ДАЪВАТ БА ОЗМУН
- Автор apatj
- Категория - Хабарҳои академия
Муассисаи давлатии таълимии «Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо дастгирии Созмони Умумичаҳонии Тандурустӣ барои гузаронидани барномаи омӯзишӣ барои ҳайати роҳбарикунандаи озмоишгоҳҳо «Global Laboratoty Leadership Programme» (GLLP) барои харидории маводҳои конселярӣ, хоҷагидорӣ ва масолеҳи масрафӣ барои сохтани утоқи кории Маркази барномаи глобалии роҳбарӣ дар озмоишгоҳҳо озмуни тендерӣ эълон менамояд.
Барои иштирок дар озмун довталабон бояд ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод намоянд:
- Шаҳодатнома;
- Иқтибос;
- Пешниҳоди тендерӣ, муҳлати молрасонӣ ва иҷрои кор;
- Нусхаи иҷозатномаҳо барои амалисозии навъҳои фаъолият;
- Маълумотномаи нозироти андози макони қайди иштирокчии тендер, ки набудани қарзҳои ба таъхирмондаро оид ба пардохтҳо ба буҷетҳои ҳамаи сатҳ ва фондҳои ғайрибуҷетӣ тасдиқ мекунад ва на дертар аз 3 моҳ то ба охиррасии мӯҳлати додани дархост барои иштирок дар тендери мазкур дода шудааст.
Дархостҳо дар лифофаҳои муҳргузошта то 09 июни соли 2023 ба суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Саид Носир, 33 пешниҳод карда шаванд.
Озмун 12 июни соли 2023 дар толори маҷлисгоҳи Муассисаи давлатии таълимии «Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор мегардад.