ИСТИҚЛОЛИЯТ РАМЗИ ОЛИИ ВАТАНУ ВАТАНДОРӢ

рамзи истиқлол

9-уми сентябри соли 1991-ум муҳимтарин воқеаи таърихии сарнавишти миллати тоҷик ба вуҷуд омад: Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид. Ин ҳодисаи фараҳбахш аввали моҳи сентябри соли 1991 ба вуқуъ пайваст ва 9 сентябр расман Рузи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Аз ҳамон вақт то имруз ин санаи муборак барои миллати тоҷик иди муқаддас маҳсуб мешавад.

 

Қадамҳои аввалини истиқлолият бо ҷанги хонумонсӯз оғоз гардид, ки он аз ҷониби ТЭТ ҲНИ роҳандозӣ шуда, яксаду панҷоҳ ҳазор кушта, 1 миллион гуреза ва беш аз 10 миллиард зиён ба бор оварда буд.

 

Ҷангу талошҳои ибтидои солҳои навадуми асри гузашта тамоми фишангҳои давлату давлатдорӣ ва истеҳсолиро фалаҷ карда буданд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳҳои расидан ба истиқрори сулҳ ва ваҳдати миллиро ҷустуҷӯ мекард ва Сарвари давлат пайваста талош меварзиданд, то осудагию оромӣ дар саросари мамлакат ҳукмфармо гарданд.

 

Бо талошу заҳмат, ҷонфидоиву ҷоннисориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 27 июни соли 1997 Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ байни Ҳукумати Тоҷикистон ва мухолифин имзо гардид ва он рӯзи муборак Рӯзи Ваҳдати миллӣ эълон шуд. Аз ҳамон вақт инҷониб ҷомеаи ҷаҳони муосир таҷрибаи пешқадами сулҳи тоҷиконро меомӯзад ва барои насли имрӯз чун намунаи беҳтарини гуфтушуниди созанда пешниҳод мекунад.

 

Пас аз нисбатан ором шудани вазъ Пешвои миллат баҳри пешрафти иқтисодиёт ва ба ҳам пайванд кардани минтақаҳои Тоҷикистон сохтмони роҳҳои замонавӣ ва бунёд кардани нақбҳоро ба роҳ монданд. Хоруғ – Мурғоб, Душанбе – Рашт – Саритош, Душанбе – Хуҷанд – Чанак, Қулма-Қароқурум, роҳи оҳани Қӯрғонтеппа–Кӯлоб аз иқдомҳои Пешвои миллат буданд, ки боиси пешрафту тараққиёт гашта, мардум аз азияти ағбаҳои хатарнок растанд ва имкон фароҳам омад, ки ҳаракати нақлиёт дар дохили мамлакат ва берун аз он тамоми фаслҳои сол имконпазир бошад.

 

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша дар баромаду суханрониҳои хеш Истиқлолиятро бузургтарин ва муқаддастарин дастоварди миллати тоҷик номиданд. Мардумро барои чун гавҳараки чашм ҳифзу нигоҳдории он роҳнамоӣ карда, истиқлолро тантанаи адолати таърихӣ ва идомаи силсилаи давлатдории чандинҳазорсолаи ниёгонамон ва пайвастани он ба оини давлатдории навин миллиамон меноманд: “Маҳз Истиқлолият ба мо имконияти таърихие фароҳам овард, ки Ватани худро соҳибӣ кунем, давлатдории миллии хешро барпо намоем, суннату арзишҳои миллиамонро эҳё созем, ормонҳои деринаи халқамонро амалӣ гардонем ва зиндагии озодонаи мардумамонро ба роҳ монем”, – иброз доштанд Пешвои миллат.

 

Дар дарозои замонҳо миллати мо аз шебу фарози таърих ва озмоишҳои сахту сангин гузашта бошад ҳам, дастовардҳои фарҳанги асил, ҳувияти миллӣ, забони ноби модарӣ, илму адабиёти оламгирашро нигоҳ доштааст. Даврони Истиқлолият барои мо имкони воқеӣ фароҳам овард, ки роҳи имрӯзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба сӯи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб намоем.

 

Истиқлолият барои мо рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, кору пайкорҳои пайгиронаи созандагӣ, азму талошҳои фидокоронаи расидан ба истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро омўзонда, меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшид ва дар як вақт ҳаёти озодонаи ҳар фард ва олитарин дараҷаи бахту саодати воқеии миллатро таъмин намуд. Истиқлолият барои мо нишони барҷастаи пойдории давлат, бақои симои миллат, рамзи асолату ҳувият, мазҳари идеалу ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад.

 

Ясмин ҚАДАМОВА,

донишҷӯи курси 2-юми факултети

дипломатия ва сиёсати Академия

Похожие записи