ИСТИҚЛОЛИЯТ – РАМЗИ ОЗОДИЮ ЯГОНАГӢ ВА РУШДУ ПЕШРАФТ

Раҷабов Мухтор (2)

Тоҷикистони соҳибистиқлол 31-сола мешавад. Дар ин муддат корҳои зиёди ободонию созандагӣ ба сомон расонида шуда, ин раванд идомаи рӯзафзун дорад. Мо дар арафаи таҷлили 31-умин солгарди ҷашни истиқлолият қарор дорем, ки дар ҳақиқат нигини ҳамаи ҷашнҳост. Ин дастоварди муқаддас ба мо имкон дод, ки масири сарнавишти худро муайян намуда, ояндаи дурахшони худро бисозем. Истиқлолият рамзи давлатдории мо буда, он аз ояндаи дурахшони миллат дарак медиҳад. Замоне буд, ки миллати тоҷик дар вартаи нобудшавӣ қарор дошт. Бо амри таърих 31 сол аст, ки Тоҷикистонро ҷаҳониён ҳамчун давлати соҳибистиқлол эътироф менамоянду мешиносанд. Дар 31 соли истиқлолияти кишвар дар ҳамаи самтҳо дастовардҳои назаррасро соҳиб шудем.

 

Истиқлолият барои миллати мо яке аз арзишҳое волотарин ба ҳисоб рафта, бо ба даст овардани он ҳастии миллати тоҷик эҳёи тоза пайдо намуд. Сулҳу ободӣ, хушрӯзгории ҳамешагии замони соҳибистиқлолӣ таҷассумгари он аст, ки ин неъмати бузург дар худ пайки нуру зиё, меҳру вафо, ободию озодӣ, ҳамфикрию ҳамзистӣ ва осоиштагиву абадиятро ба Тоҷикистон овардааст.

 

Вақте ҳар яки мо дар ҳавои тозаву озода ва гулгаштҳои зебои Ватан хурсандона барои ояндаи неку хубамон кору фаъолият мекунем, набояд фаромуш созем, ки ин ҳама аз файзи соҳибистиқлолии меҳан аст. Истиқлолият бошад, баъд аз муборизаҳои тулонии фарзандони фарзонааш миллат насиби мо гаштааст. Маҳз Истиқлолияти давлатӣ ба мо дастовардҳои беназири сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоиро эҳдо намуд. Тӯли 31 соли соҳибистиқлолӣ кишвари мо бо як қатор давлатҳои ҷаҳон, созмонҳои минтақавию байналмилалӣ, муассисаҳои молии ҷаҳонӣ ҳамкориҳои назарраси худро ба роҳ монда, робитаҳои дипломатӣ барқарор намуд. Бо шарофати истиқлолият имрӯз кишвари рӯ ба рушди мо дар арсаи ҷаҳонӣ аз манофеъ ва арзишҳои миллии хеш дифоъ намуда, дар масъалаҳои мухталифи ҷаҳонӣ назари хоси худро дорад. То имрӯз кишвари соҳибистиқлоли мо бо пешниҳодҳои муфиду мушаххаси худ дар ҳалли чандин масъалаҳо, бахусус мушкилии норасоии об саҳми муносибу шоён гузоштааст. Маҳз истиқлолияти кишвар аст, ки имрӯзҳо дар минтақа ва ҷаҳон ҳеҷ гуна тасмим бе ҳузури фаъоли Тоҷикистон гирифта намешавад.

 

Истиқлолият чун рамзи озодию ягонагӣ ба миллати мо тамоми имкониятҳоро фароҳам овард. Он чун нуре роҳи ояндаи моро зиё бахшида, баҳри амалӣ намудани ҳадафу мақсадҳои неку созанда неруи тоза бахшид. Ба таъкиди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти маҳбуби кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: “Истиқлоли давлатӣ бузургтарин ва муқаддастарин неъмат, нишонаи олии ҳувияти миллӣ, ифтихор ва номуси ватандорӣ, рамзи ҳастии миллати бостонӣ ва соҳибихтиёру соҳибдавлати тоҷик ва асоси хушбахтиву сарбаландии сокинони Тоҷикистон мебошад”. Воқеан, истиқлолият барои мо бузургтарин ва муқаддастарин неъмат мебошад. Дар заминаи истиқлолияти давлатӣ тамоми соҳаҳои хоҷагӣ дар кишвар рушд карда, зиндагии аҳолӣ ба таври чашмрас хуб гардид.

