ИШТИРОКИ ГУРӮҲИ ДУХТАРОНИ АКАДЕМИЯ ДАР ФЕСТИВАЛИ ҶУМҲУРИЯВИИ “ҶИЛВАИ РАНГҲО”

1

3 июли соли 2021 дар Муассисаи давлатии фарҳангию фароғатии “Аҳорун” бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон фестивали ҷумҳуриявии “Ҷилваи рангҳо” баргузор гардид.

 

Фестивал дар сатҳи баланд доир гардида, барномаи рангину ҷолиби фарҳангӣ бо дастагули мусиқӣ иборат аз суруду таронаҳои дилангез бо иштироки устодони санъат, ҳунармандони ҷавон ва наврасон пешкаши ҳозирин гардонида шуд.

 

Дар фестивал як гурӯҳ ҷавондухтарони Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолона ширкат варзида, баромад намуданд.

 

Дар фарҷом барои иштироки фаъолонаи ҷавондухтарон ва ҳамкории судманд Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазъияти тантанавӣ бо “Сипоснома”-и Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуд.

Похожие записи