ИСТИҚЛОЛ — РАМЗИ ОЗОДИИ МИЛЛАТ
- Автор apatj
- Категория - Хабарҳои академия
Имрӯз мо шукронаи он мекунем, ки дар мамлакатамон марҳилаи созандагиву бунёдкорӣ ва эҳёи иқтисоди миллӣ, таҳкими истиқлол, амнияти сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангӣ марҳила ба марҳила инкишоф ёфта истодааст.
Истиқлоли давлатӣ барои мо яке аз муқаддастарин ҷашнҳои миллӣ ба шумор рафта, рамзи озодии миллати тоҷик ба шумор меравад. Истиқлол нишони озодӣ, ифтихор, номус, рамзи саодат ва бақои миллати тоҷик буда, Тоҷикистони азизи мо маҳз бо шарофати Истиқлоли давлатии худ ҳамчун узви ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардид ва дар харитаи сиёсии дунё бо ҳама хусусиятҳои давлатдорӣ арзи ҳастӣ намуд.
Имрӯз бо гузашти айём мардуми Тоҷикистон бо тамоми ҳастӣ дарк намудаанд, ки истиқлол муқаддастарин ва азизтарин неъмати дунё, рукни асосии давлати озод, рамзи шарафу номуси ватандорӣ, кафолати хонаи ободу сари баланд ва неруи таконбахши ҳаёти ҳаррӯзаи мо мебошад. Мо бояд дар ин рӯзҳо, яъне дар раванди ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди тамаддунҳо эҳтиёткор бошем ва ба қадри соҳибватаниву соҳибдавлатии хеш бирасем.
Истиқлоли давлатӣ дастоварди муҳимтарини миллат, буда ба мардуми тоҷик барои сохтани давлати воқеан ҳам демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона заминаи воқеӣ гузошта, кафолатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ дода, инчунин ҷиҳатиамалӣ гаштани ормонҳои миллӣ, рушди ҳамаҷонибаи иқтисодиву фарҳангӣ ва илму маориф ба мо сокинони кишвар замина барои зиндагонии воқеан ҳам шоиста шароит фароҳам меоварад.
Ҳамаи ин натиҷаҳо бо ташаббуси сиёсати хирадмандона ва дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, барои дар кишвар пойдор гардидани сулҳу субот, дӯстиву рафоқат, ҳамдилӣ ва ваҳдати миллӣ заҳматҳои зиёд кашидаанд.
Моро зарур аст, то ба қадри ин неъмат бирасему насли наврас ва ҷавононро дар руҳияи ватандӯстиву ифтихори миллӣ, садоқат ба анъанаву суннатҳои таърихиву фарҳангии миллат ва эҳтиром ба арзишҳои умумибашарӣ тарбия намоем. Онҳо бояд шахсони бо маърифат, эҷодкор, номбардори миллат ва давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон бошанд. Тоҷикистонро ҳамчун модари азизи худ дӯст доранд, аз он ифтихор намоянд ва ҳамчун гавҳараки ҷашм ҳифз намоянд. Зеро ҳаёт ва таҷрибаи давлатҳои ҷаҳон нишон медиҳад, дар ҷое, ки ҳамдигарфаҳмӣ, сулҳу осоиш ва ваҳдати миллӣ вуҷуд дошта бошад, тараққиёт, пешравӣ ва маданияти баланду рӯзгори осуда мавҷуд мебошад. Истиқлол нишони барҷастаи пойдории давлат, бақои симои миллат, рамзи адолату мазҳари ормонҳои таърихи шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон аст. Миллати тоҷик танҳо бо роҳи ваҳдат ва меҳнати ҳалол метавонем истиқлоли худро ҳифз намоя ва Ватани худро ободу зебо гардонад. Ин ҳадафҳо танҳо бо воситаи илму дониш, ақлу заковат ва меҳнатдӯстӣ муяссар мегардад . Аз ин рӯ, ҳар яки моро зарур аст, ки ба қадри ин падидаи нодири таърихӣ расем. Зеро истиқлол барои ҳар фарди кишвар бахту саодат, зиндагии осуда ва комёбӣ меоварад. Поянда бод Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон!
НАҶИБУЛЛО РАҲИМЗОДА,
муовини декан оид ба корҳои
тарбиявии факултети дипломатия
ва сиёсати Академия