 

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии кишвар таъкид намуданд, ки: “Ҳукумати мамлакат ҳадафҳои стратегии миллӣ, яъне таъмин намудани истиқлолияти энергетикӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва табдил додани мамлакат ба кишвари транзитӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат, саноатикунонии босуръати мамлакат ва васеъ намудани шуғли пурмаҳсулро тадриҷан амалӣ карда истодааст. Дар натиҷа, аз даҳсолаи дуюми даврони истиқлолият рушди босуботи иҷтимоиву иқтисодии кишвар оғоз гардида, мо барои расидан ба ҳадафи олии худ, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ корҳои зиёдро ба анҷом расонидем. Дар бист соли охир рушди миёнасолонаи иқтисодиёт дар сатҳи 7,5 фоиз таъмин гардида, маҷмӯи маҳсулоти дохилии мамлакат аз 1,8 миллиард сомонии соли 2000-ум то 95 миллиард сомонӣ дар соли 2021 ва даромади буҷети давлатӣ аз 252 миллион сомонӣ ба 28 миллиард сомонӣ расонида шуд. Яъне маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ қариб 53 баробар ва буҷети давлатӣ 111 баробар зиёд гардида, ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар нафар аҳолӣ беш аз 30 баробар афзоиш ёфт”. Аз ин гуфтаҳои Пешвои миллат бар меояд, ки Тоҷикистон аз як сарзамини ноором, кишвари ҷангзада ва буҳрони марговари иқтисодӣ ва амниятиву сиёсии солҳои навадуми асри гузашта, имрӯз ба як кишвари аз нигоҳи иқтисодӣ рушдёбанда табдил ёфтааст. Бо шарофати соҳибистиқлолӣ имрӯзҳо мо метавонем дар тамоми дигар соҳаҳо, аз ҷумла, илм, маориф, фарҳанг, варзиш ва дигар самтҳо рушду пешрафтро бар аъло эҳсос намоем. Яъне дар баробари истиқлолияти иқтисодӣ боз истиқлолияти фарҳангӣ, маданӣ ва иҷтимоӣ низ мо даст ёфтем. Дар баробари мустаҳкам гардидани муносибатҳои иқтисодӣ дигар соҳаҳо низ, аз ҷумла иҷтимоиёту фарҳангу маърифат низ рушд намуд ва раванди дарку шинохти истиқлолият низ таҳким ёфт. Гуфтан ҷоиз аст, ки истиқлолият ормонҳои ҳар яки моро амалӣ намуд.

 

Созандагиҳо ва бунёдкориҳои тайи солҳои соҳибистиқлолӣ гувоҳ аз онанд, ки дар кишвари мо қадамҳои бузург дар масири пешрафту шукуфоӣ гузошта шудааст. Тӯли 31 сол дар тамоми манотиқи кишвар дигаргуниҳои куллӣ ба амал омада, тарҳҳои бузургу зарурӣ ба иҷро расиданд. Бояд таъкид намуд, ки албатта барои ҳар миллат неъмате бузургтар аз истиқлолият буда наметавонад.

 

Дар ин росто, мо вазифадорем, ки баҳри пойдорӣ ва таҳкими ҳамешагии он фаъолияти худро ба роҳ монда, саҳми арзандаи хешро дар рушду нумӯ ва сулҳу ободии Ватани азизамон гузорем. Ҳодисаҳои ҷаҳони муосир ва хатарҳои ҳамарӯза моро ҳушдор медиҳанд, ки дар ҳифзи истиқлолият ва дастовардҳои ваҳдату ҳамдилӣ ҳаррӯза бояд ҷаҳду талош намоем. Шакке нест, ки дар сурати бетарафӣ ва ё ғафлат ин таҳдидҳо метавонанд сулуҳу субот ва дастовардҳои моро халалдор созанд. Мо бояд дарк намоем, ки истиқлолият дар воқеъ орзуҳои якояки моро сабзонду зиндагиамонро ширин ва қалбҳоро ба фардо умедвор намуд. Мо бояд баҳри ҳифзу пойдорӣ, якпорчагӣ, сулҳу ваҳдат ва суботи кишвар фаъолияти худро ба роҳ монем ва баҳри рушду инкишоф, муаррифии Ватани азизамон дар арсаи байналмилалӣ талоши бештар намоем. Болотар аз ҳама дар ҳифзу таҳкими Истиқлолияти давлатӣ ва оромию осудагии кишвар талоши хастанопазир намоем.

 

Мухтор РАҶАБОВ,

муаллими калони кафедраи

идоракунии захираҳои инсонии Академия

Похожие записи

Оставьте нам комментарий