ГУСТАРИШИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ — ОМИЛИ МУҲИМ БАР ЗИДДИ ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ

245522390_2227803727383503_2069192239734587317_n

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намудаанд, ки давлати мо, Тоҷикистони соҳибистиқлол, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона аст. Дар баробари ин аксарияти мардуми Тоҷикистон пайрави дини мубини ислом буда, дорои фарҳанги бой ва урфу одатҳои миллӣ мебошанд. Ҷавонони кишвари мо бояд муқаддасоти ин хоку оби сарзамини биҳиштосоро донанд ва ҳаргиз нагузоранд, ки миллати ҳазорҳо сол ранҷдида аз ин музаффариятҳое, ки имрӯзҳо ба даст овардааст, маҳрум гардад.

Дар шароити равандҳои пурталотуми ҷаҳонишавӣ халқу миллатҳои соҳибистиқлол бояд симои худ, аз ҷумла арзишҳои фарҳангиву ахлоқии худро ҳифз карда тавонанд. Бинобар ин миллати тоҷик, бахусус ҷавонону наврасони мо низ бояд аз решаҳои тамаддуни қадима, забону фарҳанги миллӣ ва оинҳои давлатдории халқи худ огоҳ бошанд ва вобаста ба дигаргуниву таҳаввулоти ҳазорсолаи сеюм барои устувор гардонидани пойдевори давлатдории навин ва фарҳангу андешаи миллии тоҷикон саъю талош намоянд. Ин тақозои ҳаёт ва вазифаи ҳар як миллати огоҳу соҳибфарҳанг мебошад.

Агар ба таърихи мавҷудияти давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон назар андозем, баръало мушоҳида менамоем, ки аз нуқтаи назари таъмини амният ва нигаҳдории сулҳу салоҳ, халқи тамаддунофари тоҷик мушкилоти зиёдеро паси сар кардааст. Ҳалли мушкилоти баамаломада ва паси сар кардани садду душвориҳо ба осонӣ ба даст наомадааст ва дар саргаҳи ин ҷоннисориҳо фарзанди фарзонаи миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меистад.

Дастовардҳое, ки зери роҳбарии ин фарзанди фарзонаи миллат дар арсаи ҷаҳонӣ кишварамон комёб гардидааст, хело бузург аст. Пешвои миллат тӯли солҳои роҳбариашон тавонистанд бо иродаву фазилати худ ва ғояи созандаашон пеш аз ҳама, кишвар ва миллатро аз вартаи нобудшавӣ раҳо дода, истиқрори сулҳ ва гурӯҳҳои мухталифи ҷомеаро дар асоси ғояҳои нав ва арзишҳои миллӣ муттаҳид намуда, бо сиёсати хеш роҳи демократиро дар кишвар вусъат дода, ҳамкории тарафайнро бо созмонҳову давлатҳои хориҷӣ барпо карда, мавқеи устувори Тоҷикистонро дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ, амсоли проблемаи оби нӯшиданӣ, мубориза алайҳи терроризм ва ифротгароӣ, мубориза бар зидди маводҳои нашъаовар нишон дода, иқтисодиёти кишварро аз бӯҳрон раҳо дода, ба сатҳи маърифатнокии шаҳрвандон, алалхусус наврасону ҷавонон таваҷҷуҳи хоссае зоҳир намуданд.

Мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ) қисми таркибии таъмини амнияти на танҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад. Вазъи буҳронии ҷомеа, пеш аз ҳама дар иқтисодиёт, мавҷудияти муноқишаҳои иҷтимоию сиёсӣ дар муносибатҳои байнидавлатӣ ва байнимазҳабӣ, номукаммалии заминаи меъёрии ҳуқуқӣ, ки проблемаҳои баҳсноки минтақавӣ ва байналмилалиро танзим менамояд, барои ба миён омадани чунин ҷиноятҳо ба монанди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ) мусоидат мекунад. Аз ин рӯ, мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ), ки вақтҳои охир хусусияти байналмилалӣ гирифтааст, бояд дар асоси тадбирҳои маҷмӯии умумидавлатии муқовимат анҷом дода шавад.

Яке аз масъалаҳое, ки боиси нигаронии ҷомеаи тоҷик гаштааст, коста шудани маърифату худогоҳии ҷавонон оид ба пос доштани таъриху фарҳанг, арзишҳои ахлоқӣ ва маънавии миллӣ, ноогоҳӣ ва сатҳи пасти маърифати ҷавонон мебошад, ки ин боиси гаравидани онҳо ба гурӯҳҳои иртиҷоӣ, зиёд гаштани майли наврасону ҷавонон ба арзишҳои бегона мегардад.

Ҳамин тариқ, дар чунин шароит вазифаи имониву муқаддаси ҳар як фарди бонангу номуси миллат — аз шаҳрванди одӣ то корманди баландпояи мақомоти давлатӣ, аз интихобкунандаи қаторӣ то аъзову вакили Парламент таблиғи бедории миллӣ, зиракиву ҳушёрии сиёсӣ, ҳисси баланди ифтихори ватандориву ватандӯстӣ, густариши ғояҳои худогоҳиву худшиносии миллӣ ва муҳимтар аз ҳама, таҳкими ваҳдати миллӣ мебошад. Ин вазифаи муқаддас ва қарзи фарзандии ҳар яки мо дар назди рӯҳи поки бузургони гузаштаамон ва наслҳои ояндаи миллати тоҷдорамон мебошад. Инчунин, мо ҳамчун неруи пешбаранда, ворисони асилу арзандаи миллату давлат ва созандагони имрӯзу фардои Тоҷикистони азиз бо ҳисси баланди миллӣ пояҳои давлатдории миллиамонро ҳамчун гавҳари ноёб эҳтирому нигоҳ медорем, ҳамчун неруи бузурги созанда ва сипари боэътимоди давлатамон бар зидди ҳама гуна хатари терроризму экстремизм бо роҳҳои пешбинӣ намудаи қонунгузорӣ мубориза мебарем.

Муродалӣ МИРЗОРАҲИМОВ,

мудири кафедраи илмҳои табиатшиносӣ ва риёзии Академия, номзади илмҳои физикаю математика

Похожие записи