ЗИ ИШҚИ ВАТАН ҶӮШ ДОРАД ДИЛАМ!

1552385670_toch

Ба 32-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида мешавад

Тоҷикистон! Эй, баҳори орзуҳои дар дил парваридаи ман, эй, умеди хушиҳои зиндагӣ! Ид муборак! Намедонам васфи бузургиатро чӣ тавр баён намоям?! Меҳри бепоёни ту дар дилу дида ончунон ҷой шудааст, ки ифтихори беандоза бо Ватан маро сару по ҷой аст. Тоҷикистон! Ман қурбони он ҳама озарму озори туам! Аз гузаштагони ҷовидномат ифтихор дорам. Он чи дорам, аз баракати ту дорам. Оби чашмаҳои мусаффоят нушдоруи ман аст. Ту барои ман чу модар азизӣ. Ман як зарраи будаи ту ҳастам ва то нафаси охирин ҳамнафаси ту хоҳам буд…  

 

Тоҷикистони азизам 9 сентябри соли 1991 соҳибистиқлол гардид. Маҳз дар ҳамин замон барои амалӣ гаштани ормонҳои миллӣ шароити мусоид фароҳам омад. Миллати сарбаланди тоҷик тавонист ҳам давлати миллиашро таъсис бидиҳад, ҳам сарвареро интихоб намояд, ки мазмуни аслии фаъолияти роҳбарии ӯро дарк карда бошад.

Мусаллам аст, ки истиқлолияти давлатӣ ва сиёсӣ ба мо ба осонӣ ба даст наомадааст. Қувваҳои бадхоҳи дохиливу беруна кишвари моро ба вартаи ҷанги шаҳрвандӣ кашиданд. Ин ҷанг боиси курбониҳои зиёди ҷонӣ гардида, инчунин талафот ва ҳисороти зиёд ба иқтисодиёт, иҷтимоиёт ва маънавиёт низ расонид.

Пояҳо, рукнҳо ва асосҳои давлатӣ пурра фалаҷ гардиданд. Ин ба қонуншиканӣ ва бесарусомониҳо дар мамлакат сабаб шуд. Дар чунин шароити ниҳоят душвор шаҳрвандони Тоҷикистон ба он ноил гардиданд, ки баҳри аз вартаи нестӣ раҳо намудан ва барқарор кардан давлати тоҷикон, асосҳои давлатдории он ва таъмини қонуният, сулҳу осоиш ва ризоияти миллӣ 16 ноябри соли 1992 дар Хуҷанди бостонӣ Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати дувоздаҳум) баргузор карда шавад. Шӯрои Олӣ роҳбарияти нави мамлакатро бо сарварии Эмомалӣ Раҳмон интихоб намуд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нахустин рӯзҳо баҳри ба даст овардани сулҳу оромиш, бозгашти фирориён ва рӯ овардан ба бунёдкориву созандагӣ ҷидду ҷаҳд намуда, яке аз вазифаҳои муҳимтаринашон шунидани арзу шикояти мардум ва аз рӯйи адолат ҳукм кардан гардид.

Роҳбарии хирадмандона, самимияти беандоза, руҳи ватанпарастӣ, ташкил намудани фаъолияти судманди рукнҳои ҳокимияти давлатӣ, ба даст овардани эътиқоди мардум сабаби дар муҳлати начандон тӯлонии таърих ба амалӣ гардидани нақшаҳо мусоидат кард.

Имрӯз марду зани сарбаланди ин сарзамин дар талоши илму адаб, фарҳангу маърифат ва кору фаъолият ҳастанд. Дастовардҳои бузурги даврони истиқлолияти кишварамон ба мо куввату мадор, тавоноӣ мебахшад. Имрӯз халқи тоҷикро  чун миллати номдор, шуҳратманду маърифатдӯсту тавоно дар ҷаҳон мешиносанд.

Тоҷикистон кишвари бузургест, ки саропо меҳрофарину дилнишин, бузургмардуму дилфиреб аст. Макони бузургони хирад, окилону фарзонагон, ки оламиён мешиносанд.  Ҳоло Тоҷикистон ба шарофати ба даст овардани истиқлолият ба як давлати мустақил, демократӣ, дунявӣ, ҳуқуқбунед ва комилҳуқуқ табдил ёфтааст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди 32 соли соҳибистиқлолӣ ба марҳилаи нави созандагиву бунёдкорӣ ва муайян намудани самтҳои афзалиятноки кору пайкор барои боло бурдани некуаҳволии мардум ва таъмини рушди устувори иқтисодӣ оғоз бахшид. Дар таъбири Пешвои миллатамон озодиву истиқлолият “дастоварди бузургтарин ва ғояи муқаддаси миллӣ” муаррифӣ гардидааст, ки барои бедор намудани эҳсосоти ватандориву ватандӯстӣ ва ба сӯйи ободонию шукуфоӣ раҳнамун сохтани сокинони кишвар андешаи бениҳоят муҳим аст.

Зайнаб МУХАМЕДОВА,

муаллими калони кафедраи забони тоҷикӣ ва ҳуҷҷатнигории Академия

Похожие записи