ИСТИҚЛОЛ – РАМЗИ ДӮСТИЮ РАФОҚАТ

Ҷамшед Ҷаборзода

Истиқлол дастовардест, ки таъриху тамаддуни халқи тоҷикро аз нав эҳё намуда, онро ба ҷаҳониён муаррифӣ намуд. Бо шарофати истиқлол ва таъсиси давлати навин, халқи тоҷик шоҳиди як қатор чорабиниҳои фарҳангии сатҳи ҷумҳурӣ ва байналмилалӣ гардид. Бо сиёсати хирадмандона ва дурандешонаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои соҳибистиқлолӣ чандин шартномаҳои судманд ва робитаҳои байнидавлатӣ барқарор гардиданд.

 

Мавриди зикр аст, ки халқи тоҷик аз азал бо кишварҳои ҳамҷавори худ робитаҳои дӯстию дипломатӣ ва сайёҳӣ дошта ва ҳеҷ вақт андешаи вайрон шудани муносибатҳоро намехоҳад. Аз рӯзҳои аввалини таъин шудан ба ин вазифаи пурмасъул Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамин мақсаду нияташонро таъкид карда, дар минбарҳои бонуфузи олам низ ин ақидаро муаррифӣ намуда буданд.

 

Саодатмандию пирӯзии ҳар халқу миллат ин доштани истиқлолу муқаддасоти миллӣ, арзишҳову фарҳанги бой буда, ба ин васила шинохти давлату миллаташро метавонад эълон намояд. Маҳз бо ҳамин мақсадҳои созандаву дурандешона имрӯз миллати тоҷик дар сар то сари Тоҷикистон аз файзи истиқлол ва баракати он баҳра бурда, дар фазои тинҷию оромӣ зиндагии шоиста доранд.

 

Бояд гуфт, ки шаҳравандони мо дигар на он миллати парешону сарсон, гурезаю бадаҳшатафтода ҳастанд, балки халқи саодатманду боифтихор, дорои ватани маҳбуб чун биҳишти нозанин буда, дӯстдори ватану президенти сиёсатмадори худ мебошанд. Аз истиқлол мефахранд, аз Президенти муаззами худ мефахранд ва дар бари ин марди хирад чун сипар саф кашидаанд.

 

Таърихи халқи тоҷик боз як марҳилаи комилан нави давлатдории тоҷиконро дар саҳифаҳояш сабт менамояд. Давлате, ки дар муддати кӯтоҳ аз вартаи ҷанги шаҳрвандӣ ба созандагию ободонӣ қадам ниҳод. Бешак имрӯз аз ҳамин давлату миллат, сиёсати дарҳои кушод ва истиқлоли комили кишвари мо дигарон дарси ибрат меомӯзанд. Пас, метавон гуфт, ки истиқлол рамзи дӯстию рафоқат, ҳастии миллату давлат буда, ҳимоя аз он қарзи шаҳрвандии ҳар яки мост.

 

Ҷамшед ҶАБОРЗОДА,

магистранти Академия

Похожие записи

Оставьте нам комментарий