Даври дуюми курси “Зан – сарвар” дар вилояти Суғд
- Автор pscompany0107
- Категория - Хабарҳои академия
Бо ташаббуси Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо намояндагии Бунёди Ҳаннс Зайдели Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар Тоҷикистон даври дуюми курси омӯзиши дуалӣ барои тайёр кардани ҳайати бонувони роҳбарикунанда аз ҳисоби хизматчиёни давлатӣ таҳти унвони “Зан – сарвар”, аз рӯзи 16 то 25 сентябри соли 2019 дар вилояти Суғд баргузор гардид.
Курси мазкур дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ роҳандозӣ гардида, дар он занону духтароне, ки дар мақомотҳои маҳаллӣ кору фаъолият доранд, ҷалб карда мешаванд.
Пешвои миллат дар паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (26. 12. 2018) иброз намуда буданд, ки “мо ба азму ирода ва масъулиятшиносии занон ҳамчун неруи бузурги ҷомеа эътимоди комил дорем. Мо минбаъд низ мақоми занонро дар ҷомеа баланд бардошта, мавқеи онҳоро дар татбиқи сиёсати иҷтимоии давлат дастгирӣ менамоем”.
Дар даври дуюми курс, Ҷамшедзода Ҷамшед Назаршоҳ – судяи суди Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи “Этикаи маъмурӣ ва пешгирии ҳолатҳои коррупсионӣ”, Моҳира Мирзоева- профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, дар мавзуи “Забони давлатӣ ва маҳорати суханварӣ” ва Эргашева Фариза-дотсенти кафедраи идоракунии захираҳи инсонӣ, дар мавзуи “Идоракунии захираҳои инсонӣ” ба шунавандагон дарс гуфтанд.
Мавриди зикр аст, ки даври аввали курси омӯзиши дуалӣ барои тайёр кардани ҳайати бонувони роҳбарикунанда аз ҳисоби хизматчиёни давлатӣ таҳти унвони “Зан – сарвар”, аз 2 то 11 июли соли 2019 дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки Ғафурзода Абдухалил Давлаталӣ – Ректори Донишкада, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, Ҷумахон Давлатов –Директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муртазозода Ҷамшед – вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олиии Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор ва Икромов Беҳзод – намояндаи Бунёди Ҳаннс Зайдел дар Тоҷикистон баргузор гардида буд. Тибқи иттилои Исматуллои Шерхон – ҳамоҳангсози барнома дар он 26 нафар занону духтарон аз шаҳру ноҳияҳои вилоят ҷалб карда шудаанд. Курси мазкур се давраро дарбар мегирад. Баъди анҷоми даври сеюми курс шунавандагон аз рӯи барномаи “Зан – сарвар” соҳиби диплом мегарданд, ки дар болоравии мансабии онҳо нақши муҳим хоҳад бозид.