ИҶЛОСИЯИ XVI ШӮРОИ ОЛӢ – ЗАМИНАГУЗОРИ МАРҲИЛАИ НАВИ ДАВЛАТДОРӢ

Vintage vignitte textured paper background

Барои халқ, ҳукумат ва давлати мо Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти бузурги таърихӣ дорад. Он ҷомеаро аз муқовимати сиёсии фоҷиабор, аз ҷанги таҳмилии бародаркуш, аз оворагиву дарбадарӣ наҷот дод. Асолати таърихии халқамон, яъне одамият, маърифатпарварӣ ва сулҳдӯстиро ба ӯ баргардонд.

Эмомалӣ Раҳмон

 

Дар таърих ҳодиса ва руйдодҳо хеле бисёранд, вале на ҳамаи онҳоро мо ҳамчун рӯйдоди таърихӣ маънидод месозанд. Аз нигоҳи  фалсафаи таърих, агар ба масъала назар кунем, ҳамон рӯйдод ва ҳаводисҳое дар шуури ҷамъиятӣ ҳамчун рӯйдоди таърихӣ арзёбӣ мегарданд, ки онҳо дорои якчанд хусусиятҳо мебошанд. Аз ҷумла, пеш аз ҳама онҳо бояд ба дарки арзишии таърих мусоидат мекунанд.

 

Дар таърихи давлатдории мо Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун рӯйдоди хосси таърихӣ мақом ва мавқеи худро дорад. Гуфтан мумкин аст, ки баргузории Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ ин як омили муҳим дар масъалаи шинохти талошҳои насли даврони ҷанг аст, ки имрӯз тавонистанд ҷомеаи моро ба ин рӯзҳои пурсаодат оварда расонанд.

 

Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ дар марҳилаи бисёр мураккаб, пешгӯйинашаванда, вазъи мушкили сиёсӣ, набудани идеяи ягонаи муттаҳидкунандаи миллат, паст будани сатҳи шуур ва фарҳанги сиёсии ҷомеа, доир гардид. Маҳз натиҷаи талошҳо, кӯшишҳо ва заҳматҳои Пешвои муаззмаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун Раиси Шӯрои Олӣ интихоб шуданд, имруз мо бе ягон муболиға гуфта метавонем, ки тавонистанд ҳамаи мушкилот ва нофаҳмиҳои ҷомеаро бартараф кунанд ва ҷомеаро ба ин рӯзи пурсаодат расонанд.

 

Рӯйдодҳои таърихӣ он рӯйдодҳое ҳастанд, ки оғоз мегузоранд барои марҳилаи минбада. Аз ин нуқтаи назар гуфтан мумкин аст, ки  Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ оғози марҳилаи нави давлатдориро асос гузошт ва то ин вақт низ хусусияти равандҳои сиёсӣ бисёр мураккаб ва созандаву пешгӯйинашаванда буданд. Баъди баргузории иҷлосия аллакай ба худ хусусияти созандагиро касб кардаанд.

 

Ҳамин тавр, гуфтан ҷоиз аст, ки Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таҳкими субот ва осудагӣ дар кишвари азизамон асос гузошта, заминаро барои рушди тамоми соҳаҳои кишвар фароҳам овард.

 

Ҳамза ДАВЛАТОВ,

донишҷӯйи Академия

 

Аксҳо

Похожие записи