ДИҚҚАТ: ДАРСИ КУШОД!

Ба диққати хоҳишмандон раснида мешавад, ки рӯзи 6 майи соли 2021 соати 10 00 бо ташаббуси кафдераи забони тоҷикӣ ва ҳуҷҷатнигории факултети дипломатия ва сиёсати Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “ДАРСИ КУШОД” дар мавзӯи “ЭҲСОСИ ВАТАНДОРӢ ДАР НАЗМИ ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛ” бо роҳбарии номзади илмҳои филологӣ, дотсент, Қурбонов Маҷид Абдулҳамидович гузаронида мешавад.

 

Ба мо маълум аст, ки миёни тамоми эҳсосоте, ки дар ниҳоди мо, инсонҳо, ҷойгоҳи хос дорад, наҷибтаринаш эҳсоси ватандорӣ бошад. Эҳсосе, ки мо имрӯзҳо баробари соҳибихтиёр гаштанамон беш аз ҳар вақти дигар ба доштани он ниёзмандем. Меҳру муҳаббат ба Ватан нахуст дар чаҳордевори хонавода шаклу сурат мегирад ва баъдан дар доираи иҷтимоӣ рушду камол меёбад. Эҳсоси ватандорӣ наҷибтарин ҳиссиёте мебошад, ки қодир аст шахсро ба сӯйи эҳёи Ватан раҳнамун месозад. Дарси кушод маҳз фарогири ҳамин мавзӯъ мебошад.

 

Суроға: Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ошёнаи 7, синфхонаи 607.

 

Иштирок дар дарси кушод озод аст!

 

Похожие записи