Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Дафтари СММ-занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон даври аввали семинарҳои омӯзишӣ оғоз гардид

IMG_6553 (1)

Дар доираи ҳамкориҳои  Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Дафтари СММ-занон дар Тоҷикистон даври аввали курсҳои омӯзишии серӯза аз рӯйи барномаи «Банақшагирии буҷет бо дарназардошти ҷанбаҳои гендерӣ:ҳадафҳо, вазифаҳо ва дурнамо» барои хизматчиёни давлатии мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ (аз ҳисоби масъулони таҳияи буҷет) оғоз гардид.

 

Зимни ифтитоҳи курс ректори Академияи идоракунии давлатӣ Ғафурзода Абдухалил Давлаталӣ, муовини раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода Умеда ва намояндаи Дафтари СММ-занон дар Тоҷикистон Нозирӣ Нушофарин иштирок ва суханронӣ намуданд.

 

Ректори Академияи идоракунии давлатӣ Ғафурзода Абдухалил аз ҷумла иброз дошт, ки омӯзондани масъалаҳои таъмини баробарии гендерӣ барои хизматчиёни давлатӣ, хусусан барои онҳое, ки дар сатҳи қабули қарор фаъолият мекунанд, хеле муҳим буда, Академияи идоракунии давлатӣ дар барномаҳои таълимии курсҳои такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ мунтазам мавзуъҳоро вобаста ба қонунгузории гендерӣ, санадҳои барномавӣ дар ин самт, мавқеи бонувон дар ҷомеа ва роҳу усулҳои бартараф кардани қолабҳои гендерӣ пешбинӣ менамояд.

 

Илова бар ин, дар доираи татбиқи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030  бо мақсади таҳким бахшидани фаъолият дар самти таъмини баробарии гендерӣ, тақвият додани донишҳои хизматчиёни давлатӣ дар ин самт, таҳлилу таҳқиқи масъалаҳои соҳа, тайёр кардани теъдоди бештари кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занон, дастгирии бонувони лаёқатманд дар хизмати давлатӣ ва идоракунии давлатӣ дар Академияи идоракунии давлатӣ дар мувофиқа бо Президенти мамлакат бо дастгирии сохтори СММ-занон Маркази омӯзишӣ ва дастгирии занони роҳбарикунанда ва болаёқат таъсис дода шуд.

 

Банақшагирии буҷет бо дарназардошти ҷанбаҳои гендерӣ яке аз роҳҳои самарабахши таъмини баробарии гендерӣ дониста мешавад.

 

Айни ҳол аз ҷониби коршиносони интихобнамудаи Дафтари СММ-занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон модули таълимии банақшагирии буҷет бо дарназардошти ҷанбаҳои гендерӣ таҳия гардидааст.

 

Дар марҳилаи аввал бо истифода аз усулҳои муосири таълим ба 80 нафар кормандони мақомоти давлатӣ роҳҳои ба инобат гирифтани масъалаҳои таъмини баробарии гендерӣ зимни таҳияи буҷет дар ҳамаи сатҳҳо омӯзонида мешавад.

 

Дар ҳар курси омӯзишӣ иштироки 20 нафар хизматчии давлатӣ дар назар дошта шудааст.  Дар ҷамъбасти курс ба шунавандагон гувоҳнома оид ба такмили ихтисос дода шуда, ҳамзамон шунавандаҳои фаъоли курс, бо туҳфаҳои хотиравӣ ҳавасманд карда мешаванд.

 

Қаблан дар Маркази омӯзишӣ ва дастгирии занони роҳбар ва болаёқати Академияи идоракунии давлатӣ дар ҳамкорӣ бо Дафтари СММ-занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои 17-18 июни соли равон семинари омӯзишии дурӯза бо мақсади тайёр кардани тренерон оид ба масъалаҳои таҳияи буҷет бо дарназардошти ҷанбаҳои гендерӣ ташкил карда шуд.

 

Дар семинар барои 18 нафар мутахассисон аз ҷониби коршиноси байналмилалӣ машғулиятҳо вобаста ба методҳои таълими интерактивии таҳияи буҷет бо дарназардошти ҷанбаҳои гендерӣ, таҷрибаи кишварҳои пешрафта дар ин самт, таҳлили гендерии барномаҳои стратегии соҳаҳои мухталифи идоракунӣ, марҳилаҳои асосии таҳияи буҷет гузаронида шуданд.

 

Аксҳо

Похожие записи