Вохӯрии коршиносони КМИР дар Академияи идоракунии давлатӣ

IMG_7915

Имрӯз дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба интихоботи навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки коршиносон аз Комиссияи марказии интихобот ва райъпурсии ҷумҳурӣ (КМИР) бо устодон кормандон ва донишҷӯёну магистрантон мулоқоти судманд доир гардид.

Дар вохӯрии мазкур Ғафурзода Абдухалил Давлаталӣ — Ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, Қодирзода Абдуҷаббор Сафаралӣ – муовини раиси Комиссияи марказии интихобот ва райпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қодирзода Далер Сайфулло, декани факултети дипломатия ва сиёсат, коршиносӣ КМИР иштирок намуда, вобаста ба моҳияту зарурияти интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақши овози ҳар як овоздиҳанда дар интихоботи дарпешистода, суханронӣ намуданд.
Нахуст Ректори Академияи чорабиниро ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки интихобот ифодаи олии бевоситаи ҳокимияти халқ тавассути изҳори озодона ва ихтиёрии иродаи интихобкунандагон буда, ба таври демократӣ ва озоду шаффоф баргузор намудани он яке аз вазифаҳои муҳимми давлат мебошад.

Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чун маъракаи муҳими сиёсӣ дар чаҳорчӯбаи Конститутсия ва қонунгузории интихоботии ҷумҳурӣ  танзим карда мешавад. Бо мақсади танзими қонунии ин раванд Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шудааст. Дар назар бояд дошт, ки имрӯз дар Тоҷикистон  заминаи устувори меъёрии ҳуқуқӣ дар ин самт мавҷуд буда, он имконият медиҳад, ки маъракаи зикргардида дар сатҳи баланди ташкилию сиёсӣ, бо риояи стандарту меъёрҳои байналмилалӣ баргузор гардад.

Қодирзода Абдуҷаббор Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» — ро шарҳу тафсир дода, вобаста ба ҳуқуқу ваколатҳои аъзоёни комиссия ва интихобкунандагон суханронӣ намуда таъкид дошт, ки масъулияти ташкил ва баргузории интихоботи президентӣ дар фазои озод, ба таври шаффоф, бо риояи қоидаҳои демократӣ ва стандартҳои байналмилалӣ дар қаламрави Тоҷикистон маҳз ба зиммаи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон вогузор шудааст. То ба имрӯз аз ҷониби Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд доир намудани маъракаи муҳими сиёсӣ — интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабиниҳои зиёди ҳуқуқиву ташкилӣ ва иттилоотиву ташвиқотӣ анҷом дода шудаанд. Аз ҷумла, бо мақсади амалӣ намудани ин чорабинии муҳими сиёсӣ Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон нақшаи тақвимии чорабиниҳои асосӣ оид ба тайёрӣ ва гузарондани интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро тасдиқ намуда, гузашта аз он ба мақсади баланд бардоштани фарҳанги ҳуқуқии аъзои комиссияҳои участкавӣ ва ҳавзавӣ, бархӯрдор намудани онҳо аз мазмуну моҳияти қонунгузории интихобот дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар семинарҳои омӯзишӣ гузаронда мешаванд.

Далер Қодирзода, коршиноси КМИР,  бо ишора ба таҳаввулотҳои дар бисёр кишварҳо баамаломада, таъкид дошт, ки ҳаряки моро зарур аст, зиракии сиёсиро аз даст надода, пайваста кӯшиш намоем, то бадхоҳони миллат аз ин маъракаи барои давлату миллат тақдирсоз ба нафъи худ сӯистифода накунанду фикру ақида ва ғаразҳои сиёсии худро дар кишвари мо амалӣ насозанд.

Дар охир аз тамоми шаҳрвандони Тоҷикистон, ки соҳиби ҳуқуқи овоздиҳӣ мебошанд, даъват ба амал оварда шуд, ки рӯзи 11 октябри соли ҷорӣ дар чорабинии муҳими сиёсӣ — Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолона иштирок намуда, ба тарафдории номзади арзанда овоз диҳанд ва барои ободиву пешрафт, пойдории сулҳу суботи сартосарӣ, ояндаи неки Тоҷикистони азиз мавқеи худро муайян намоянд.

Аксҳо

Похожие записи