ИСТИҚЛОЛ – ДРАЙВЕРИ АСОСИИ РУШДИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИ КИШВАР

328259466_5732310926818798_5860952547352657181_n

Дар тӯли солҳои истиқлолият сатҳу сифати зиндагии мардум бамаротиб баланд рафт.

Эмомалӣ Раҳмон

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ дар самти рушди иҷтимоию иқтисодӣ, таъмини устувории макроиқтисодӣ, баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум, бунёди иншооти иҷтимоӣ, ба кор андохтани иқтидорҳои нави истеҳсолӣ ва фаъолгардонии иқтидорҳои мавҷуда ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, дар арсаи байналмилалӣ мавқеи хосса пайдо намуд. Дар талошҳои умумиҷаҳонии (глобалии) расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор (ҲРУ) ширкат варзида, барои беҳсозии нишондиҳандаҳои рушди худ ба дастуру ҳидоятҳои  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста кӯшиш менамояд. Тибқи Ҳисобот оид ба шохис ва сафи абзори нишондиҳандаҳои ҲРУ барои соли 2021, ки ҳар сол аз ҷониби  Bertelsmann/SDSN ба нашр мерасад, Тоҷикистон ҷои 75 – умро (аз 165 кишвари дар тадқиқот воридкардашуда) ишғол намуд.

Яке аз мушкилоти асосие, ки дар аввали солҳои 90-уми асри ХХ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба гирдоби худ кашид ин, ҳамчун кишвари тозаистиқлол дар натиҷаи қатъ гардидани кумаки молиявӣ (дотатсия) аз буҷети собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ (тақрибан 48 фоиз); хисорот аз ҳисоби нооромиҳои сиёсӣ (беш аз 10 млрд. доллар), гузариш ба иқтисоди бозорӣ, фарсуда шудани иқтидорҳои мавҷудаи истеҳсолӣ, таназзул ёфтани иқтисодиёт ва истеҳсолот, ислоҳоти пулӣ, коҳиш ёфтани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, бекории бесобиқа ва дигар омилҳои дохилию берунӣ ба буҳрони шадид оварда расонид.

Дар ин самт заҳматҳои шабона рӯзии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дастгирии мардуми хирадманди кишвар ҷиҳати боздоштани ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ баланд арзёбӣ гардида, ин имкон дод, ки давлатдорӣ ва Истиқлоли миллӣ комилан нигоҳ дошта шуда, аҳолӣ ба ҳаёти осоиштаву созанда баргарданд. Тамоми неруи кишвар дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ (солҳои 1992-1997) барои таъмини сулҳу оромии сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ нигаронида шуда, масъалаҳои иқтисодӣ асосан бо таъмини суботи макроиқтисодӣ, раҳои аз хатари гуруснагӣ ва дарёфти сарчашмаҳои ғанӣ гардонидани буҷети давлатӣ алоқамандӣ дошт. Давраи дигаргунсозии куллии иҷтимоию иқтисодӣ аз соли 1997 оғоз шуд, зеро дар ин сол низоъҳои шаҳрвандӣ анҷом ёфта, сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ пурра барқарор гардид, таназзули давраи гузариш ба рушди мунтазами иқтисодӣ табдил дода шуд ва марҳилаи аввали дигаргунсозиҳои сохторию институтсионалии давраи гузариш ба анҷом расид.

Баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардуми кишвар бар пояи таъмини рушди устувори иқтисодӣ ҳадафи олии рушди дарозмуҳлати Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Барои ноилшавӣ ба ҳадафҳои стратегӣ дар Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 татбиқи 4 ҳадаф, яъне таъмини дастрасии муътадил ба захираҳои энергетикӣ, баромадан аз сатҳи пасти худтаъминкунии озуқаворӣ, ҳамгироии долонҳои нақлиётии фаромарзӣ ва миллӣ, тараққӣ додани шабакаҳои телекоммуникатсионӣ ва таъмини дастрасии баробар ба хизматрасониҳои иҷтимоӣ пешбинӣ шудааст, ки афзалиятҳои мушаххаси асосӣ ва байнисоҳавӣ ба ҳисоб мераванд.

