ИШТИРОКИ РЕКТОРИ АКАДЕМИЯ ДАР ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ИЛМӢ

IMG_8132

Аз 24 то 26 июни соли равон дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия бо ташаббуси Донишкадаи идоракунии Шимолу-Ғарбии Академияи хоҷагии халқ ва хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Россия Форуми байналмилалии илмӣ таҳти унвони “Эътимод ва рушди устувор дар шароити номуайянӣ: мафҳумҳои нави идоракунии давлатӣ дар давраи рақамӣ” баргузор гардид.

 

Дар Форуми мазкур Ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Ғафурзода Абдухалил Давлаталӣ ва ноиби ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ Исматзода Сомон иштирок намуданд.

 

Форуми мазкур бо иштироки зиёда 100 нафар коршиносони варзида аз Федератсияи Россия, кишварҳои ИДМ, Осиё ва Аврупо дар 12 бахш дар мавзӯъҳои гуногунсамт дар мизҳои мудаввар, мубоҳисаҳо ва лексияҳои кушод баромад намуданд.

 

Ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Ғафурзода Абдухалил Давлаталӣ дар бахши 4-ум Форум – “Боварӣ ва шарикии кишварҳо дар доираи ассотсиатсияҳои ҳамгироӣ (Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё, СҲШ, БРИКС, АСЕАН) бо мақсади рушди устувори бисёр қутба” дар мавзӯи “20 соли СҲШ: нақши Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташаккул ва рушди созмон” баромад намуданд.

 

Дар доираи Форуми мазкур мушовараи намояндагони “Шабакаи минтақавии академияҳои ИДМ” баргузор шуд. Зимни мушовара ҳисоботи солонаи “Шабакаи минтақавии академияҳои ИДМ” ироа ва нақшаҳо барои оянда пешбинӣ гардиданд.

 

Бояд зикр намуд, ки чорабинии мазкур барои рушди муколама байни давлат, ҷомеаи тиҷоратӣ ва шаҳрвандон, марказҳои академии Россия ва давлатҳои хориҷӣ оид ба масъалаҳои мубрами идоракунии давлатӣ ҳамчун талаботи дахлнопазири рушди устувор равона гардида буд.

 

Баъд аз анҷоми Форуми байналмилалии илмӣ Ректори Академия Ғафурзода А.Д. бо як қатор роҳбарони муассисаҳои олии Федератсияи Россия мулоқотҳои судманд анҷом доданд.

Похожие записи

Оставьте нам комментарий