ИСТИҚЛОЛИЯТ – КАЛИДИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ

рамзи истиқлол

Истиқлолияти давлатӣ сухани хушку холӣ ё туҳфаи осмонӣ набуда, балки воқеияти зиндагии имрӯзаи мо мебошад. Вале барои моҳияти амалии ин неъмати бузургро дарк кардан ва таҳкими самарабахши пояҳои давлатдории навини сатҳи ҷаҳонии муосир ва таъмину такмили истиқлоли сиёсиву иқтисодиву фарҳангии кишвар, фазои озоду ороми ватан, якдигарфаҳмӣ ва кӯшишу заҳмати содиқона ва дилсӯзонаи тамоми сокинони он зарур аст.

 

Бо тақозои вақт ва инкишофи ҷаҳони муосир ба хусус, тараққии кишварҳои пешрафтаи он моро дар баргузидани роҳи ояндаи ҷомеаи ҷумҳурии азизамон бар он во дошт, ки роҳу усули демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявии давлати ояндаро бипазирем. Истиқлолият барои мо воситаи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, кору пайкори пайгирона баҳри созандагии ин ватан, азму талошҳои фидокоронаи расидан ба истиқлолияти сиёсии тому комил, иқтисодӣ ва фарҳангии ҷавобгӯ ба меъёрҳои ҷаҳонӣ, арсаҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшид ва дар як вақт ҳаёти озодонаи ҳар фард ва олитарин дараҷаи бахту саодати воқеии миллатро таъмин намуд. Истиқлолият барои мо нишони барҷастаи пойдории давлат, бақои саодати миллат, рамзи асолату ҳувият, мазҳари амалишавии орзуву ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад.

 

Ҳодисаву воқеаҳои пурошӯби ибтидои солҳои навадум ва имрӯзи кишварҳои ҳамсоя водор намуд, ки оид ба масъалаи таъмини амнияти милливу давлатӣ, нигоҳ доштани оромии авзои ҷомеа, пойдории сулҳу субот ва таҳкими истиқлолияту ҳифзи дастовардҳои он андеша кунем, ки ин ҳама як қисми таркибии сиёсати давлатии мо маҳсуб мешавад.

 

Чунонки Президенти мамлакат, Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд: “Яке аз муҳимтарин дастовардҳои мо дар даврони истиқлолият давлатсозӣ ва давлатдории муосири миллӣ мебошад, ки моҳиятан шакли ҳуқуқбунёд, иҷтимоӣ ва дунявиро дорад”.

 

Халқи бонангу номуси тоҷик барои таҳкими истиқлолияти ба дастоварда, нигаҳдошти якпорчагии марзу бум, расидан ба сулҳу ваҳдат ва ягонагӣ, интихоби роҳи рости рушду тараққиёти минбаъдаи кишвар, пеш аз ҳар кори дигар, Конститутсияи мамлакати орзую ормонашро бо раъйдиҳии саросарӣ қабул кард. Агар гӯем, ки аз ҳамон соли қабули Конститутсия, яъне соли 1994, барои Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳилаи нави инкишоф фаро расид, хато нахоҳад шуд, зеро барои расидан ба сулҳи кул ва Ваҳдати миллӣ пеш аз ҳама пояи қонунии фаъолияти Ҳокимият зарур буд ва инро метавонист танҳо Конститутсияи ҳаматарафа такмилёфта ва мутобиқ ба талаби замони муосир таъмин намояд.

 

Кафолати зиндагии осуда ва хурраму озодро барои халқ ин ҳуҷҷати муҳим таъмин менамояд. Асоси чунин зиндагӣ бошад, меҳнати содиқонаю бунёдкорона аст. Пас кафолати меҳнати озодона, донишу ҳунаромӯзӣ, истироҳат ва табобат, саҳм гирифтан дар пешрафти мамлакат барои ҳар шаҳрванд низ аз ҷониби давлат тавассути Конститутсия муайян гардидааст.

 

Душвортарин мушкили ҷомеаи мо дар зарфи 30 сол ин масъалаи истиқлолияти энергетикӣ буд, ки баъди ба низом даровардани сохторҳои ҳокимият роҳбари давлат ҳамарӯза бо он машғул мешуд. Албатта раванди бонизоми пешрафти иқтисодиёт ва инкишофи ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ дар шароити имрӯза, асосан аз истиқлолияти энергетикиву коммуникатсионӣ ва вусъат пайдо кардани роҳсозӣ вобастагии амиқ дорад.

