Иқдоми хайрхоҳонаи Академияи идоракунии давлатӣ дар пайравӣ ба ташаббуси инсондӯстонаи Пешвои миллат

WhatsApp Image 2020-05-08 at 12.06.41

Барои таъмини кафолати иҷтимоии кормандони соҳаи тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, пешгирӣ ва табобати бемории сироятии COVID-191 майи соли 2020 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дар муддати се моҳ ҷиҳати пардохти иловапулӣ дар ҳаҷми як маоши вазифавӣ ҳармоҳа ба музди меҳнати амалкунандаи кормандони соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ки бевосита дар раванди ташхис ва табобати сирояти COVID-19 дар муассисаҳои табобатӣ ва таҳти карантин қарордодашуда иштирок менамоянд, аз ҳисоби Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 12,4 миллион сомонӣ (дувоздаҳ миллиону чорсад ҳазор сомонӣ) маблағ ҷудо намуданд. Ҳамзамон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маоши вазифавии якмоҳаи худро ба суратҳисоби махсус, ки барои маблағгузории чорабиниҳои пешгирӣ ва мубориза бо пандемияи COVID-19 кушода шудааст, гузарониданд.
Иқдоми навбатии Пешвои миллат аз ҷониби тамоми қишри ҷомеа дастгирӣ ёфт. Роҳбарият ва ҳайати устодони Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ бо пайравӣ аз ин ташаббуси Пешвои миллат ба табибоне, ки шабонарӯзӣ ба хотири беҳдошти солимии ҷомеа дар беморхонаҳои шаҳри Душанбе заҳмат мекашанд, кӯмакҳои моддию молии худро расонида истодаанд. Ин навбат Академияи идоракунии давлатӣ дар доираи аксия таҳти унвони «Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шумоянд, табибониғамхор» иқдоми наҷиберо роҳандозӣ карда, барои пешгирии бемории сироятии COVID-19 аз ҳисоби музди маоши ҳайати устодон ва кормандон Академия ба маблағи беш аз 20 ҳазор сомонӣ, ки аз халатҳои тиббии муҳофизатӣ ва халатҳои оддӣ, равған, орд, бтиринҷ, қанд иборат буд, ба табибони беморхонаи табобатии навбунёди пойтахт барои бемориҳои сироятӣ кӯмак расонида шуд.
Ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доктори илҳмои ҳуқуқшиносӣ, профессор Ғафурзода Абдухалил Давлаталӣ иброз доштанд, ки кормандон ва устодони Академия ҳамавақт барои ғамхориҳои шифокорон самимона миннатдор ҳастанд ва ин дастгирӣ ба хотири рӯҳбаландкунии табибон буд.

  • “Дар муттаҳидиву сарҷамъӣ ин имтиҳони таърихро низ мо сарбаландона паси сар хоҳем кард”-афзуд ӯ.
    Тавре зикр гардид, ташаббуси мазкур дар пайравӣ ба иқдоми инсондӯстонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ шуда, барои таъмини кафолати иҷтимоии кормандони соҳаи тандурустӣ, ки имрӯзҳо ба муолиҷаи беморон машғуланд, саривақтӣ аст. Аз ин иқдоми хайрхоҳона табибон боз ҳам руҳбаланд гашта, барои табобати саривақтии беморон маҳорату малакаи худро равона месозанд.
    Ҷоиз ба қайд аст, ки то инҷониб аз ҷониби Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 5 ҳазор дона ниқоб ва варақаҳои таблиғотӣ дар доираи аксияи “Хона ба хона” ройгон тақсим карда шуд ва ҳамчунин маблағи 5 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирии бемории коронавируси COVID-19 равона гардид.
    Раёсати Академия тасмим гирифтааст, ки чунин иқдоми хайрхоҳонаро дар дигар беморхонаҳои шаҳр низ амалӣ намояд.
Аксҳо

Похожие записи