ИСТИҚЛОЛ – ҶАВҲАРИ БЕНАЗИР

da584015f5a3a1f7c71b924ae03e7813

Яке аз рукнҳои асосии пойдорӣ ва суботи ҷомеаи соҳибистиқлол – ин таъмини сулҳ ва ягонагии сартосарии давлат мебошад. Ноил гардидан ба Истиқлоли давлатӣ аз дастовардҳои беназир ва муқаддастарини халқи тоҷик дар садаи охири ҳазорсолаи гузашта ба ҳисоб меравад. Маҳз дар ҳамин садсола халқи тоҷик бори дигар ҳамчун миллат ташаккул ёфта, дар пояи худшиносию худогоҳии миллӣ дар ҷаҳони муосир ҳамчун давлати тоҷикон шинохта шуд. Пешвои миллат дар ин хусус хело хуб баён доштаанд: “Истиқлолият муқаддастарину азизтарин неъмати дунё, рукни асосии давлати озод, рамзи шарафу номуси ватандорӣ, кафолати хонаи ободу сари баланд ва неруи таконбахшӣ ҳаёти ҳаррӯзаи мо мебошад”.

 

Дар тамоми давраи таърих халқияту миллатҳо барои ҳифз ва гиромӣ доштани ин неъмати бузург бо ҳисси баланди ватандӯстӣ мубориза бурдаанд ва ин ҷараёни озодихоҳӣ то имрӯз дар сатҳи тафаккури миллӣ мавқеи устувор ва тағйирнопазир дорад.

 

Чун ба гузаштаҳои дуру наздик воқеъбинона назар мекунем, “таърихи миллати мо саропо аз муборизаҳои ошкору ниҳон барои нигоҳ доштани ҳастӣ, ойини давлатдорӣ, ҳувияти миллӣ ва арзишҳои фарҳангӣ иборат аст”. Ин суханони арзишманди Пешвои миллат дар баробари ёдоварӣ аз гузаштаи пурифтихор ишораест ба халқи тоҷик ҷиҳати ибрат гирифтан аз аҷдоди миллатдӯсту ватанпарварамон.

 

Дар ин росто, мебояд бо ибратомӯзӣ аз таҷрибаи талхи давлатҳои Ғарбу Шарқ (Украина, Ироқ, Миср, Сурия…) ва талхтарин таҷрибае, ки худ аз ҷанги шаҳрвандии солҳои навадум бардоштем, дар моварои ин бархӯрдҳо зирак бошем ва дӯстро аз душман фарқ карда тавонем. Дар масоили давлатсозиву давлатдорӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ набояд ба умеди касеву чизе шуд, зеро аз лиҳози маънавию сиёсӣ касе бештар аз худи миллати тоҷик манфиатдор нест, ки хонаи умеди мо – Тоҷикистонро обод кунад ва бузургтарин манфиати миллӣ – Истиқлоли давлатиамонро ҳифз намояд. Ин ҷо низ миллати тоҷик ба сифати пуштибон ва сипари боэътимоди худ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дорад.

 

Зимнан, ҷаҳду талошҳои шабонарӯзии Пешвои миллат дар роҳи кам кардани таъсири чунин буҳронҳои фарогири глобалӣ, (ки ҳатто давлатҳои абарқудратро чи аз ҷиҳати сиёсиву амниятӣ ва чи аз ҷиҳати иқтисодиву иҷтимоӣ сахт такон дода истодааст), боис гардид, ки Тоҷикистон дар роҳи дурусти интихобкардааш устуворона қадам занад ва мардуми тоҷик ваҳдати миллӣ ва саодату хушбахтии хешро ҳифз намояд.

 

Шоёни зикр аст, ки дар моварои ҳама шебу фарози роҳи давлатсозии миллӣ нуктаи муҳим эҳёи андешаи миллӣ буд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун шахсияти сарсупурдаи халқу давлат дар баробари анҷоми рисолати бузургу сангини роҳбарӣ ҷиҳати боло бурдани сатҳи огоҳии ҷомеа ва ёдоварӣ аз хизматҳои фарзандони бонангу номуси миллат пайваста талош намуда, зимнан бо омӯзиш ва офаридани асарҳои илмӣ-татқиқотӣ бар рушди илмҳои ҷамъиятӣ дар кишвар мусоидат менамоянд. Тавре худ зикр намудаанд: “Ман ҳар гоҳ дар фурсати муносиб, фориғ аз кори давлатдорӣ ба омӯзиши сарнавишти миллат, зиндагӣ ва осори шахсиятҳои бузурги халқи азизам машғул шуда, китобҳои зиёдеро мутолиа менамоям ва аз сарчашмаҳои гуногун дар бораи таърихи миллатамон маълумот мегирам”. Ин мояи ибрат ва пайравии ҳамаи мо ҷавонон аст.

 

Мирзокарим ҚОСИМЗОДА,

ходими хурди илмии Пажӯҳишгоҳи

идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатии Академия

Похожие записи