 

Бинобар ин нахустин иқдомҳои Ҳукумати Ҷумҳурӣ оғоз бахшидан ба сохтмони нақби Анзоб буд. Сарвари давлат дар ин кор ибтидои ҳама бунёдкориҳои роҳсозию коммуникатсияро дида, даричаи наҷотро низ дар он дарёфта буданд. Дар роҳи таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоии кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ, амнияти озуқаворӣ, ки ҳадафҳои стратегии Ҳукумати мамлакат мебошанд, бо сохтмони нерӯгоҳҳои хурду калони барқи обӣ, хатҳои интиқоли қувваи барқ, нақбҳо, шоҳроҳҳову пулҳои байналмилалии мошингард ва даҳҳо иншооти азими инфраструктураи иҷтимоӣ натиҷаҳои нек ба даст оварда шуданд.

 

Бунёдкориву созандагӣ дар ин самтҳо вусъати тоза пайдо карданд. Аз ҷумла, сохтмони нерӯгоҳҳои барқи обии “Сангтӯда-1” ба охир расонда шуд ва он алҳол ба манфиати халқ хизмат мекунад. НОБ-и “Сангтӯда-2”, як қатор неругоҳҳои хурд ба кор даромаданд. Хатҳои баландшиддати интиқоли неруи барқи Ҷануб – Шимол, Лолазор – Хатлон, Лолазор – Сангтӯда-1 ба истифода дода шуданд. Дигар аз чунин объекти стратегӣ НОБ–и “Роғун” ба ҳисоб меравад, ки аввалин чархаи он 16 ноябри соли 2018 ба истифода дода шуд. Дар маҷмӯъ он аз шаш чарха иборат буда, қудрати ҳар кадоми онҳо 600 мегаваттро ташкил медиҳанд. Сохтмони НОБ-и “Роғун” аз соли 2008 дубора оғоз гардидааст. Ҳамон сол дар НОБ –и “Роғун2 635 нафар коргар ва 46 адад техника ва механизм ба кор шуруъ кард. Ҳоло бошад, дар он ҷо беш аз 21 ҳазор нафар мутахассисон ва коргарон, ки аксариятро ҷавонон ташкил медиҳанд, кор мекунанд.

 

Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар радифи санаҳои муҳимтарини таърихӣ ва миллии мо бузургтарин ва муқаддастарин ҷашн ба ҳисоб меравад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди аҳамияти ин санаи таърихӣ чунин ибрози андеша намудаанд: “Маҳз истиқлолият ба мо имконияти таърихиеро фароҳам овард, ки ватани худро соҳибӣ кунем, давлатдории миллии худро барпо намоем, суннату арзишҳои миллиамонро эҳё созем, ормонҳои деринаи халқамонро амалӣ гардонем ва зиндагии озодонаи мардумамонро ба роҳ монем”. Халқи тоҷик ва тамоми сокинони Тоҷикистон дар тӯли 30 соли Истиқлолият ба дастовардҳои бузурги сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, маънавӣ соҳиб гардид.

 

Ба шарофати истиқлолият ба дастовардҳои назарраси сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ ноил шуда бошем ҳам, дар марҳилаи мураккабу ҳассоси ҷаҳони имрӯза ба иттиҳоду ҳамраъйӣ, ваҳдати миллӣ, маърифату зиракии сиёсӣ, худошиносиву худогоҳӣ ва эҳсоси баланди ватандӯстиву ватандорӣ бештар ниёз дорем. Ин нуқтаро Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пай бурда, борҳо таъкид кардаанд, ки ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳем.

 

Хулоса, ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ бояд ҳамчун фарзанди ин миллат ва парвардаи ин марзу бум бо дарки баланди масъулияти шаҳрвандӣ ва эҳсоси худшиносии миллӣ ҳомии манфиатҳои давлату миллати худ бошад. Истиқлолияту озодии Тоҷикистони маҳбуби мо сӣ сола мешавад, ҳар яки мо вазифадорем, ки ба хотири ин Ватани азиз, ин марзу буми муқаддас, пойдории озодиву соҳибихтиёрӣ ва ободиву оромии он дучанд заҳмат кашем ва обрӯи онро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам таҳкиму тақвият бахшем, яъне тамоми кӯшишу ғайрати мо ва ҳар рӯзи фаъолияти кории кулли фарзандони ватандӯст ва бонангу номуси миллат ба номи истиқлол, ба хотири таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва тақвияти иқтидори иқтисодии кишвари азизамон – Тоҷикистон сафарбар карда шавад.

 

Умеда СУЛТОМАМАДОВА,

н.и.ф., дотсенти кафедраи забони

тоҷикӣ ва ҳуҷҷатнигории Академия

Похожие записи

Оставьте нам комментарий