ЗАБОН ОЙИНАИ ПУРҶИЛОИ ТАЪРИХ ВА ҶАҲОНИ МАЪНАВИИ МОСТ
- Автор apatj
- Категория - Хабарҳои академия
Табрикоти Ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Ғафурзода Абдухалил Давлаталӣ бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ
Ҳамасола дар қаламрави кишварамон 5 октябр Рӯзи забони давлатӣ таҷлил мегардад. Ба ин муносибат ҳамаи Шумо, устодону кормандон ва магистрантону донишҷӯёни гиромиро самимона табрик намуда, бароятон бахту иқболи накӯро таманно дорам.
Чуноне Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти маҳбуби кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии хеш бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ иброз доштаанд: “…Забони миллӣ ойинаи пурҷилои таърих, ҷаҳони маънавӣ ва хираду маърифати ҳар як халқу миллат ба шумор меравад”. Воқеан, забон аз нишонаҳои асосии миллат ба ҳисоб рафта, таҷассумгар ва муаррификунандаи таъриху фарҳанги халқҳои алоҳида ба шумор меравад.
Дар фарози таърих забони тоҷикӣ новобаста аз ҳодисаҳои рӯзгор ҳамеша муаррифгари миллати тоҷик буд. Ҳарчанд баъд аз пош хӯрдани давлати Сомониён тоҷикон тӯли ҳазор сол бедавлат монда буданд, вале забони ноби тоҷикӣ дар ин ҳама сол нагузошт, ки номи тоҷик аз саҳифаҳои таърих несту нобуд гардад. Ҳатто дар солҳои ҳукмронии Ғазнавиёну Шайбониён ва Темуриён забони тоҷикӣ мақоми шоистаро касб намуда буд. Минбаъд, баъди арзи ҳастӣ намудани Ҷумҳурии Шӯравии Тоҷикистон фарзандони фарзонаи миллат забони адабии тоҷикро инкишоф доданд. Нависандагону шоирон ва олимони муосири тоҷик чун Мирзо Турсунзода, Абулқосим Лоҳутӣ, Сотим Улуғзода, Ҷалол Икромӣ, Фазлиддин Муҳаммадиев, Муъмин Қаноат, Лоиқ Шералӣ, Бозор Собир, Гулназар, Гулрухсор ва даҳҳои дигар бо осори мондагори хеш чароғи забони модариро фурӯзон нигоҳ доштанд.
Бо шарофати хизматҳои бузург, заҳматҳои бедареғ ва корнамоии беназири фарзандони фарзонаи халқи тоҷик, аз устод Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ то Садриддин Айниву Бобоҷон Ғафуров, ба ҳамон гуна асилу ноб, бо ганҷинаи ғаниву рангини калимаву истилоҳот ва таъбиру таркиботи зебову дилчасп то ба рӯзгори мо расидааст. Муҳаққиқи ҳақбину ҳақнигор Акбари Турсон ин нуктаро бисёр дуруст қайд намудааст: “Барои мо — ворисони Абӯалии Синою Ҷалолуддини Балхӣ, Камолиддини Хуҷандию Абдулқодири Бедил ҳаминаш мояи ифтихор аст, ки онон дар ҷоҳои бегона ҳам ягонагии забону фарҳанги халқи худро ҳифз намуда, нагузоштаанд, ки пайванди таърихию маданияшон аз ватан бурида шавад”.
Инак, чанд сол аст, ки аз минбари баланди Созмони Милали Муттаҳид, дар ҳамоишҳои бонуфузи сиёсии байналмилалӣ, дар кохҳои муҳташами раёсати давлатҳои муътабар лафзи ширину шевои тоҷикӣ садо медиҳад. Имрӯз, хушбахтона, забони тоҷикӣ ҳамчун омили муҳимми пойдории миллат ва давлатдории миллӣ аз ҷониби давлат ҳимоя ва нигаҳдорӣ мешавад. Аз ин рӯ, сиёсати давлат дар бораи забон ҳамчун ҷузъи ҷудонопазири сиёсати давлатӣ дар таъмини рушди бомароми забони давлатӣ ва забонҳои дигари ҷумҳурӣ равона шудааст. Забони тоҷикӣ дар марҳилаи нави муносибатҳои иҷтимоӣ дар мақоми забони давлатӣ дар таҳкими давлату давлатдории миллӣ ва таъмини рушди босуботи иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангӣ нақши муҳим дорад.
Дар солҳои соҳибистиқлолӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ҳифз ва нигоҳдошти забони тоҷикӣ як қатор тадбирҳои судманд андешида шудаанд.
Пеш аз ҳама, ҳамчун муқаддасоти миллат эътироф гардидани забони тоҷикӣ ва ҳамасола бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил гардидани Рӯзи забони давлатӣ дар кишвар, таъсис ёфтани Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2008-ро эълон намудани “Соли бузургдошти забони тоҷикӣ”, дар таҳрири нав қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, бо мақсади риояи талаботи қонуни болозикр се маротиба (соли 1998, 2010, 2021) Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ бо қарорҳои дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шуданд, дар ду ҷилд чоп гардидани асари пурарзиши “Забони миллат-ҳастии миллат” гувоҳ аз таваҷҷуҳ ва нигоҳдории забони давлатӣ мебошад.
Забони нобу шевои тоҷикӣ мероси гузаштагону ниёгони бофарҳангу бомаърифат ва хирадманди мо мебошад, ки омӯхтану пос доштани он аз соҳибзабонон ҳисси баланди худшиносию худогоҳӣ ва меҳанпарастию ватандӯстиро тақозо мекунад. Ба ибораи дигар, ифтихор аз Ватан, ифтихор аз таъриху фарҳанг, ифтихор аз ҳувияти миллӣ ва гузаштагони сарбаланди хеш маҳз аз поку бегазанд нигоҳ доштани забони модарӣ оғоз мешавад.
Агар ба баромаду суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳамасола бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ, дар паёмҳо ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вохӯриҳо бо аҳли зиёи мамлакат, инчунин зимни вохӯриҳо бо сокинони кишвар ироа шудаанд, таваҷҷуҳ намоем, мазмуну муҳтавои асосии онҳоро рушду ҳифз, гиромидошту арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ, аз ҷумла ба забони тоҷикӣ, ҳамзамон забономӯзӣ ташкил медиҳанд.
Ҷашни забон, ки дар кишвари соҳибистиқлоли мо ба ҳукми анъана даромадааст, аз тасвиби Қонуни забони Ҷумҳурии Тоҷикистон маншаъ мегирад. Дар воқеъ, он рӯзи таърихии эҳёи яке аз рукнҳои асосии миллат, яъне 22 июли соли 1989, ки Иҷлосияи даҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабули Қонуни забонро эълон дошт, барои тоҷикон ноёбтарин ҳадя маҳсуб ёфтаву меёбад.
Бори дигар, ҳар яки Шумо, устодону донишҷӯёни азизро ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ шодбош гуфта, бароятон сиҳатмандии комил, рӯзгори осоишта ва осмони софу буғуборро таманно менамоям. Орзуманди он ҳастем, ки барои пойдории забони миллат ҳар яки мо саҳми босазои хешро гузорем ва онро ҳамеша гиромӣ дорем.
Рӯзи забони давлатӣ ба кулли ҳамзабонон муборак бошад!