ИСТИҚЛОЛ – НИШОН АЗ ДАВЛАТИ ОРОМУ РӮ БА РУШД

48703615548_68b8af8f5a_o

Истиқлол барои мардуми шарафманди тоҷик имконият фароҳам овард, ки ихтиёри давлатдориро ба дасти худ гирифта, ба сӯйи зиндагии осуда, эъмори давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ роҳи васеъ кушоянд. Соҳибистиқлолӣ ба мардуми шарифу заҳматқарини Тоҷикистон рӯҳи нав бахшида, сатҳи худшиносӣ, эҳсоси ватандорӣ ва ифтихори миллии хурду бузурги кишварро ба зинаи нав бардошт.

Эмомалӣ Раҳмон

Соҳиб шудан ба истиқлоли комили давлатӣ ба миллати мо имкон дод, ки барои рушди тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ дурнамои созанда омода намояд. Ин неъмати бебаҳо пайроҳаи гуҳарбореро барои миллати тоҷик баҳри бозсозию бунёдкорӣ ва рушду равнақ кушод. Агарчи дар давраи аввали солҳои соҳибистиқлолӣ болои сари миллат ҳодисаҳои даҳшатбор соя афканда бошад ҳам, вале якдилию якмаромӣ ва меҳандӯстию ватанпарварии миллати тоҷик нагузошт, ки он нобасомониҳо дер давом ёбанд.

 

Дар аввал ҷанги шаҳрвандӣ роҳи рушди моро банд намуд. Ҷангу нооромиҳои ибтидои солҳои соҳибистиқлолӣ тамоми фишангҳои давлату давлатдорӣ ва истеҳсолиро фалаҷ карда буд. Дар ин вазъият масъалаи ободонию бунёдкорӣ ба таъхир афтода, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳҳои расидан ба истиқрори сулҳ ва ваҳдати миллиро ҷустуҷӯ мекард. Хушбахтона дар вазъи ноамн ба халқи тоҷик роҳбаре ато гардид, ки миллату давлати моро аз он бадбахтӣ раҳонид. Маҳз Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистонро ба истиқлоли ҳақиқӣ расонида, ҷанги бародаркушро хотима бахшиданд.

 

Хушбахтона бо талошу заҳмат, ҷонфидоиву ҷоннисориҳои пайвастаи Сарвари давлат 27 июни соли 1997 Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ байни Ҳукумати Тоҷикистон ва мухолифин имзо гардид ва мардум атрофи як фикру як андеша ҷамъ омаданд. Ваҳдати миллӣ комил гардиду ояндасозӣ замина гузошта шуд. Президенти кишвар бо талоши пайвастагӣ осудагию оромиро дар саросари мамлакат таҳким бахшида, Тоҷикистонро дар ҷаҳон сифати як давлати соҳибистиқлолу пешрафта муаррифӣ намуданд.

 

Соли ҷорӣ истиқлоли бебаҳои моро 30 сол пур мешавад. Тамоми хурду бузурги Ватани маҳбубамон дар фазои озоду ободӣ ифтихор аз он мекунанд, ки 30 сол муқаддам нахустин хиштҳои пойдевори истиқлоли воқеӣ ва давлатдории миллии мо гузошта шуда, аз шарофати мустақилият соҳиби рамзҳои давлатӣ – Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ гардид ва ба сифати як давлати соҳибихтиёр дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф шуд.

 

Аз гуфтаҳои боло бармеояд, ки сулҳу субот ва истиқлоли комил барои миллати тоҷик ба осонӣ ба даст наомада, баҳри таҳкими пурраи он кӯшишҳои шоён ба анҷом расонида шудааст. Ҳамин аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша дар баромаду суханрониҳои хеш истиқлолро бузургтарин ва муқаддастарин дастоварди миллати тоҷик номида, мардумро барои чун гавҳараки чашм ҳифзу нигоҳдории он роҳнамоӣ мекунанд. Воқеан истиқлол барои миллати мо тантанаи адолати таърихӣ ва идомаи силсилаи давлатдории чандинҳазорсолаи ниёгонамон ва пайвастани он ба оини давлатдории навини миллиамон мебошад. Чуноне Пешвои миллат таъкид намудаанд: “Маҳз Истиқлолият ба мо имконияти таърихие фароҳам овард, ки Ватани худро соҳибӣ кунем, давлатдории миллии хешро барпо намоем, суннату арзишҳои миллиамонро эҳё созем, ормонҳои деринаи халқамонро амалӣ гардонем ва зиндагии озодонаи мардумамонро ба роҳ монем”.

 

Албатта, заминаи тамоми рушду пешрафт ва созандагиҳо оромию осудагӣ ба ҳисоб меравад. Ҳамин буд, ки баъди ором гардидани вазъи сиёсии кишвар ва танин андохтани сулҳу оромӣ дар сартосари Ватанамон Пешвои миллат баҳри беҳ намудани сатҳи зиндагии мардум ва боло рафтани иқтисодиёти мамлакат ба сохтмони роҳҳои замонавӣ ва бунёд кардани нақбҳо шурӯъ намуданд. Сохтмони шоҳроҳи “Роҳи абрешим”, бунёди нақбҳои “Анзоб”, “Шаҳристон”, “Шар-шар” ва “Чормағзак”, сохтмонҳои қитъаҳои алоҳидаи роҳҳои мошингарди Душанбе – Хоруғ – Мурғоб, Душанбе – Рашт – Саритош, Душанбе – Хуҷанд – Чанак, Қулма-Қароқурум, роҳи оҳани Қӯрғонтеппа – Кӯлоб аз иқдомҳое буданд, ки боиси пешрафту тараққиёти тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ гардиданд.

 

Воқеан дар даврони солҳои соҳибистиқлолӣ миллати куҳанбунёди тоҷик бо таҷрибаву собиқаи давлату давлатдорӣ марҳалаи тақдирсози расидан ба сулҳу ваҳдати миллиро паси сар кард ва дар шоҳроҳи амалӣ намудани нақшаҳои азими созандагӣ, ки ҳадафашон бо тақдири наслҳои имрӯзаву оянда пайванди мустақим дорад, қадамҳои устувор гузошт. Дар тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ кишвари мо ба таври кайҳонӣ рушд намуда, дастовардҳои он бешумор гардиданд. Дар заминаи ин неъмати воло имрӯзҳо тамоми заминаҳои зарурӣ баҳри амалӣ намудани ҳадафҳои стратегии миллиамон фароҳам оварда шудааст. Маҳз истиқлолу оромӣ ва ваҳдату ҳамдилӣ имкон додааст, ки  даҳҳо лоиҳаи ҳаётан муҳимми саноативу энергетикӣ ва иҷтимоӣ дар кишвар татбиқ карда шаванд.

 

Аз ҳамин нуқтаи назар моро мебояд ба қимати ҷон ин неъмати бебаҳоро ҳифз намоем ва шукрона ба ҷо орем, ки мо соҳиби чунин Ватани ободу зебо ва муаррифшуда дар тамоми ҷаҳон ҳастем. Моро зарур аст, ки бо дилу афкори созанда ба қадри талошу заҳматҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон расида, дар ободонӣ ва боз ҳам пешрафта намудани он заҳмат ба харҷ диҳем.

Орзу МАҶИДОВ,

магистранти Академия

Аксҳо

Похожие записи