БАРГУЗОРИИ МИЗИ МУДАВВАРИ ИЛМӢ – АМАЛӢ ДАР АКАДЕМИЯ

1

Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси кафедраи психология ва сотсиологияи идоракунӣ бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар мавзӯи “Иҷтимоишавии ҷавонон дар шароити ҷомеаи тағйирёбандаи Тоҷикистон” мизи мудаввари илмӣ-амалӣ доир гардид.

 

Дар чорабинӣ сардори раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва корҳои махсуси Академия Қувватзода Сайдулло Зубайд, директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон- доктори илмҳои педагогӣ, профессор Файзализода Ҷумъахон Хол, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон доктори илмҳои сиёсӣ Қиёмиддин Миралиён Абдусалим, Сардори раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе Шоҳзод Абдулфаттоҳ ва ҳайати кафедраҳо, инчунин донишҷӯёну магистрантон иштирок намуданд.

 

Мудири кафедраи психология ва сотсиологияи идоракунии Академияи идоракунии давлатӣ н.и.п. Гуландом Абилзода мизи мудавварро ҳусни оғоз бахшида, ҳадафҳои онро шарҳ дод.

 

Баъдан директори Китобхонаи миллӣ доктори илмҳои педагогӣ, профессор Файзализода Ҷумъахон Хол дар мавзӯи “Оқибатҳои ҷаҳонишавӣ дар хизмати давлатӣ” маъруза намуда, аз ҷумла қайд намуд, ки бо шарофати соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаёти ҷавонони кишвар низ тағйиротҳои куллӣ ба амал омаданд, ки фаъолияти ҷавонон дар баланд бардоштани маърифати сиёсии онҳо, кумаки ҳамаҷониба дар ҳалли мушкилоти иҷтимоиву иқтисодиашон дар қатори масъалаҳои муҳимтарини рӯз гузошта шудааст. Воқеан ҳам, масъалаи зиракии сиёсии ҷавонон яке аз мавзӯъҳои муҳим буда, аз ҳалли дурусти он пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангии ҷомеа вобаста аст. Мавсуф нуқтаи назари ҷомеашинос ва оянданигар (футуролог)-и амрикоӣ Элвин Тоффлерро иброз дошт, ки ҷаҳон ба сӯи як тамаддуни навин равон аст, тамаддуне, ки дар он нақши давлатҳои миллӣ дар сиёсати ҷаҳонӣ ба коҳиш меравад. Назари коршиносро чунин таҳлил намудан дар мувофиқаи ҷомеаи имрӯзаи мо воқеан саривақтист. Яъне имрӯз дар маркази таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат ва Президенти кишвар қарор доштани ҷавонон ҳамчун нерӯи пешбаранда бесабаб набуда, раҳоии ин қишри осебпазир аз таҳдидҳои замони муосир ва наҷоти онҳо аз раванди офатҳои моддиву маънавии ҷаҳони асри ХХI мавриди назар аст.

 

Ҳамзамон, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон-доктори илмҳои сиёсӣ Қиёмиддин Миралиён Абдусалим дар мавзӯи “Омилҳои бавуҷудоварандаи низоъҳои байни халқҳо ва ақаллиятҳо”, суханронӣ намуда, иброз дошт, ки ҷомеа ба ҷавонони солим ниёз дорад ва ин ниёзҳоро тавассути тафаккури солим дар вуҷуди ҷавонон бояд ҷой дод. Ҷавонони солим ва ихтисосманд ивазкунанда ва давомдиҳандаи насли калонсол, неруи воқеии пешрафти давлат ва ояндаи ҷамъияту миллат ба ҳисоб мераванд. Дар ҷомеаи муосир нисбат ба неруи ҷисмонӣ дида, неруи ақливу зеҳнии ҷавонон то ҳадде бартарият пайдо намудааст, ки яке аз омилҳои асосии рушди ҷомеаву давлат ин идеяву назарияҳои нав мебошад. Пешрафти ҷомеаи демократӣ на танҳо аз раванди бомуваффақонаи ислоҳоти иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва фарҳангӣ, инчунин аз сиёсати дурусти давлатии ҷавонон, дастгирии онҳо ва иштироки фаъоли ҷавонон дар корҳои ҷамъиятӣ, идоракунӣ ва умуман ҳаёти иҷтимоӣ вобастагии калон дорад. Ҷавонон гурӯҳи калони иҷтимоӣ-демографӣ буда, нишонаҳои иттиҳоди ҷамъиятиро ба худ касб намуда, сифати иҷтимоӣ-психологӣ, иҷтимоӣ-фарҳангӣ ва дигар хусусиятҳо, аз ҷумла тарзи ҳаётро доро буда, раванди иҷтимоишавиро аз сар мегузаронанд ва дар таносуб бо талаботи замон бояд офаранда ё асосгузори ҳақиқати маданӣ ва ҷамъиятӣ бошанд.

 

Сардори раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе Раҳимзод Шоҳзод Абдулфаттоҳ доир ба масъалаи ҷавонон дар меҳвари давлатдории миллӣ ибрози андеша намуда зикр кард, ки дар тамоми кишварҳои дунё ҷавонон ба сифати як неруи пуриқтидори бунёдкор ва пешбарандаи ҳаёти ҷомеа шинохта шуда, қишри аз нигоҳи идеологию сиёсӣ ҳассосу қобили меҳнати ҷамъиятие маҳсуб мешаванд, ки дар ояндаи наздик раванду тақдири ислоҳоти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, яъне сурату сирати фардои ҷомеаро муайян хоҳанд намуд.

 

Муаллимаи калони кафедраи психология ва сотсиологияи идоракунии Академия Шоира Мирзоева дар мавзӯи “Масъалаҳои иҷтимоигароии ҷавонон дар тағйирёбии ҷомеаи тоҷик” маъруза намуда, вобаста ба иҷтимоишавии ҷавонон дар шароити тағйирёбандаи ҷомеаи тоҷик суханронӣ намуд.

 

Чорабинӣ дар сатҳи баланд сурат гирифта, зимни он вобаста ба масъалаи иҷтимоишавии ҷавонон дар шароити ҷомеаи муосир андешаҳои судманд баён шуданд.

 

Аксҳо

Похожие записи