ДАВРИ ФАКУЛТЕТИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ “ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ”
- Автор apatj
- Категория - Хабарҳои академия
Бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 феврали соли 2022, №АП-156 дар бораи баргузор кардани озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” дар факултети дипломатия ва сиёсати Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон даври факултетии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” баргузор гардид.
Дар даври факултетии озмуни ҷумҳуриявии зикргардида донишҷӯён, кормандон ва омӯзгорони факултет аз рӯйи номинатсияҳои гуногун иштирок намуда, донишу маҳорат ва малакаи худро санҷиданд.
Беҳтаринҳо ба даври академӣ роҳхат гирифтанд.