ЗАМИНАҲОИ ҲУҚУҚИИ ИНКИШОФИ ХУДИДОРАКУНИИ МАҲАЛЛӢ ДАР ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ

Институти худидоракунии маҳаллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таърихи қадима ҳам дошта бошад, аммо ташаккул ва инкишофи он дар даврони соҳибистиқлолии кишвар ба вуҷуд омадааст. Дар ин давра шӯроҳои маҳаллӣ вобаста ба иҷрои функсияашон ҳам ба сифати мақоми давлатӣ ва ҳам ба сифати мақомоти худидоракунии халқӣ баромад менамуданд.

 

Ташаккули институти худидоракунии маҳаллӣ бо қабул гардидани “Эъломияи соҳибихтиёрии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 9 сентябри 1991, ки аз ҷиҳати ҳуқуқӣ Тоҷикистонро ҳамчун давлати мустаъқил эълон намуд, оӣоз мегардад. Бо сабаби оӣоз гардидани ҷанги шаҳрвандии солҳои 1991 ва 1997 дар Тоҷикистон заминаҳои ҳуқуқии худидоракунии маҳаллӣ, ки дар солҳои охири мавҷудияти ИҶШС гузошта шуда буданд, аз байн рафтанд.

 

Мазмуни консепсияи худидоракунии маҳаллӣ дар сатҳи қонунгузории кишвар мантиқан баъд аз қабул гардидани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 ноябри соли 1994 қисман дар моддаи 78 бо як ҷумла: “Мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ҷамоат аст…” ифодаи худро ёфт.

 

Баъд аз қабули Конститутсия дар муҳлати кӯтоҳ аз 01.12.1994 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот”  қабул карда шуд, ки он ҳамчун қонуни асосӣ аввалин бор ба таври равшантар тартиби ташкил ва фаъолияти онро танзим намуд ва аз 05.08.2009 сол бошад, таҳти рақами №549 бо таҳрири нав аз нав қабул карда шуд.

 

Дар шароити муосири рушди кишвар институти худидоракунии маҳаллӣ ба сифати унсури асосии ҷомеаи шаҳрвандӣ ва принсипи муҳимми низоми демократӣ баромад менамояд. Дар заминаи барнома ва стратегияҳои рушди маҳал, яке аз ҷойҳои асосиро ташаккул додани унсурҳои худидораи маҳаллӣ ташкил медиҳад. Зеро мақомоти худидоракунии маҳаллӣ тавозуни муайяни ҳокимияти марказиро бо сатҳи маҳал нигоҳ дошта, ҳамчун мақоми наздиктар ба сокинони маҳал масъалаҳои аҳамияти маҳалидоштаро баррасӣ менамояд. Рушди минбаъдаи иқтисодӣ-иҷтимоии давлат аз баланд бардоштани самаранокии низоми идоракунии давлат, хусусан аз худидораи маҳаллӣ низ вобастагии зич дорад. Таҷрибаи гузаронидани ислоҳот дар низоми худидоракунии маҳаллӣ ва воқеан тадбиқ намудани принсипҳои асосии ҳокимияти халқиро аз кишвари ба мо ҳамсоя Ҷумҳурии Қирӣизистон бояд мавриди омӯзиш қарор дод.

 

Эъмори давлати воқеан демократӣ бидуни принсипи таҷзияи ҳокимияти давлатӣ ва ӣайримутамарказ гардонидани он ӣайриимкон аст. Бо назардошти неруи иқтисодӣ-молиявӣ, манфиатҳои аҳолии маҳал, анъана, шароити таърихӣ ва мавқеи ҷуӣрофӣ ӣайримутамарказ гардонидани ҳокимияти давлатӣ ба рушди худидоракунии маҳаллӣ ҳамчун институти иҷтимоӣ-конститутсионӣ роҳ мекушояд.

 

Худидоракунии маҳаллӣ на фақат яке аз усулҳои асосии ташкил ва фаъолияти низоми демократии ҳокимияти халқ, балки он дар як вақт бояд ҳуқуқи шаҳрвандонро ҷиҳати бо ташаббуси худ мустақилона идора ва ҳал намудани масъалаҳои аҳамияти маҳаллидоштаро низ таъмин намояд.

 

Бояд қайд намуд, ки муқаррароти моддаи 78-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва меъёрҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот” ҳуқуқи шаҳрвандонро ба худидоракунӣ кафолат надодааст. Вобаста ба мазмунашон меъёрҳо бештар ҳуқуқ ва қобилияти амалкунии худи мақомоти худидоракунии маҳаллиро ҷиҳати дар ҳудуди ҷамоати шаҳрак ва деҳот ба амал баровардани ваколатҳои вогузоркардашудаи ҳокимияти давлатиро ифода мекунанд.

 

Ба таври пурра ба амал бароварда шудани ҳуқуқ ба худидоракунии маҳаллӣ танҳо дар сурати ҷой доштани заминаҳои мукаммали иқтисодӣ ва молиявӣ имконпазир мегардад. Чунки имкониятҳои иқтисодӣ ва молиявии рушди худидоракунии маҳаллӣ ба беҳтар шудани шароитҳои ҳаёти иҷтимоӣ-фарҳангии сокинони ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот мусоидат мекунад. Рушди инфросохтори иқтисодӣ ва фаъолияти соҳибкории хурду миёна дар сатҳи маҳал, ба устувор шудани қисмати даромади буҷети маҳаллӣ замина мегузорад ва ба сифати ҳимоякунандаи манфиатҳои иқтисодии аҳолии ҷамоати шаҳрак ва деҳот баромад мекунад.

 

Институти худидоракунии маҳаллӣ тадриҷан мазмуни худро бо сабаби пайваста дар шакли кӯмаки молиявӣ ва мусоидати молиявӣ маблаӣгузорӣ шудани фаъолияти ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот гум намудааст. Онҳо дар фаъолияташон бештар тобеъи ҳокимияти давлатӣ буда, фаъолияташон характери фармоишӣ ва иҷроиши супоришу нақшаҳои аз боло додашавандаро касб намудааст. Лоиҳаи буҷет аз рӯи манбаҳои даромад ва самтҳои хароҷот мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар шакли сметаи хуроҷот пешниҳод карда мешавад.

 

Бо мақсади вусъат бахшидан ба ҳалли масъалаҳои зикршуда ва бо дарназардошти зарурати инкишофи инфрасохтори деҳот Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии кишвар соли 2019 пешниҳод намуданд, ки солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон карда шавад.

 

Муҳтавои асосии пешниҳоди Сарвари давлат низ аз он иборат мебошад, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ҳал намудани масъалаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии сатҳи деҳот тавваҷуҳ ва неруи бештар равона созанд. Чунки, амалишавии бештари ҳуқуқ ва озодиҳои иҷтимоӣ ва иқтисодии шаҳрвандон дар сатҳи маҳал бевосита ба корҳои ташкилии мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот низ зич алоқаманд мебошанд.

 

Бояд қайд намуд, ки иштироки фаъоли аҳолии маҳал дар ташкили фаъолияти худидоракунии маҳаллӣ дар самаранок амалишавии сиёсати ҳокимияти давлатӣ мусоидат менамояд.

 

 

Олимзода ДАВЛАТМУРОД,

ассистенти кафедраи ҳуқуқ ва

ҳуқуқшиносии муқоисавии Академия

 

Похожие записи

Оставьте нам комментарий