ИЛМ ВА АМНИЯТИ МИЛЛӢ ДАР СОЛҲОИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ

илм ва амният

Ҳамасола   Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони касбу кори гуногун, хизматчиёни давлатӣ, ҳарбӣ, ҷавонон, зиёиён, омӯзгорон ва аҳолии мамалакат мулоқот анҷом медиҳанд. Дар вохӯриҳо Пешвои миллат мушкилиҳо ва дастовардҳои соҳаҳоро тавзеҳ медиҳанд. Ҳамчунин Роҳбари давлат  хонандагону донишҷӯёнро  ба омӯхтани илму дониш, пос доштани арзишҳои миллӣ ва ҳифзи якпорчагии Ватан, ҳушёру омода будан ба ҳаргуна хатару таҳдиҳои замони муосир даъват менамоянд.

 

Зимнан бояд гуфт, амнияти миллӣ яке аз масъалаҳои муҳимтарини ҷомеа буда, ҳифзи  шахсият, ҷамъият ва давлатро аз ҳар гуна зуроварии зидди ҳуқуқӣ таъмин менамояд. Ватан ва таъмини амнияти миллӣ барои  ҳар фарди миллат муқаддасу мӯътабар мебошад, зеро Ватан далели асосии ҳастии миллат ба шумор меравад. Аз ин рӯ, талошҳои ватандӯстона  баҳри пойдории амнияти миллӣ мусоидат намуда, самараҳои хурсандибахш хоҳанд дод.

Масъалаи асосии амнияти миллӣ, ташаккул ва таҳкими доимии шуури худшиносии миллист, ки пойдевори он аз шуури муқаррарӣ замина мегирад. Аз ҳамин нуқтаи назар, имрӯз ҳимояи якпорчагии кишвар, ҳифзи сулҳу субот ва мустаҳкам намудани пояҳои давлатдории миллӣ масъалаҳои муҳими сиёсиву амниятии кишварро ташкил медиҳад.

Бояд тазаккур дод, ки масъалаи таъмини амнияти миллӣ, сирф соҳавӣ ва танҳо ба кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҳар як давлат вобаста набуда, ин масъулияти ҳар як сокини мамлакат — аз хурд то бузург мебошад.

Нуқтаи дигари қобили эътироф он аст, ки дар давлатҳои абарқудрат зиёда аз садҳо институту марказҳо мавҷуд аст, ки кори онҳо танҳо омӯзиши равандҳои муосир дар ҷаҳон буда, баҳри аз худ намудани паҳлуҳои ҳаётии давлатҳои дигар вазифадор гаштаанд. Ин институтҳо ё марказҳо аз худ чизе ихтироъ намекунанд, балки танҳо бо илм сару кор гирифта, равандҳои характери ҳар як миллатҳоро меомӯзанд. Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки донишҳои илмӣ, назариявӣ ва таърихии хешро дар ин роҳ роҳандозӣ намоем, зеро ҷавҳари аслии таъмини амнияти миллӣ, ин ҳам омӯзиши ҷанбаҳои фарогири ҳама намуди илмҳо мебошад.

Илм бузургтарин маъво, асоситарин мафҳум ва маъхазест, ки ҳаёт бо он пайваста мебошад. Бе илм наметавон фарзанд тарбия кард ва дар қатори инсонҳои комил гаштугузор намуд. Шахсе, ки илм надорад, аз роҳи омӯзиш ва ақлу идрок бехабар аст, дарахти бесамареро мемонад, ки танҳо аз вуҷуд доштанаш огоҳ асту халос. Шахси бофазл дар ҳама давру замон соҳибиззат аст. Пешравии ҳар як ҷомеа ва тинҷу осоишта зистан низ аз маърифатнокии аҳли он вобастагӣ дорад. Миллати тоҷик аз қадим ҳамчун халқи созанда, фарҳангофар, инсонпарвар ва илмдӯст шинохта шудааст. Ин аст, ки бисёр олимони ҷаҳон инро эътироф кардаанд. Асосгузори назарияи илмии замони нав олими англис Френсис Бекон гуфтааст: “Дониш қувва аст”.

Мақсад аз ин гуфтаҳо дар он аст, ки то мо соҳибилм нагардем, наметавонем дар таъмини амнияти кишвар саҳм гузорем ва Ватани азизи худро ҳифз намоем.

 

 

Далер КОМИЛОВ,

мудири кафедраи фалсафа

ва фанҳои гуманитарӣ