ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИРО ҲИФЗ НАМОЕМ

Душанбе1

Мо, насли ҷавон дар бораи даҳшатҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ шояд кам донем. Вале маълумотҳо дар бораи ин ҷанги хонумонсӯз то андозае ба мо возеҳ месозанд, ки он дар хароб кардани ободониҳо ва сарсон намудани миллат чӣ доғи бузурге гузошта аст. Аз сарчашмаҳо ба мо маълум мегардад, ки дар натиҷаи ин ҷанг қариб 200 ҳазор нафар қурбон гардида, даҳҳо миллиард доллар зарари моддии он буд. Вақте зарари моддӣ то ба ин ҳад бошад, пас дар бораи зарари маънавӣ ҷои андеша нест. Ҳазорон-ҳазор хонаву дар сӯхтаву молу маноли мардум ба яғмо рафтааст. Бешумор ҳамватанон тарки ватан карда, дар ба дару ғариб ва бекас шуданд. Натиҷаи ҷанги шаҳрвандӣ ҳамин шуд, ки мебоист, ҳамаро аз сифр оғоз кард. Пеш аз оғоз бошад, бояд сулҳу салоҳ – неъмате, ки дар таҳкими тамоми дастовардҳои дигар замина мегузорад, бояд барқарор мегардид.

 

Қадру қимат ва арзишу шоистагии сулҳу оромӣ замоне ба кас маълум мегардад, ки худро дар асорати нооромиҳо ва нестӣ мебинад. Ин ҷост, ки инсон дарк мекунад, ки сулҳу ваҳдат неъматест, ки арзишу андозаи қимати онро муайян кардан имкон надорад.

 

Набояд инкор кард, ки маҳз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз аввалин рӯзҳои сари қудрат омаданаш, ваҳдатро ҷавҳари фаъолияти давлатдорӣ қарор доданд. Пешвои миллат давлати моро аз шикаст ва халқи ҷафодидаро аз оташи ҷанг раҳониду истиқлоли комилу фазои осоиштаро барои мардум муҳайё намуданд.

 

Саҳифаҳои таърих шоҳид аст, ки дар даврони бесарусомониҳо, рӯзгори нобасомон ва шикастаруҳии мардуми мо тақдир башорати баргузории Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун ҳадяи таърих ва пайки наҷот ба миллати тоҷик ато кард ва ҷараёни ин анҷумани саодати халқ раҳкушову раҳнамо ва мубашшири ин наҷотро ҳамчун туҳфаи олитарини тақдиру сарнавишти миллати тоҷик дар симои фарзанди сарсупурдаву меҳанпарасти хеш – Эмомалӣ Раҳмон насиб гардонид.

 

Пешвои миллат дар паёми табрикиашон ба ифтихори Рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 8 сентябри соли 2019 таъкид дошта буданд: “Истиқлол барои мардуми шарафманди тоҷик имконият фароҳам овард, ки ихтиёри давлатдориро ба дасти худ гирифта, ба сӯи зиндагии осуда, эъмори давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ роҳи васеъ кушод”.

 

Самараи солҳои соҳибистиқлолӣ боис гардид, ки тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ руши бесобиқа карда, баҳри боз ҳам беҳтар намудани онҳо бо сарварии Пешвои миллат ҳамасола тадбирҳои зиёде андешида шуда истодааст.

 

Дар ин замина мо, ҷавононро мебояд дар атрофи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷамъ шуда, ба қадри истиқлолу озодӣ, сулҳу субот ва пешрафту бунёдкорӣ расем. Аз сиёсати сулҳҷӯёнаи Сарвари давлат ҷонибдорӣ намуда, дар оромии Ватан саҳм гузорем. Бо донишу биниши васеъ дар рушди тамоми соҳаҳои кишвар саҳмгузор бошем. Нагузорем, ки бадбинони Ватан, нохалафону душманон ва ҳасудон ба истиқлоли комили  мо халал ворид созанд.

 

Наргис ИБЛОЕВА,

магистранти Академия

Аксҳо

Похожие записи

Оставьте нам комментарий