ИШТИРОКИ РЕКТОРИ АКАДЕМИЯ ДАР КЛУБИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МУБОҲИСАВИИ “ДИАЛОГ”

photo_2022-12-23_17-30-19

21 декабри соли 2022 ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Ғафурзода Абдухалил Давлаталӣ дар ҷаласаи Клуби байналмилалии мубоҳисавии “Диалог”, ки аз ҷониби Филиали Академияи хоҷагии халқ ва хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Россия (АХХваХД) дар шаҳри Владимир баргузор гардид, тариқи маҷозӣ иштирок намуд.

 

Дар ҷаласаи Клуби байналмилалии мубоҳисавии “Диалог” директори Филиали АХХваХД дар шаҳри Владимир Картухин В.Ю. иштирокчиёнро хайрамақдан гуфта, бо дастовардҳо ва имкониятҳои шаҳри Владимир ба воситаи видеоролик шинос намуд. Инҷунин дар ҷаласаи мазкур масъалаҳои “Воситаҳои самараноки ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар ҷаҳони муосир” ва “Тадбирҳои пешгирии бар зидди терроризм ва эктремизм” мавриди баррасӣ қарор дода шуда, ҳамчун масъалаҳои асосӣ барои муҳокима миёни иштирокчиёни клуб дар 2023 интихоб гардид.

Дар баробари худ ректори Академия, профессор Ғафурзода А.Д. зимни суханронии худ масъалаҳои зикргардидаро дастгирӣ карда, пешниҳод намуд, ки таҳия ва татбиқи методикаи таълимии муштараки хизматчиёни давлатӣ, коркарди ихтисосҳои нав ва таббодули ҳайати кормандон, омӯзгорон ва таълимгирандагон миёни муассисаҳои аъзои Клуби байналмилалии мубоҳисавии “Диалог” ба роҳ монда шавад.

Бояд қайд намуд ки, Клуби мубоҳисавӣ ҳамчун имконият барои баррасии равандҳои муосири ҷаҳонӣ ва таъсири онҳо ба ҷомеаи ҷаҳонӣ миёни ҷомеаи илмӣ, сиёсатмадорон, иқтисодчиён, соҳибкорон, ходимони ҷамъиятӣ ва намояндагони ВАО-и кишварҳои Осиёи Марказӣ, Росия ва Чин ба ҳисоб меравад.

 

 

Аксҳо

Похожие записи