ИФТИХОРИ МИЛЛАТ АЗ ВАҲДАТ АСТ
- Автор apatj
- Категория - Хабарҳои академия
Фарҳанги сулҳ беҳтарин неъмат ва волотарин дастоварди миллати тоҷик мебошад, ки рисолати инсондӯстию фарҳангпарвариро дар тӯли асрҳо пуштибонӣ намудааст.
Эмомалӣ Раҳмон
Осмони софу беғубор, зиндагии орому осуда, чеҳраҳои мисли гул шукуфта, сулҳу ягонагӣ, оштию фарзонагӣ, ҳамдилӣ, дӯстию бародарӣ, якдигарфаҳмӣ, ба ҳам омадан, аз як гиребон сар бурун овардан, поктинату миллатдӯст будан — мафҳумҳоеянд, ки зери вожаи “Ваҳдат” нуҳуфтааст.
Оре, Ваҳдат! Ваҳдате, ки ба ҷисми беҷони миллати шӯрбахту парокандаи тоҷик равон ато намуд, ба қалбҳои холӣ аз умед нуру сафо бахшид ва ба китоби сарнавишти тоҷикони дунё саҳифаи наверо ворид сохт, ки дар он танҳо ва танҳо суханҳои барқворе чун “Ман кори худро аз сулҳ оғоз хоҳам кард”, “Ба хонадони ҳар яки шумо сулҳ меорам”, “То як тоҷик берун аз Ватан қарор дорад, ман худро ором ҳис карда наметавонам”медурахшиданд, ки аз забони Сарвари давлат садо доданд.
Ваҳдати миллӣ ҳамчун падидаи нодири даврони соҳибистиқлолии кишвар барои сарҷамъ намудани аҳолии дар ҳоли парокандашавӣ қарордошта нақши босазо гузошт. Тамоми ин муваффақиятҳо бо номи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон алоқаи ногусастанӣ дорад, зеро бо тадбирҳои ин марди хирад миллати тоҷик аз вартаи нестӣ наҷот ёфт. Тавре ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд менамоянд: “Ҳар касе, ки ниҳоле сабзонда бошад, медонад, дарахт соле як маротиба ҳосил медиҳад, аммо ниҳоле низ ҳаст, ки ҳамеша меваи ширин ба бор меорад. Мо меваи ширину сабзонидаамонро чашидем, ҷомеаи мо аз он баҳравар гардид ва мо ҳаргиз роҳ намедиҳем, ки теша ба решаи он расад”.
Оре, он дарахте, ки сарварамон ба сулҳу Ваҳдат ташбеҳ намудааст, имрӯзҳо меваҳои шаҳдборе ба бор оварда истодааст, ки ҳар як фарди тоҷик аз он ком ширин менамояд.
Бале, Ваҳдати миллӣ ин дастоварди хуҷаста барои миллати мост. Рӯзи Ваҳдати миллӣ яке аз ҷашнҳои бузургест, ки ҳамасола дар кишвари маҳбубамон бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил мегардад. Барои пешрафту тараққиёт ва ободии давлату миллат мебояд роҳи сулҳу Ваҳдатро пеш гирифт, зеро ифтихори миллат аз Ваҳдат аст.
Фархунда ҲАЛИМОВА
донишҷӯи факултети идоракунии давлатии Академия