки табибон муайян намудаанд, қатъиян риоя намуда, дар ҳолати худро нороҳат эҳсос кардан саривақт ба духтур муроҷиат намоянд.

Ҳамчунин зикр гардид, ки бо мақсади пешгирии бемории сироятии коронавирус пеш аз ҳама ба қоидаҳои санитарӣ, покиза намудани гирду атрофи манзили истиқоматӣ, ҷойҳои корӣ, зуд-зуд иваз намудани сарулибос, пок кардани дастон бо маҳлӯли антисептикӣ (спирт), шустани дасту рӯй ва дигар корҳои фаҳмондадиҳиро оид ба пешгирӣ аз сирояти коронавирус анҷом дода шуданд.

Зокиров С.Ш., иброз намуд, ки имрӯз боиси таассуф аст, ки чунин падидаи номатлуб тамоми ҷаҳонро ба таҳлука овардааст ва баъзе шаҳрвандони дигар кишварҳо аз ин зуҳурот ҳалок гардида истодаанд. Ҳамзамон баён дошт, ки имрӯз бо таваҷҷуҳи бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон то кунун ягон ҳолати сироятёбӣ ба коронавурус ба қайд гирифта нашудааст.

Дар фарҷом аз ҷониби иштирокдорони вохурӣ саволҳои вобаста ба ин вирус пешниҳод гардида, ҷавобҳои мушаххас гирифтанд. Ёдовар мешавем, ки зуҳуроти номатлуби COVID-2019-ро Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ 11-уми декабри соли 2019 пандемия эълон карда буд.

Аксҳо

Похожие записи