ИШТИРОКИ ФАЪОЛИ АКАДЕМИЯ ДАР ФЕСТИВАЛИ ДӮСТИИ ҶАВОНОНУ ВАРЗИШГАРОН

2

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз 22 сентябр то 27 сентябри соли ҷорӣ дуюмин Фестивали дӯстии ҷавонону варзишгарони шаҳри Душанбе таҳти унвони “Зебоӣ, донои ва тавоноӣ аз варзиш аст” бахшида ба 30- солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҳудуди пойтахт баргузор намуд.

 

Дар доираи фестивали мазкур мусобиқаҳо аз рӯйи чор намуди варзиш – шоҳмот, футбол, волейбол ва гӯштии миллӣ дар байни хонандагону донишҷӯёни макотиби миёна, олӣ ва касбӣ давоми 6-рӯз ҷараён гирифт. Ҳамин тавр, дар байни 16 дастаи муассисаҳои таҳсилоти олӣ, 7 муассисаҳои миёнаи касбӣ дар намуди футболи хурд дастаҳои Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сазовори мақоми дуюм гардид.

 

Аз намуди гӯштини миллӣ донишҷӯи курси 2-юми ихтисоси муносибатҳои байналмилалии факултети дипломатия ва сиёсат Назриев Хайрулло Ёқубшоевич дар вазни 70 кг сазовори ҷойи 3-юм гардид.

 

Маросими ҷоизасупории дуюмин Фестивали дӯстии ҷавонону варзишгарони шаҳри Душанбе 27 сентябри соли 2021 дар толори Кохи Сурӯш  бо иштироки муовини раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ, намояндагони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе ва роҳбарони сохторҳои шаҳри Душанбе баргузор гардид.

Похожие записи

Оставьте нам комментарий