Инчунин гуфтан ба маврид мебошад, ки Ҳукумати кишвар бо мақсади таъмини амнитияи иқтисодию-иҷтимоии шаҳрвандони кишвар ду стратегияи миллии рушди дарозмуҳлат ва беш аз 500 барномаҳои соҳавию минтақавиро бо маром татбиқ намуд. Айни замон Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 мавриди татбиқ қарор доранд.

Таҳлил аз рӯи индикаторҳои асосӣ нишон додаистодааст, ки чорабиниҳои андешидашуда барои татбиқи ҳадафу вазифаҳои гузошташудаи барнома дар чор соли охир ба рушди соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии кишвар мусоидат намуда, тамоюли болоравии соҳаҳои мухталифи иқтисоди миллиро таъмин намуда аст.

Ҳаминро қайд намудан ба маврид мебошад, ки драйвери асосии  маҳз истиқлолият ва оромии сартосари ба шумор рафта, индикаторҳои асосии он рушди миёнасолонаи иқтисодиёт дар солҳои 2000-2023 дар сатҳи 7,5 фоиз таъмин шуда, ҳаҷми воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар ин давра 4,8 маротиба, Ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар дар соли ҳисоботӣ ба 115 млрд, сомонӣ, суръати рушди воқеии он 107,5 фоиз, музди меҳнати миёнаи ҳармоҳаи номиналии як корманд ба 1325,0 сомонӣ, дар қиёс ба соли 2018 ба маблағи 105,0 сомонӣ ё ба андозаи 8,6% ва Фонди музди меҳнати пардохтшуда аз буҷети давлатӣ 5344,2 млн. сомониро ташкил медиҳад. Лозим ба ёдоварист, ки сатҳи камбизоатӣ аз 31,3 фоиз дар соли 2015 то 22,3 фоиз дар соли 2022 ва сатҳи фақри шадид аз 15,7 фоиз то 10,7 фоиз дар соли 2019 коҳиш ёфт. Инчунин мувофиқ таҳқиқотҳои СММ яке аз нишондиҳадаҳои хушбахти ин дарозумрии аҳолӣ ба шумор меравад, дарозумрии аҳолӣ дар ин давра 1,4 сол зиёд гардида, дар соли 2019-ум ин нишондиҳанда ба 75,2 сол (мардон 73,3 сол ва занон – 76,9 сол) расидааст.

Ҳадафҳо, афзалиятҳо ва вазифаҳои рушди кишвар барои панҷ соли минбаъда дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз паёмҳояшон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” ва суханрониашон дар маҷлисҳои ҳукуматӣ, ҳангоми мулоқот бо кормандон ва намояндагони соҳаҳои гуногуни иқтисоди миллӣ, инчунин сафарҳои кориашон ба шаҳру ноҳияҳои кишвар бармеоянд, барои таъмини рушди назарраси минбаъдаи кишвар, баланд бардоштани иқтидорҳои иқтисодӣ ҷиҳати боз ҳам беҳтар кардани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ дар Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 самтҳои зерин ҳамчун манбаъҳои иловагии рушд, яъне рушди иқтисоди рақамӣ ва иқтисоди “сабз”, зиёд кардани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ниҳоии дорои арзиши баланди изофашуда, рушди саноати дорусозӣ, рушди бозори молиявӣ ва фарогирии молиявӣ, истифодаи имкониятҳои хизматрасонии таълимию илмӣ, истифодаи имкониятҳои транзитӣ ва рушди сайёҳии кишвар, расмикунонии иқтисоди пинҳонӣ ва баланд бардоштани самаранокии фаъолияти корхонаҳои давлатӣ пешбинӣ шудааст.

 АСОЕВ М.М.,

мудири кафедраи идораи давлатӣ ва иқтисоди миллии Академия,

номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент

Похожие записи