Мирзоев Парвиз Исроилович
Мудири кафедра
Тел: +992 934637771
Кафедраи ҳуқуқ ва ҳуқуқшиносии муқоисавӣ аз ҷумлаи кафедраҳои факултети дипломатия ва сиёсати Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Кафедраи мазкур моҳи сентябри соли 2019 таъсис шудааст. Кафедраи ҳуқуқ ва ҳуқуқгшиносии муқоисавӣ ба ҳайси предмети омӯзиш соҳаҳои муҳими қонунгузориро аз ҷумла, ҳуқуқи гражданӣ, ҳуқуқи меҳнатӣ, ҳуқуқи иттилоотӣ, ҳуқуқи оилавӣ, назарияи давлат ва ҳуқуқ, ҳуқуқи инсон ва ғайраро ба роҳ мондааст.
Фаъолияти асосии кафедра тарбияи кадрҳои баландихтисоси соҳаи идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ, гузаронидани тадқиқоти илмӣ дар мавзӯҳои гуногуни соҳаи идоракунии давлатӣ, интишори мақолаҳои илмӣ дар самти мазкур, чопи китобҳои дарсӣ, барномаҳои таълимӣ, омода намудани монографияҳо ва диссертасияҳои илмӣ саъй менамояд.
Ҳадафи кафедра таҳия ва истифодаи технологияҳои гуногуни муосири таълим, таъминоти усулҳои муосири ҷараёни таълим буда, барои тайёр кардани мутахассисоне талош меварзад, ки соҳиби донишу малакаи зарурии соҳаи идоракунии давлатӣ, хизмати давлатӣ ва маърифати баланди ҳуқуқианд ва инчунин технологияҳои муосири идоракуниро хуб медонанд. Донишҷӯён ва магистарантон дар ҷараёни таҳсил бояд ба сатҳи баланди фарҳангӣ, донишу малакаи коркард ва қабули қарорҳое, ки фаъолияти самараноки зинаҳои гуногуни мақомоти ҳокимияти давлатиро таъмин месозанд расанд ва ба рушди кадрии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат намоянд.
Вазифаҳои асосии кафедра:
1) омода намудани мутахассисони касбии соҳаи идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ, ҳамзамон дар донишҷӯён ташаккул додани ҳисси масъулиятшиносӣ, соҳибкасбӣ, ҷаҳонбинии муосир, ҳувияти миллӣ, ташаккули фарҳанги нав ва захираи сифатан нави иқтидори кадрӣ барои ҳамаи зинаҳои ҳокимияти давлатӣ;
2) коркарди барномаҳои таълимии мувофиқ ба амалияи муосири асосҳои ҳуқуқии идоракунии давлатӣ, таъмини усулҳои инноватсионӣ дар ҷараёни таълим, таъмини сифати баланди таълим бо дарназардошти дастовардҳои илмӣ ва амалӣ;
3) таҳлил ва омӯзиши низоми қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла қонунҳо ва санандҳои зерқонунии соҳаи низоми идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ ҷиҳати ошкор намудан ва ҳаллу фасли проблемаҳои ҷойдошта ва дар ин замина омода намудани дурнамои тадқиқоти илмӣ-амалӣ;
4) фаъолияти таълимӣ, илмӣ – методӣ ва илмӣ бо мақсади тайёркунии касбӣ, азнавтайёркунӣ ва такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ бо истифода аз дастовардҳои илмии муосир ва амалияи пешқадам анҷом дода мешавад.
Кафедра вазифадор аст, ки дар давраи ҷаҳонишавӣ ва таҳдиди хатарҳои гуногун мутахассисони ҷавон ва хизматчиёни давлатиро то ба дараҷаи инсони бомаърифату комил ва дорои заковати баланди ҷаҳонфаҳмӣ ва фикрронии мустақилона тарбия намояд. Аз ин рӯ, кафедра барои мунтазам васеъ гардидани доираи ҷаҳонбинии донишҷӯён ва хизматчиёни давлатӣ, рушди тафаккуру шуури ҳуқуқӣ — назариявӣ ва баланд бардоштани маърифати онҳо кӯшиш менамояд.
Дар самти кор бо хизматчиёни давлатӣ ва магистрони Академия кафедра аз усулҳои фаъоли таълиму тарбия истифода намуда, масъалаҳои ҳуқуқиеро пешниҳоди онҳо менамояд, ки барои фаъолияти минбаъдаи онҳо дар сатҳи гуногуни мақомоти ҳокимияти давлатӣ зарур мебошанд.
Ҳадафи дигари кафедра тайёр кардани мутахассисони рақобатпазир дар бозори таҳсилоти олии касбӣ мебошад, ки қобилият ва маърифати баланди идоракунӣ ва малакаи коркард ва қабули қарорҳоеро дошта бошанд, ки фаъолияти самараноки мақомоти ҳокимияти давлатиро таъмин намоянд.
Кафедра дар арафаи ташаккулёбӣ қарор дорад. Ҳайати устодону кормандони кафедра аз ҷавонони болаёқату кордон иборат аст.
Кафедраи ҳуқуқ ва ҳуқуқшиносии муқоисавӣ дар асоси нақшаҳои тасдиқшуда фаъолияти таълимӣ, методӣ ва илмии худро сипарӣ намуда истодааст.
Фанҳои таълимӣ:
- Ҳуқуқи иқтисодӣ
- Ҳуқуқи инсон
- Ҳуқуқи оилавӣ
- Ҳуқуқи гражданӣ
- Ҳуқуқи меҳнатӣ
- Ҳуқуқи таъминотӣ ичтимоӣ
- Нарзария давлат ва ҳуқуқ
- Таърихи давлат ва ҳуқуқи Тоҷикистон
- Таърихи ҳуқуқи инсон
- Проблемаи назарияи давлат ва ҳуқуқ
- Ҳуқуқи меҳнати ва гражданӣ
- Ҳуқуқи иттиллотӣ
- Ҳуқуқ