“ЗАБОН ОМӮХТ БАР МАН УСТОДАМ”

IMG_2612

Чунин унвон дошт чорабинии идона, ки 7-уми октбяри соли ҷорӣ дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи омӯзгор ва Рӯзи забони давлатӣ баргузор гардид.

 

Чорабиниро Ректори Академия, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Ғафурзода Абдухалил Давлаталӣ ифтитоҳ намуда, дар бораи қадру манзалати омӯзгор ва забон ақидаҳои хешро баён дошт. Аз ҷумла, ректори Академия қайд намуд, ки: “Хушбахтона, бо шарофати Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сиёсати хирадмандони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзишҳои моддию маънавии давлатдориамон рушду такомул ёфта, ба гиромидошти шахсиятҳои сарнавиштсози миллат таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад. Ҳамасола дар сатҳи шоиста таҷлил гардидани Рӯзи омӯзгор ифодагари сиёсати маънавибунёди Сарвари давлат ва нишони садоқату арҷгузорӣ ба заҳмати созандагони зиндагии пурсаодат ба ҳисоб меравад. Воқеан, барои амалӣ гардидани ҳадафҳои инсоният дар зиндагӣ, рушду инкишоф ёфтани тамоми соҳаҳои ҳаётан муҳим дар ҷаҳон ва муҳимтар аз ҳама барои равонаи роҳи рост гардидану соҳиби зиндагии арзанда шудани ҳар як инсон омӯзгор нақши калидӣ дошту дорад. Ҳамчунин, бояд гуфт, ҳамасола дар қаламрави кишварамон 5 октябр Рӯзи забони давлатӣ таҷлил мегардад.

 

Ректори Академия зимнан ҳамаи устодону омӯзгорон ва собиқадорони соҳаро бо рӯзи иди касбӣ ва ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ таҳният гуфта, баҳрашон тани сиҳат, хуррамию осоиштагии рӯзгор, иқболи баланд ва ривоҷи корҳои таълимию эҷодиро таманно намуд. Мавсуф иброз дошт, ки дар фарози таърих забони тоҷикӣ новобаста аз ҳодисаҳои рӯзгор ҳамеша муаррифгари миллати тоҷик буд. Ҳарчанд баъд аз пош хӯрдани давлати Сомониён тоҷикон тӯли ҳазор сол бедавлат монда буданд, вале забони ноби тоҷикӣ дар ин ҳама сол нагузошт, ки номи тоҷик аз саҳифаҳои таърих несту нобуд гардад. Ҳатто дар солҳои ҳукумронии Ғазнавиёну Шайбониён ва Темуриён забони тоҷикӣ мақоми шоистаро касб намуда буд. Минбаъд, баъди арзи ҳастӣ намудани Ҷумҳурии Шӯравии Тоҷикистон фарзандони фарзонаи миллат забони адабии тоҷикро инкишоф доданд. Нависандагону шоирон ва олимони муосири тоҷик чун Мирзо Турсунзода, Абулқосим Лоҳутӣ, Сотим Улуғзода, Ҷалол Икромӣ, Фазлиддин Муҳаммадиев, Муъмин Қаноат, Лоиқ Шералӣ, Бозор Собир, Гулназар, Гулрухсор ва даҳҳои дигар бо осори мондагори хеш чароғи забони модариро фурӯзон нигоҳ доштанд. Забони нобу шевои тоҷикӣ мероси гузаштагону ниёгони бофарҳангу бомаърифат ва хирадманди мо мебошад, ки омӯхтану пос доштани он аз соҳибзабонон ҳисси баланди худшиносию худогоҳӣ ва меҳанпарастию ватандӯстиро тақозо мекунад. Ба ибораи дигар, ифтихор аз Ватан, ифтихор аз таъриху фарҳанг, ифтихор аз ҳувияти миллӣ ва гузаштагони сарбаланди хеш маҳз аз поку бегазанд нигоҳ доштани забони модарӣ оғоз мешавад.

 

Баъдан дар вазъияти тантанавӣ як қатор устодону кормандони Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби роҳбарияти Академия, Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони ҷавонони Академия бо ифтихорномаву сипосномаҳо қадрдонӣ гардиданд.

 

Сипас, ҳаваскорони бахши фарҳанг ва рушди истеъдодҳои ҷавони Академия барномаи фарҳангӣ-фароғатиро бо беҳтарин суруду саҳнаҳо ва рақсҳои ҷолиб манзури ҳозирин гардониданд.

Похожие записи