ДАР АКАДЕМИЯ ВОБАСТА БА ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ ҲАМОИШИ ИЛМӢ ДОИР ГАРДИД

IMG_5516

Имрӯз, 28 декабри соли 2022, дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба шарҳу тавзеҳи нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ доир гардид.

 

Дар ҳамоиш ректори Академияи идоракунии давлатӣ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Ғафурзода Абдухалил Давлаталӣ, ноибони ректор, омӯзгорон ва магистрантону донишҷӯён иштирок намуданд.

Чорабиниро ректори Академия, профессор Ғафурзода А.Д. ифтитоҳ намуда, иброз намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём худ ба Маҷлиси Олӣ самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро барои давраҳои оянда муайян намуда, оид ба пешбурди сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд. Сарвари давлат дар Паёми хеш аз дастоварду пашрафтҳои иқтисодию иҷтимоии мамлкат ёдовар шуда, онро заҳмати шабонарӯзӣ ва талоши ҳар як фарди ба миллат содиқу софдил ҳосибиданд ва бо боварӣ иброз намуданд, ки дар оянда низ миллати тоҷик бо заҳмату талош ва кӯшишҳои пайвастаи худ давлати моро аз ин ҳам ободу зебо мегардонанд.

Дар идома ноиби ректор оид ба илм ва инноватсия Карамалишоев Карамалӣ дар мавзӯи “Сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф дар партави Паёми Пешвои миллат”, директори Пажуҳишгоҳи идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатии Академия Фасеҳзода Ислом дар мавзӯи “Рушди иқтисодӣ-омили пешравии давлату миллат”, мудири кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва хизмати давлатии Академия Саъдиев Исмоил дар мавзӯи “Фароҳам гардидани шароитҳои ҳуқуқию меъёрӣ дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон”, директори Маркази омӯзишӣ ва дастгирии занони роҳбар ва болаёқати Академия Бибиосия Аюбӣ дар мавзӯи “Мавқеи занон дар татбиқи ҳадафҳои стратегии Ҳукумати кишвар” ва мудири кафедари дипломатия ва муносибатҳои байналмилалии Академия Меъроҷиддини Насриддин дар мавзӯи “Сиёсати хориҷӣ – ҳамчун воситаи муаррифии фарҳангу маданияти миллат” баромад намуданд.

Зимни баромадҳо зикр гашт, ки ҳамасола Перезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми солонаашон ба Маҷлиси Олии кишвар дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар маълумот дода, дурнамои онро барои соли оянда муайян ва вазифагузорӣ менамояд. Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ аз паёмҳои солҳои гузашта баъзе хусусиятҳояи фарқкунанда дорад. Аввалан Паёми навбатӣ аксаран ба масъалаҳои иқтисодӣ ва саноатикунии кишвар бахшида шудааст. Сониян дар Паём яке аз масъалаҳои муҳимми давлатӣ ҳифзи манфиатҳои миллию давлатӣ дар арсаи байналмилалӣ таъкид шуд, ки дар ҷаҳони зудтағйирёбанда ва бархӯрди манфиатҳои абарқудратон бисёр муҳим арзёбӣ мегардад. Аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян гардидани сиёсати хориҷии кишвар нисбат ба дигар иштирокчиёни муносибатҳои байналмилалӣ, далели он аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар низоми муносибатҳои байналмилалӣ марҳила ба марҳила ҷойгоҳ ва нуфузи сиёсии худро таҳким бахшида истодааст.

Дар охир таъкид гашт, ки Паёми Пешвои миллат бояд замина фаъолияти ҳаррӯзаи мо, омӯзгоронро ташкил диҳад, зеро он ҳадафҳоро барои фаъолияти мо дар тӯли сол мушаххас ва равшан намудааст.

Похожие записи